Машоҳир

Зиндониёни сиёсӣ бояд ёд шаванд!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯз (16 апрел) зодрӯзи як инсони озода, азиз ва сарбаланд, зиндонии сиёсӣ, бону Улфатхоним Мамадшоева аст. Ба ин муносибат, ӯро табрик мегӯям. Улфатхоним воқеан мояи ифтихор аст ва месазад ҳар тоҷикистонӣ аз ин ки ҳаммиҳани ин бонуи шуҷоъ аст, биболад.

Як нукта ҳаст, ки ба муносибати зодрӯзи ин бонуи шуҷоъ, лозим аст ёдовар бишавам.

Ва он ин ки: дирӯз ёддоште дидам аз яке дӯстон, ки кори Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС)-ро мабнӣ бар ихтисоси ҳафтае барои як зиндонии сиёсӣ, шадидан ба боди интиқод гирифта ва ҳарфҳои бисёр норавое зада ва чанд нафар ҳам сухани ӯро таъйид ва дастгирӣ кардаанд. Ба назари ӯ, ин кори Кумита боис мешудааст нисбат ба он зиндонӣ ҳассосият бештар ва фишор бар ӯ афзуда гардад ва аз ин рӯ, ба эътиқоди ин одам ва ҳамандешонаш, ин кор бефоида аст ва суде надорад, ки ҳеч, балки дорои зарар аст ва бояд аз он даст бардошт.

Бо камоли эҳтиром ба ӯ, вале ҳарфаш ғалат андар ғалат аст! Ин чӣ мантиқ аст, ки бигӯем, чун ба зиндониёни сиёсӣ фишор нашавад, ёде аз онҳо накунем?! Ин чӣ ҳарф ва ин чӣ мантиқи бемантиқ аст?!

Воқеан, ҳарфе бепоятар ва бемантиқтар аз ин қобили тасаввур нест! Ин дуруст мисли он кор аст – ки мутаассифона, фарзандон ва наздикони бисёре аз зиндониёни мо фиреби онро хӯрдаанд – ки вақте болои яке аз фаъолон фишор ояд, ҳукуматиҳо ба хонадони ин фаъол мегӯянд, мабодо ҳарфе назан, сокит нишин, чизе ба расонаҳо магӯ, мо иншоаллоҳ корашро дуруст хоҳем кард! Он вақт, ин бечора ба ҳарфи ин ҳукуматӣ бовар мекунад ва алиф намегӯяд. Баъд, он фаъолро зиндонӣ мекунанд, масалан ба ҳабси абад маҳкумаш мекунанд ва бо ӯ ҳар чи аз ситам аст раво медоранд ва дар ин васат фарзанд ва бастагони вай, ки ба гапи мақомот бовар карда буданд, тоза мефаҳманд, ки чӣ лағмоне ба гӯшашон печонда будаанд!

Ҳарфи ин одам низ мисли ҳамин аст.

Мӯътақидам, Кумита кораш ҳанӯз андак аст, бояд бештар аз инҳо талош кунад. Мо алъон ҳудуди 500 нафар (кам ё беш) зиндонии сиёсӣ дорем, ки чунин вазъи риққатборе дар ҳеч кишваре вуҷуд надорад. Зиндониёни сиёсӣ бояд ёд шаванд ва аз онҳо бояд гуфт ва номашон зинда бимонад ва тоҷикистониён бояд бидонанд, ки шуморе аз ҳамватанонашон бе ҳеч далеле дар пушти милаҳои зиндон афканда шудаанд.

Бори дигар бону Улфатхонумро ба муносибати рӯзи таваллудаш табрику таҳниат мегӯям.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s