Дидгоҳ

Нагӯед, ки кишвари мо аграрӣ–саноатӣ аст, мо давлати муҳоҷирӣ-агросаноатӣ ҳастем

“Нагӯед, ки кишвари мо аграрӣ – саноатӣ. Аграрӣ дар ҳамон вақт мегӯянд, ки агар аҳолии худро бо маҳсулоти аграрӣ (кишоварзӣ) таъмин карда тавонад ва ба хориҷи кишвар маҳсулоти кишоварзиро содир намояд… Даромади асосии мо аз ҳисоби пули муҳоҷирон аст…”

(Чаро дар Тоҷикистон рӯз ба руз сифати хӯрокворӣ пасттар, аммо нарх гаронтар мешавад? (8))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (104)

Дар интиҳо ба масъулин муроҷиат менамоям, аз ҳадафи сеюуми стратегии озуқаворӣ даст ба кор бигиред. Пас нагӯед, ки кишвари мо аграрӣ – саноатӣ. Аграрӣ дар ҳамон вақт мегӯянд, ки агар аҳолии худро бо маҳсулоти аграрӣ (кишоварзӣ) таъмин карда тавонад ва ба хориҷи кишвар маҳсулоти кишоварзиро содир намояд.

Дар боло зикр карда будам ва боз такрор менамоям, ҳиссаи маҳсулоти кишоварзӣ дар ММД-и Тоҷикистон дар айни замон 17%-ро ташкил менамояд.

Аз ин лиҳоз давлати мо давлати аграрӣ — саноатӣ набуда, балки муҳоҷирӣ — агросаноатӣ аст! Чаро?

Даромади асосӣ аз ҳисоби пули муҳоҷирон аст. Дар соли 2019 танҳо аз Русия қариб 2,7 млрд доллар, агар аз давлатҳои Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Белорусия, Иттиҳоди Аврупо ва Қатар боз 1 млрд доллари дигар ворид шуда бошад, ҳамагӣ дар соли 2019 аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ қариб 4 млрд доллар ба ҷумҳурӣ пул ворид шуд, ки ин қариб 1,5 баробари буҷаи солона аст.

Дар солҳои 2013 — 2014 танҳо аз як худи Русия зиёда 4 миллиард доллари амрикоӣ ворид шуда буд.

Бо вуҷуди он, аз рӯи маълумоти оморӣ давлатӣ 33 — 35 % — и аҳолии ҷумҳурӣ камбизоат буда аз 400 с. то 700 сомонӣ моҳона мегиранд. Дар як оила як нафар кор мекунад, 4 — 5 нафар хуранда доранд, онҳо чи хел зиндагони кунанд?

Омори рӯзҳои охир нишон дода истодааст, ки бо суръат боло равии арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ давом дорад.

Он шахсоне, ки меваи истиқлолиятро макида истодаанду шириниаш аз даҳонашон намеравад ва аз истиқлолият сухан мекунанд, ба истиқлолият зид буданд ва ё ҳеҷ рабте, саҳме надоштанд. Агар саҳме дошта бошанд, марҳамат исбот намоянд.

Муборизони истиқлолиятро, бо танк, вертолёту самолётҳои Ӯзбекистон тирборон карданд, то ки ҷон ба саломат баранд, ба Афғонистон ва ҷумҳуриҳои муштарокулманофеъ ҳиҷрат намуданд.

Ҳоло, қисме аз он муборизон, дар ҳиҷрати паёмбари ( ҳиҷрати дуюм ) қарор доранд. Муассисони роҳи ҳақ, бо роҳҳои гуногун кушта шуданд, қисмеро бо солҳои тӯлони ва ҳукми абад зиндонӣ намуданд…

Соли 1991, истиқлолияти кишвар ба осони ба даст наомадааст талафоти молӣ ва ҷониро аз додааст… Вале дар охир ҳама ҷумҳуриҳо соҳибистиқлолияти худро эълон кард. Ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ҷудо шуда рафт, мо худ танҳо мондем?!

Исботи он, мо истиқлолиятро аз ҳама оқиб ҷашн мегирем ва пули ҳамон вақта ба ҷумҳурии мо ворид шуд, ки ин ҳам ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва ҳам ба ҳаёт ва фаолияти зиндагии мардуми мо зарбаи сахт расонд.

Аҳолӣ, бо умеди ояндаи нек пасандоз ва дороии худро бо » Амонатбонк » супорид, то ҳол пули худро гирифта наметавонад. Русия ва дигар ҷумҳуриҳо, пурра боз пас гардонд…

Барои таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ, якчанд пешниҳодҳо дорам:

— якум, ба хоҷагиҳои деҳқонии майдаи пахтакорӣ, дар интихоби кишти соҳаҳои кишоварзӣ озодӣ дода шавад;

— дуюм, ҳукумати ҷумҳурӣ, воридоти ғалла, равған ва шакарро аз боҷи гумрукӣ ва андоз озод намояд;

— сеюм, ба барномаи дарозмуддати кишоварзӣ, интиқоли оби дарёи Зарафшон ба ноҳияи Деваштич дохил карда шавад;

— чорум, муваққатан ба аҳолӣ иҷозат дода шавад, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобида, шурхокшуда ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ, заминҳои нав кушода, ( яъне дар шароити имрӯза обро бо қубурҳои пластикӣ аз якҷо ба ҷои дигар бурдан мушкилие надорад), кишти галладонагӣ ва дигар зироатҳои талаботи ҳарруза даст ба кор гиранд;

— панҷум, масъулин, олимони соҳаи кишоварзӣ, оиди лоиҳаҳои нави кишоварзӣ, дар водии Вахш, минтақаҳои Кӯлоб, Қаротегин ва вилояти Суғд даст ба кор гиранд. Масалан лоиҳаи интиқоли оби дарёи Зарафшон ба дашти Қизили, бо воситаи насосҳои калонҳаҷм кашидани об аз баҳри Тоҷик ( обамбори Қайроққум ) ба дашти Сомғору Ашт;

— шашум, озод кардани хоҷагиҳои деҳқонии ғаллакорӣ, дар тӯли 5-6 сол, аз боҷи гумрукӣ ва андоз;

— ҳафтум, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, барои истифодаи агротехникаи замонавӣ ва технологияи нав, киштгардон намудани заминҳои кишти пахта, тоза кардани заҳбурҳо, пешгири намудан аз эрозияи обӣ ва шурхокшавӣ, аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ кӯмаки молӣ расонда шавад;

— ҳаштум, ҳукумат хоҷагиҳои деҳқониро бо техникаҳои муосири кишоварзӣ, поруҳои маҳаллӣ, минералӣ ва бо об сари вақт таъмин намояд;

— нуҳӯм, ба Академияи илмҳои кишоварзӣ супориш дода шавад, ки оиди навъҳои серҳосили тухмии зироатҳои ғалладонагӣ ( гандум, ҷав, ҷуворимакка ва шолӣ ) даст ба кор гиранд;

— даҳӯм, ҳукумати тоза интихоб, агар хоҳад, ки аҳолии Тоҷикистон бо орду ғалла, маҳсулоти он ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ таъмин бошад, бояд, дар се соли оянда, пай дар пай аз ҳисоби замини пахта, аз 20 то 30 % — и кишти ғалладонагиро зиёд намуда, замини кишти пахта то 100 000 гектар поён фароварда шавад;

— ёздаҳӯм, ба ҳукумати вилояти Суғд, тавсия дода мешавад, ки оиди интиқоли оби дарёи Зарафшон ба ноҳияи Деваштич ва барои аз худ намудани заминҳои бекорхобидаи дашти Сомғору Ашт даст ба кор гиранд;

— дувоздаҳӯм, барои таъмин намудани аҳолии шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе, бо маҳсулоти ширию гӯштӣ, дар ноҳияи Б. Ғафуров як фермаи ширию гӯштӣ, то 500 — 600 сар чорвои моли калони шохдор ва дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва Ваҳдат дар ҳар як ноҳия фермаи моли калони шохдор, аз 500 то 1000 сар модаговҳо ташкил карда шавад;

— сездаҳӯм, вақте расидааст, ки аз суханпардозӣ ба амал гузарем, яъне, қарзҳои дастрас барои дастгирии кишоварзон бо арзиши 0% васеъ ба роҳ монда шавад, то ки аҳолӣ бо маҳсулоти тозаи экологӣ таъмин карда шавад;

— чордаҳӯм то таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории дохилӣ, воридоти ғалла, равған ва шакар кумаки молӣ расонда шавад;

— понздаҳӯм вақте, ки 20 — 30% замини кишти ғалладонагӣ зиёд карда мешавад,заминҳоро киштгардон намуда, ба дигар зироатҳои ба чорводорӣ зарури иваз карда шавад;

— шонздаҳум муваққатан кишти ғалладонагӣ ва барои заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ, арзиши пардохти барқ арзон ва бо об таъмин карда шавад.

Дар сурати амалӣ намудани ин пешниҳодҳо, аз тарафи масъулини давлатӣ, маҳсулоти кишоварзии аввалия барои таъмини аҳолӣ то 30 — 50% арзон мешавад.

Марҳамат, интихоб намоед, роҳҳалли озуқавориро!

Муҳтарам масъулин! Ин пешниҳодҳоро дар хоҷагиҳои вилояти Суғд, таҷриба гузаронед, дар сурати натиҷа додан, пас дар тамоми ҷумҳурӣ даст ба кор мегиред.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s