Ахбори Анҷуман

Гирдиҳамоӣ дар Берлин бо дархости озодии Абдуллоҳи Шамсиддин

Ҷамъе аз фаъолони сиёсии тоҷик дар Аврупо ҳамроҳ бо фаъолони олмонӣ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин, пойтахти Олмон таҷаммӯъи эътирозӣ барпо карданд. Онҳо аз мақомоти Тоҷикистон талаб намуданд Абдуллоҳи Шамсиддин озод карда шавад.

Ба гузориши Паём, беш аз 20 нафар фаъолони тоҷику олмонӣ зуҳри имрӯз, 24 март дар назди сафорати Тоҷикистон дар Олмон ҷамъ омаданд ва бо шиорҳое мисли «Озодӣ ба Абдуллоҳи Шамсиддин» ва «Раҳмонов диктатор» сар доданд. Байни тазоҳургарон падари Абдуллоҳ — Шамсиддини Саид низ ҳузур дошт.

Баъди шиорпартоии мӯътаризон се нафар аз кормандони сафорати Тоҷикистон ба кӯча баромада лаҳзае чанд онҳоро тамошо карданд, аммо ҳеҷ вокунише аз онҳо дида нашуд.

Баъди соате таҷаммӯъ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Олмон, мӯътаризон назди бинои вазорати корҳои хориҷаи Олмон рафтанд ва ҳоло онҷо тазоҳурот идома дорад.

Мухолифон ва фаъолони сиёсии муқими Аврупо барои фардо тазоуҳроти дигар дар назди Бундестаг эълон кардаанд, ки қарор аст дар эътироз ба сафари Раҳмон ба Аврупо баргузор шавад.

Қаблан ҳам чанд маротиба бо талаби озодии Абдуллоҳи Шамсиддин баргузор шуда буд, аммо бори аввал аст, ки ин таҷаммӯъи эътирозӣ дар Берлин ва назди сафорати Тоҷикистон баргузор мешавад. Қаблан тазоҳурот асосан дар шаҳрҳои Дюсселдорф ва Дортмунди Олмон ва назди мақомоти муҳоҷирати ин кишвар барпо шуда буд.

Тазоҳурот дар назди Вазорати корҳои хориҷии Олмон

Ҳамчунин бино ба гузориши ин сайт, дар назди Вазорати корҳои хориҷаи Олмон низ, бо ҳузури даҳҳо нафар фаъолони сиёсии мухолифи давлати Эмомалӣ Раҳмон тазоҳурот шурӯъ шуд. Дар тазоҳурот раҳбарияти Паймони миллии Тоҷикистон, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ ва Алим Шерзамонов, муовини аввали ӯ ширкт доранд.

Ин тазоҳурот дар эътироз ба сафари Раҳмон ба Аврупо роҳандозӣ шудааст. Фаъолони сиёсӣ аз ҳукуматҳои кишварҳои Аврупо, ба хусус Олмон талаб доранд бо пазируфтани диктатори тоҷик дар кишварҳояшон ба ӯ машрӯъият надиҳанд.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, масъули равобити хориҷаи Паймони миллии Тоҷикистон, ки дар ин тазоҳурот суханронӣ кард, гуфт: “Мо инҷо гирдиҳам омадаем, то эътироз ва нигаронии худро дар бораи сафари раисҷумҳур Тоҷикистон ба Олмон ва кишварҳои ғарбб ба гӯши мақомоти олмонӣ ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ бирасонем”. 

Ӯ гуфт, дар ҳоле, ки ҳама диктаторҳо яксонанд ва “миллати худро саркӯб мекунанд ва аз сарвати миллат ба нафъи худ ва хонаводаи худ истифода мекунанд ва мухолифони сиёсии худро саркӯб мекунанд” аз рӯи адолат нест, ки “кишварҳои ғарбӣ бархе диктаторҳоро таҳрим мекунанд ва дар айни ҳол аз диктаторҳои дигар истиқбол менамоянд”.

Ба гуфтаи Файзраҳмонов, “миёни кишварҳои пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, ин Тоҷикистон аст, ки тӯлонитарин муддати зиндонро ба мухолифони сиёсии худ медиҳад. То соли 2015 танҳо ду тан аз зиндонёни сиёсӣ ба ҳабси абад маҳкум шуда буданд, аммо акнун пас аз саркӯби Бадахшон, ҳудуди 10 тан ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Садҳо зиндонии сиёсӣ аз 15 то 28 сол ҳукм гирифтанд”. 

Масъули равобити хориҷаи ПМТ суол гузошт, ки “соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон ҲНИТ-ро саркӯб кард, аммо дар соли 2022 мардуми Бадахшонро шадидан саркӯб кард. Ҳарчанд, Иттиҳодияи Аврупо бо нашри як қатънома саркӯби мардуми Бадахшонро шадидан маҳкум кардааст, оё имрӯз кишварҳои ғарбӣ ин саркӯбгариҳоро фаромӯш кардаанд?

Ӯ ҳамчунин ба масъалаи Абдуллоҳи Шамсуддин пардохт ва гуфт: “Олмон бо вуҷуди нигаронии созмонҳои байналмилалӣ ва мудофеъони ҳуқуқи башар аз хатари шиканҷа ва зиндонӣ шудан дар Тоҷикистон, Абдуллоҳи Шамсуддинро аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд. Бо гузаштани ду моҳ аз ихроҷаш, то ҳол ҳукумати Тоҷикистон дар куҷо будани ӯро намегӯяд. Ин як раванди хеле хатарнок аст, ки як кишвари демократӣ ба мисли Олмон бо як ҳукумати диктатурие мисли Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад ва фаъолони сиёсии тоҷикро ба Тоҷикистон мефиристад, ҳамон коре ки то кунун Русия анҷом додааст”.

Файзраҳмонов таъкид кард вақти он расидааст, ки ҳукумати Олмон сиёсати худро нисбати мухолифони сиёсии тоҷик ва паноҳандагони сиёсӣ тағйир диҳад ва кишварҳои ғарбӣ аз тақсими диктаторҳо ба неку бад даст кашанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s