Ахбори Анҷуман

БУЗМАКОВ, ТАРРОҲИ ГЕНОТСИДИ ПОМИРИҲО ДАР СММ ХУДРО САФЕД МЕКУНАД

Аламшоҳзода, муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон, ки миёни мардум бо номи Бузмаков маълум аст, барои хунрезиҳои Помир дар Созмони Миллали Муттаҳид 20 апрел 2023 дар сесияи Кумитаи оид ба рафъи табъизи миллӣ, пурсупос шуд.

Ӯ дар посухҳои худ помириҳоро терорист номид ва зикр кард, ки онҳо бо ҳаракатҳои “Ал Қоида” ва “Ансор ул Лоҳ” робита доштанд.

Ӯ шумори яроқ ва муҳиммотм ҷангии помириҳоро то 50 000 расонд, ки ҳар одами боақлро ин идаъо ба шубҳа меафканад. Агар ин қадар яроқ дар вақти ҳаводиси декабри соли 2021 дар дасти мардум мебуд, чаро як тир ба сӯи мақомот холӣ нашуд? Чаро як навореро ҳам аз ин одамҳои силоҳдор то имрӯз надидем?

Ба ҷуз ун ду наворе, ки дар он барои барҷаста нишон додани ҳаводиси Бадахшон, ҳукумат саҳнасозӣ кард. Прокурори генералӣ ҳатто натавонист ҷавоби саҳеҳе дар бораи ин наворҳо бидиҳад.

Бо ин қадар яроқе, ки Аламшоҳзода номбар кард ин қадар тез анҷом ёфтани муқовимат дар гумон буд. Ақалан як соат идома меёфт. Мо, ки қобилияти ҷанговарии артиши тоҷикро борҳо мушоҳида кардаем, медонем ба чӣ қудраташ мерасаду ба чӣ на. Гурӯҳеро бо ин силоҳҳои бешумор ба чунин тезӣ наметавонист маҳв кардан.

Ин генерали тоҷик, ки бо нафрати худ ба помириҳо ном баровардааст, ӯро тарроҳи генотсиди помириҳо медонанд, мехост коршиносони чунин созмони бонуфузро мутмаин созад, ки помириҳо бо ин ҳама неруи ҳарбӣ ва алоқаи зич бо сахтарин ҷанговарони “Ал Қоида” ва “Ансор ул Лоҳ” натавонистанд бо артиши ВКД муқовимат кунанд.

Албатта ин идаъои генерали афсонаофар фақат ба як чиз далолат мекард, ки ҳукумат ҳич далоили қавӣ ва ба воқеият наздик дар ихтиёр надорад, ки терорист будани фаъолони помириро дар ҳаводиси солҳои 2021 ва 2022 исбот кунад. Аз ин рӯ аз хаёлҳои худ мехоҳанд факт бисозанд.

Ҳатто, ин генерал бидуни ягон шарм “Кумиссияи 44” ро ки бо пешниҳоди ҳукумат барои муколама ва бурдани тафтиши қатли Гулбиддин Зиёбеков таъсис ёфта буд, гурӯҳи терористӣ эълон кард. Комиссияро ки дар ҳар муроҷиатномаи худ аз бо ҳукумат мегуфт, аъзои он арзи мақсад карданд, ки тарафдори аз роҳи қонун ва муколама ҳал кардани қазия ҳастанд.

Вақте Аламшоҳзода Улфатхонум Маҳмадшоеваро ба он гунаҳкор кард, ки ҳуҷҷатҳои махфиро ба хадамоти ҷосусии давлатҳои хориҷа медодааст, маълум шуд аз минбари СММ як сафсатагу ва бемор сухан мегӯяд.

Ақалан мегуфт, ба ҳуҷҷатҳои махфии давлат Маҳмадшоева чӣ муносибат дорад. Чӣ гуна ин ҳуҷҷатҳо ба дасти ӯ уфтоданд?

КИНО ИДОМА ДОРАД

Rustami Joni

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s