“Соҳибкоре, ки маҳсулоти сифати пастдошта истеҳсол ва ҳамчунин аз хориҷи кишвар чунин маҳсулотро ворид мекунад, бояд дар назди қонун ҷавоб бигӯяд. Вақти он расидааст, ки моликияти чунин соҳибкорон мусодира ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад. Истеҳсолоти чунин шахсон боздошта шуда, воридоти хӯроквории пастсифат аз хориҷи кишвар қатъиян манъ шавад…”
(Чаро дар Тоҷикистон рӯз ба руз сифати хӯрокворӣ пасттар, аммо нарх гаронтар мешавад? (6))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (102)

Дар давраи истиқлолияти ҷумҳурӣ барномаи стратегии озуқаворӣ қабул карда шуд, вале ягон масъул аҳамият намедиҳад. Тоҷикистон ҷаннати рӯи замин гуфта, аз хориҷи кишвар кулли намудҳои маҳсулоти ғайри экологии пур аз элементҳои кимиёвиро ворид намуда истифода карда истодаем. Маҳсулоте, ки ворид намуданд ва ворид карда истодаанд, истеъмоли бисёри он аз ҷиҳати экологӣ номумкин ва ҳатто барои инсон хатарнок аст.
Ҳоло ба ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои воридкунандаи маҳсулоти озуқаворӣ мамлакати Чин ба шумор меравад. Дар ҷумҳурии Чин ҳоло зиёда аз 12 намуди озуқавории талаботи ҳаррӯза, аз элементҳои кимёви тайёр карда мешавад. Аз ҷумла гӯшт, тухм, гурунҷ, карам сирпиёз ва ғайра. Чунин маҳсулотҳоро ба мамлакатҳои камбизоат ба монанди Тоҷикистон, содир мекунанд.
Меваҷоте, ки аз Чин ворид мешавад, пур аз элементҳои кимёвӣ, ба инсон зарароваранда ва олуда аст. Моҳи январи соли 2019 мутахассисони Русия муайян намуданд, ки мандаринҳои кирмкардаро ворид намудаанд. Кирми онро бо чашми оддӣ дидан ва муайян намудан номумкин будааст.
Суоле пайдо мешавад, ки қисми зиёди қаламрави Чин биёбон ва ҳам кӯҳистон аст, чӣ хел ҳудуди 1 миллиарду 460 миллион нафар аҳолиро ба маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин намуда, боз содиркунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ аст?
Ҷавоб: маҳсулоти сифати паст доштаи хӯроквориро содир намуда, барои аҳолии кишвари худ, маҳсулоти хӯроквории баландсифати аз ҷиҳати экологӣ тозаро аз давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ — Шарқӣ, Африқо, Аврупо, Амрикои Ҷанубӣ ва ҳатто аз ИМА, Канада мебиёранд.
Маҳсулоти дигари паст сифат гӯшти моли Ҳиндустон, ҳоҷат ба баён нест ( ҳоло ворид шуда истодааст ё не?).
Аз намуди худи гӯшт маълум аст, ки гӯшти ҳолол аст ва ё гӯшти моли мурда ва ё сифати пасти онро, ҳар як шахси оқил дарк карда метавонад.
Дар бозори “Панҷшанбе“-и шаҳри Хуҷанд хело зиёд истифода мебаранд. Як намуди роҳи истифода барии он, аз гӯшти равғандори моли фарбеҳи маҳаллӣ, равғанашро бо каме гӯшташ ҷудо карда бо гӯшти моли Ҳиндустон, ҳамроҳ намуда фарш мекунанд, аввалан мардуми бечора намедонад, равгандор менамояд, мизоҷон харидори менамоянд.
Сониян дар бозори “Панҷшанбе“, аз ин гӯшт, хеле бо миқдори зиёд шашлики қима карда мефурушанд, ки мардуми камбизоат, мусофирон онро истеъмол мекунанд.
Дар натиҷаи тафтишоти стандарти давлатӣ якчанд намуд, моли сифати паст доштаи ҶИЭ-ро, боздошт ва бо пуррагӣ вориди онро манъ намуданд. Аз Ҷумҳурии Исломии Эрон чанд сол фарши пӯсти мурғро ворид намуда, ба савдо гузоштанд ва дар ошхонаҳо, мантухонаҳо истифода намуданд, ки пур аз холестерин (оташдони касалӣ) аст.
Раиси Кумитаи Давлатии амнияти озуқаворӣ Фарҳод Комилзода, дар гузориши худ қайд менамояд, ки барои эҳтиёти аз озуқавории воридшавандаи хавфнок соли 2018 шӯъбаи лабораторӣ — ташхисӣ, қариб 1 млн ташхис (анализ) ва экспертиза гузаронд. Дар натиҷа маълум шуд, ки истеъмоли бисёри маҳсулоти озуқаворӣ, номумкин аст: “аз ҷумла 22 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 11 тонна маҳсулоти ширӣ, зиёда 57 000 дона тухм, 85 тонна меваю сабзавот, 1,8 тонна намак ва 1,1 тонна равған“.
Пас аз ҷамбасти ташхисҳо бояд шахсҳои воридкунандаро ба ҷавобгари кашида мешуд, на танҳо аз ҶИЭ, балки маҳсулоти хуроквории давлати Чин ва ҳам Ҳиндустонро манъ карда мешуд, вале фасод ғалаба кард…
Нисбати соли 2018, дар соли 2019, ворид намудани маҳсулоти озуқавории сифати пастдошта ба ҷои кам шудан баракс зиёд шуд.
Аз рӯи маълумоти омории иттилоъ додаи директори Агентии “Тоҷикстандарт“ Қудрат Давлатзода, дар соли 2019, 2 313 736 кг маҳсулоти хӯроквории паст сифат ошкор карда шуд. Мувофиқи иттилоъ додаи Қ. Давлатзода, озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти хуроквории Агентӣ “Тоҷикстандарт“, сифати бехатарӣ ва тағмагузорӣ муайян намуд: аз ҷумла 732 298 кг маҳсулоти гӯштӣ, 252 214 кг равғани растанӣ, 22 683 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 513 646 литр нӯшокиҳои ташнашикан, 62 805 кг маҳсулоти қаннодӣ, 139 947 кг намак, 33 853 кг чой, какао, қаҳва, 3349 кг маҳсулоти ширӣ, 3930 кг консерваҳо, 8490 кг қаннодӣ — набот, 1743 кг маҳсулоти макаронӣ, 195 110 кг орди гандум, 206 395 кг меваи хушк, 42 346 дона тухми мурғ, 353 648 дона қандакҳои хитойӣ ва дигар маҳсулотҳо, маҳсулоти хӯроквории ғайри стандартӣ дониста шуд.
Дар солҳои 2020, 2021 ва 2022 ҳам чунин ҳолати хиёнат ба миллат давом дошт. Вале соли 2022 роҳбарияти Кумитаи амнияти озуқаворӣ ва “Госстандарт“ эълон доштанд, ки соҳибкорон худ маҳсулоти ғайристандартӣ ва мӯҳлаташ гузаштаро худ оварда супориданд…
Аз масъулин як хоҳиш дорам, ба ворид намудани, маҳсулотҳои ғайристандартӣ нуқта гузоред!
Ба фикри банда, Соҳибкоре, ки маҳсулоти сифати пастдошта истеҳсол ва ҳамчунин аз хориҷи кишвар чунин маҳсулотро ворид мекунад, бояд дар назди қонун ҷавоб бигӯяд. Вақти он расидааст, ки моликияти чунин соҳибкорон мусодира ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад. Истеҳсолоти чунин шахсон боздошта шуда, воридоти хӯроквории пастсифат аз хориҷи кишвар қатъиян манъ шавад.
Дар сурати дубора ворид намудани, маҳсулоти пастсифати хӯрокворӣ, аз тарафи шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ, дороиашонро бо пуррагӣ аз рӯи қонун мусодира ( конфискатсия ) карда шавад.
Ба ҷои маҳсулоти паст сифати хориҷӣ, дар дохили кишвар шароит фароҳам оварда шавад, то ки соҳаҳои кишоварзӣ рушд кунад. Хоҷагиҳои деҳқониро вазифадор кард, то ки барои чорводорӣ ему хошокро бо нархи арзон (яъне ҷав, сабус ва коҳ) тайёр кунанд, мардуми Тоҷикистон ва махсусан аҳолии шаҳри Хуҷанд ва атрофи он, дар сурати арзон шудани ему хошок, аҳолии вилояти Суғдро ва то қадри имкон аҳолии ҷумҳуриро бо маҳсулоти ширию гӯштӣ таъмин менамоянд.
Идома дорад