Дар ҳошияи тазоҳуроти тоҷикони муқими Аврупо дар майдони Бундестаги Берлин дар таърихи 25 марти 2023 дар эътироз ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Амрико ва Аврупо, Салим Султонзода, узви Анҷумани Озодандешони Тоҷик, гуфтугӯи кӯтоҳе дошт бо Алим Шерзамонов, муовини раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ).
Муовини раҳбари ПМТ дар ин гуфтугӯ бо баёни ин ки бо талоши Паймони Миллӣ «сафари Раҳмон ба Олмон лағв шуд ва иншоаллоҳ Худо хоҳад сафараш ба Англистонро низ лағв хоҳем кард» гуфт: «Маҳз талошҳои мост, ки имрӯз Раҳмонов тақрибан таҳрим шудааст ва ба ҷуз Ню-Йорк ба ҷои дигар нарафт ва ҳатто дар ҳамон Ню-Йорк ягон вохӯрии расмӣ бо мақомот надошт, ки ин ҳам натиҷаи паёмҳо ва пофишориҳои мост.»

Машрӯҳи гуфтугӯ бо Алим Шерзамонов ба шарҳи зерин аст:
Султонзода: Паймони Миллии Тоҷикистон дар ин гирдиҳамоӣ бо кадом мақсад омад? Ва чӣ талабҳое аз Олмон ва мақомоти Аврупо дорад?
Алим Шерзамонов: Паймони Миллии Тоҷикистон ҳамчун як ниҳод (бо мардум) шарик шуд; ин тазоҳуротро мардуми тоҷик аз ҳамон рӯзе, ки шуниданд Раҳмоновро дар инҷо мизбонӣ хоҳанд кард, мардуми тоҷик нигарон шуданд ва нахостанд, ки Раҳмонов дар кишварҳои озод биёяд ва аз ин барои худ таблиғот кунад. (Мо намехоҳем, ки) Раҳмонов аз ин сафари худ дар телевизионҳои Тоҷикистон таблиғот кунад; яъне биёяду бигӯяд, ки ҳамон саркӯбе, ки ман дар Тоҷикистон мекунам, дар ҳамон Аврупое, ки шумо дар онҷо паноҳанда мешавед ва мехоҳад ҳамон системаро дар Тоҷикистон ҷорӣ карданӣ ҳастед, ҳамон система маро ҷонибдорӣ мекунанд.
Ин боиси нигаронии тамоми Тоҷикистон ва тоҷикони паноҳанда буд. Мардум хостанд, ки ин эътирози худро ба мақомоти Олмон ва тамоми Аврупо расонанд ва мо низ бо ин хостаи мардум шарик шудем ва омадем бо мардум як тазоҳуроти дастаҷамъӣ (оғоз кардем). Ва то ҷое, ки дарак дорем (огоҳӣ дорем), сафари Раҳмонов ба Олмон лағв шудааст. Иншоаллоҳ Худо хоҳад, сафараш ба Англистонро низ лағв хоҳем кард.
Султонзода: Ин суолро барои он медиҳам, ки шумо худ зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастед. Шумо оё гуфта метавонед, ки ҳамин рӯзҳо вазъи Бадахшон чӣ гуна аст? Чун ҳукумати Тоҷикистон алалхусус мақомоти вилояти Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ (ҷавве эҷод кардаанд, ки гӯё) ҳаёт тағйир ёфтааст ва хеле корҳо пешравӣ шуда истодааст. Шумо ба унвони зодаи вилояти Бадахшон (ва коршиноси ин минтақа) назаратон дар бораи вазъияти Бадахшон чист? Вазъият дар ин минтақа чӣ гуна аст?
Алим Шерзамонов: Хуб, ҳанӯз генотсид (наслкушӣ)-и мардуми Помир — чигунае, ки мо дида истодаем — идома дорад. Он қатлу кушторе, ки дар Хоруғ ва Рӯшон анҷом доданд, наслкушӣ гуфта намешуд агар ин қадамҳои минбаъда намебуд. Ҳол дар қаламрави Бадахшон сухан гуфтан ба забони маҳаллӣ мамнӯъ эълом шудааст. Ҳатто дар қаҳвахонаю дигар амокини ҷамъиятӣ, забони маҳаллӣ мамнӯъ эълон шудааст ва (мардум) фақат дар хона ҳаққи сӯҳбат ба забони маҳаллӣ доранд.
Дар тӯли ҳазорон соли мусалмонии мардуми Бадахшон, масҷид ва маҳалли иҷтимоъи мардум ҳамон хонаи бадахшониамон буд ва дар хона ҷамоъат намоз мехондем, аммо имрӯз ҳатто дар хона ҳам намоз хондан мамнӯъ эълон шудааст ва барои ин чанд нафарро ҷарима карданд, ки (чаро) дар хонаашон намози ҷамоъат барпо карданд! Ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷамъӣ ҳамчун Фейсбук, намояндагони пропагандаи давлатӣ, исрор доранд, ки калимаи Помир фаромӯш шавад ва ба ҷои он, Бадахшон ҷойгузин бишавад. Ин худаш поксозии қавӣ аст ва мехоҳанд, ки вижагиҳои помириро аз бай бибаранд. Ва инҳо дар пайи қатли омм дар Хоруғ ва Рӯшон аст. Ин нишон медиҳад, ки дар ин минтақа поксозии қавӣ дар ҷараён аст.
Султонзода: Ман бовар дорам, ки шумо ба унвони як ниҳоди сиёсӣ, дар ин бора Иттиҳодияи Аврупоро дар ҷараён гузоштаед, ки вазъ дар Тоҷикистон ва Бадахшон чӣ гуна аст?
Алим Шерзамонов: Бале, мо чандин нишастҳо доштем; дар сатҳи давлатӣ ва ғайридавлатӣ, чӣ амрикоӣ ва чӣ аврупоӣ ва тамоми паёмҳо ва мушкилоте, ки имрӯз мардуми тоҷик ба он даст ба гиребон ҳастанд, ба инҳо расондаем.
Маҳз ҳамин паёмҳои мост, ки имрӯз Раҳмонов тақрибан таҳрим шудааст ва ба ҷуз Ню-Йорк ба ҷои дигар нарафт ва ҳатто дар ҳамон Ню-Йорк ягон вохӯрии расмӣ бо мақомот надошт, ки ин ҳам натиҷаи ҳамин паёмҳо ва пофишориҳои мост.
Султонзода: Дар поён, ҳамчун як тоҷикистонӣ агар ягон сухане бо мардум доред бифармоед.
Алим Шерзамонов: Мардум қадам ба қадам бояд он тарсу ҳаросе, ки дар ниҳоде онҳо ҷойгир карданд, бояд берун биёянд. Ва ба ҳамаи он афсонаҳое, ки мегӯянд гӯё ба тамоми телефонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шумо дастрасӣ доранд бовар накунанд. Инҳо мехоҳанд мардумро битарсонанд ва мардумро аз ба ҳамойӣ ва ҷамъ шудан ҳарос дошта бошанд. Мардум бояд ин тарсу ҳаросро бишканем ва иҷоза надиҳем, ки миллат рӯҳафтода шаванд ва рӯ ба гурез аз Тоҷикистон ва рӯ ба гурез ба даруни худ дар дохили Тоҷикистон наёваранд.
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Гуфтугӯ, Сиёсат