Машоҳир

Ёде аз устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба муносибати зодрӯзи он бузургвор

Имрӯз (15 март) зодрӯзи марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аст. Ӯ дар ҳамин рӯз дар соли 1947 дар рустои Оштиёни Тавилдара зода шудааст. Ба муносибати зодрӯзи он марҳум, дӯст дорам хотирае аз ӯ ёдовар бишавам. Матлабе, ки дар пойин овардаам, қисмате аз китоби хотиротам аст:

Соли 1989 буд ва дар манзили устодам, домулло Маъруфҷон дар Тошкант зиндагӣ ва дарс мехондам, ки барои аввалин бор мушарраф ба дидори марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ шудам. Ёдам ҳаст, он вақт пеши домулло “Тафсири Ҷалолайн” мехондем, зимистон буд, марҳуми устод Нурӣ ҳамроҳ бо домулло Абдураҳим (Раҳим Карим), ки он замон имом-хатиби шаҳри Кӯлоб буд ва аз раҳбарони Наҳзати Исломӣ ба шумор мерафт, ба манзили домулло дар Тошкант ташриф оварданд. Агар ҳофизаам иштибоҳ накунад, ташрифи эшон ба хотири ҳузур дар анҷумани Ҳизби Наҳзати Исломии Ӯзбекистон буд, ки тоза таъсис шуда буд. Устод Нурӣ аввал дар манзили Абдуллоҳ Ӯта — аз руҳониҳои машҳури Ӯзбекистон, ки баъдҳо тавассути режими Каримов зиндонӣ шуд ва дар зиндон куштандаш – меҳмон буданд ва аз онҷо ба хонаи домулло ташриф оварданд.

Вақте ташриф оварданд, домулло аввал маро муаррифӣ карданд, сипас аз устод хоҳиш карданд, ки агар ҳавсала дошта бошанд, дарси навбатӣ аз тафсирро бароям тадрис кунанд. Устод пазируфтанд. Сураи Бақара буд. Миқдоре хондам ва эшон бароям тавзеҳ доданд. Равшан буд, ки донишманди вориде ҳастанд. Бо як ҳавсалаи тамом, дарсро бароям тавзеҳ фармуданд. Аз хотирам намеравад, дар девори меҳмонхонаи домулло аксе аз Тоҷмаҳал дар Ҳинд насб буд. Устод Нурӣ ба тафсил таърихчаи чигунагии бинои ин оромгоҳро – ки яке аз аҷоиби ҳафтгонаи дунё ба шумор меравад – барои ман ва домулло Абдурраҳим баён ва ин ки ин оромгоҳ ба дастури Шоҳиҷаҳон, панҷумин подшоҳи гурконӣ аз авлоди Темур ба хотири ҳамсараш Арҷмандбону ва ба дасти устоҳое аз Фарорӯд ва ба хусус аз Самарқанд ва Исфаҳони Эрон сохта шуда будааст, тавзеҳ доданд. Устоди шодравон донишманди огоҳе буданд, Худо раҳматашон кунад!

Он замон, дар шаҳри Душанбе тазоҳурот ва роҳпаймоиҳо ҷараён дошт. Устод Нурӣ ва домулло Абдурраҳим, аз Тошкант ба Душанбе рафтанд. Албатта, Наҳзати Исломӣ ҳанӯз ҳузуре ба он сурат дар он тазоҳурот надошт. Ман, ки он замон дар авҷи ҷавонӣ (20-солагӣ) қарор доштам, мисли соири ҷавонон дар ин синну сол, ки бо ҳамоса ва пуршӯр ҳастанд, дӯст доштам ба Душанбе равам ва дар ин тазоҳурот ширкат кунам. Ин роҳпаймоиҳо – ки арз кардам, Наҳзати Исломӣ ҳанӯз дар он ҳузур надошт – аз сӯи ҷунбиши “Растохез” ба раҳбарии марҳум Тоҳири Абдуҷаббор ва Ҳизби демократ, ки раҳбараш Шодмон Юсуф буд ва низ чеҳраҳои шохиси он даврон идора ва мудирият мешуд.

Холӣ аз фоида нест дар хотироти худ ёдовар шавам, ки барои ҷавонони он даврони Тоҷикистон, аз ҷумла худам, чанд чеҳра улгу ва сармашқ ва ба истилоҳ, идеал ба шумор мерафтанд. Дар ҷомеаи он замон фақат сухан аз онҳо буд, донишҷӯён танҳо сухан аз онҳо мегуфтанд. Ин чеҳраҳо иборат буданд аз: Тоҳири Абдуҷаббор, Қозӣ Акбар Тӯраҷонзода, Шодмон Юсуф, Мирбобо Мирраҳим, Додоҷон Атовуллоев, эшони Қиёмуддин, Мақсуд Икромов (шаҳрдори Душанбе), Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, домулло Саъдуддин, Бозор Собир ва ғайра, ки албатта афроди мазкур беш аз дигарон сари забонҳо буданд ва идеали ҷавонони он даврон маҳсуб мешуданд. (Ин ки ин афрод баъдҳо чӣ сарнавиште доштанд, коре надорам, ман аз он солҳо мегӯям. Ин чеҳраҳо дар он солҳо улгуи ҷавонон буданд. Баъд чӣ сарнавиште доштанд ва алъон дар кадом ҳолатанд, коре надорам.) Суханони Тоҳир Абдуҷаббор дар порлумон – ки эшон узви он буд – ҳаргиз ёдам намеравад, ба он забони шево ва ширинаш, ки мухолифонаш намеписандиданд; мегуфтанд, эшон “тоҷикӣ гап намезанад”. Ҷаласоти порлумон низ мураттаб аз телевизион пахш мешуд.

Лозим аст дар хотиротам инҳоро ёдовар шавам. Рӯзномаи “Чароғи рӯз” бисёр машҳур буд. Барои хариди он, мардум ва бахусус донишҷӯён, субҳи барвақт ба дӯконҳо меомаданд, ки навбатҳои тӯлонӣ дошт ва дар ҳамон субҳ зарфи яке-ду соат тамом мешуд. Рӯзноманигорон ва хабарнигорони “Чароғи рӯз”-ро ҳама дар кишвар мешинохтанд, аз Салими Аюбзод ва Соҷидаи Мирзо бигир то Мирзои Салимпур ва Абдуқаюми Қаюмзод ва дигарон. Инҳо улгуи ҷавонони он даврон ба шумор мерафтанд. Шояд боваратон нашавад, ёддоштҳои сардабири ин рӯзнома, Додоҷон Атовуллоев, чароғи роҳнамо дар он замон буд. Ин муболиға нест, як воқеият аст. Ӯ матлабе менавишт ва он матлаб ба “сухани ҳафта”-и он айём табдил мешуд, на танҳо миёни ҷавонон, балки дар васати сиёсатмадорон ва аъзои порлумон.

Зодрӯзи устод Сайид Абдуллоҳои Нурӣ гиромӣ бошад! Ин муносибати фархундаро барои наздикоанш ба хусус фарзанди барӯмандаш қорӣ Муҳаммадҷон табрик мегӯям.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Рубрики:Машоҳир

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s