Андеша

Узум померӣ — хишти бунёдӣ ва тоҷи Тоҷикистонам

Алим Шерзамонов

Биёед марову моро он хеле ки мо худро мешуморем, бипазиред, албатта агар дар нисбати ману мо нафрат надошта бошед. Ман ва мутмаинам ки мо хоҳони онем, ки ин миллат дар ин қаламраве, ки бо номи Тоҷикистон боқӣ ба мо мондаст, шонси миллат шуданро дорад ва миллат шудан аз эътирофи тафовутҳои ҷузъҳояш ва эътирофи ҳуқуқи инфиродии аъзояш шурӯъ мешавад на бо инкор ва саркӯби аққаллиятҳояш, ки аксарият аз он ҳарос дорад.

Ҳеҷ гоҳ зодагони Шуғнону, Рӯшону, Вахон ба худ бадахшонӣ ва ё бадахшӣ намегуфтанд ба вижа пас аз тохтутози афғон, ки дар ин ҷо дастнишондаи режими афғон маҳз ҳамон бадахшиҳо буданд. Як аср пеш аз афғон дар соли 1789 мири Бадахшони порсзабон ва аз аҳли суннат қисмате аз Вахону Шуғнонро фатҳ кард. То ин лаҳза ҳам таҳдиди асосӣ ба давлатдории Шуғнон маҳз Бадахшон буд ва зиддият ҳамеша вуҷуд дошт. Пас аз соли 1887 бо ҳуҷуми афғон дар ҳамбастагӣ бо Бадахшон ба Шуғнон ва фатҳи он барои як шуғнонӣ ва ё ишкошимӣ, ки маҳз Ишкошим кони бадахш буд ва Бадахшон ҳам ба хотири ҳамин санги қиматбаҳо номгузорӣ шуд, мафҳуми Бадахшон ва бадахшӣ як вожае шуд, ки мардум аз он мутанаффир буданд.

Бо тақсими ин диёр байни се имперотурӣ минтақаи ба Русия ва минбаъд ба СССР боқимондаи ин қаламрав бо номи ВАБК дар зери як воҳиди маъмурӣ аз соли 2029 муттаҳид шуд. Батадриҷ мардуми ин ҷоро ки бо забони ғайрипорсӣ сухан мекарданд, аз ҷониби порсзабонони ин давлати навбунёд бо номи помирӣ, барои фарқ гузоштан байни инҳо ва «мусалмонон»-и боқимонда садо кардан гирифтанд. Дар ибтидо ин вожа дар забони гӯяндагонаш тобиши манфӣ дошт ва ягон помирие аз помирӣ будани худ ифтихори андаке ҳам надошт.

Маҳз зодагони боғайрату, босавод ва баномуси ин минтақа бо одобу дониш, ғайрату мардонагӣ ва аз ҳама муҳимаш бо муттаҳидии худ боис шуданд ки наслҳои минбаъдаи помириҳо бо ифтихор худро помирӣ гуфтан гирифт. Албатта ки помирӣ гуфта мо наметавонем бигӯем ки ин гурӯҳи қавмӣ бо пайдоиши вожаи имрӯзаи муайянкунандаи ин ҳуввият манзурам вожаи «помирӣ» пайдо шуд. На ҳаргиз чунин нест. Вожаи «помирӣ»-ро мардуми гуногунзабон ва соҳиби таъриху тамаддуни чандин ҳазорсолаи ин минтақа ба хотири муайянсозии ягонагии қавмии худ хуш пазируфтанд.

Як тоҷикистоние, ки низ ҳадафаш ваҳдат ва ягонагии миллӣ ва тавлиди миллияте ба номи тоҷик муҳим аст, бояд ба ин воқеият хушбин мебуд ва ин воқеиятро хуш мепазируфт, вале мутаассифона имрӯз ду гурӯҳи тоҷикон аст, ки ба ин умумият бо номи помирӣ назари начандон хуш доранд Гуруҳи якум, ки ангезаи асосиашон уқдаашон аст, нисбати ин ваҳдат, ё ба гуфти худашон ғурури баланди маҳаллии ин мардум бахилӣ доранд. Ин гурӯҳ имрӯз аз он, ки бо дасти режими аҷнабимаоб ин мардум саркӯб шудаву талош доранд ҳувиятзудоӣ дар ин минтақа ба роҳ андозанд, ки худ дар ҳуқуқи байналмилалӣ поксозии қавмӣ ном дорад, хурсандӣ ва кафкӯбӣ доранд.

Гурӯҳи дувум ин миллигароёни тоҷиканд, ки як навъе бар он боваранд, ки меросбарони имперотурии Куруши Кабиранд ва дар сар орзуи барқарории имперотуриашонро мепарваранд. Шовинистҳои дунё ба монанди русҳо, туркҳо, арабҳо ва ё чиниҳои имрӯза ҳаргиз намепазиранд, ки инҳо шовинистанд. Шовинистҳои имрӯз ҳатто иддао доранд, ки имперотуриҳояшон барои қавмҳои забткардаи худ як ҳадяи илоҳиянд ва ин варварҳои ваҳшӣ чаро хурсанд нестанд ба ин бахташон.

Барои як шовинисти тоҷик кофӣ аст торихи омӯхтааш дар мактаб ва донишгоҳро ба хотир орад. Ҳатто таърихнигори шӯравии рус, ки аз нигоҳи идеологӣ бо Русияи то болшевикӣ зиддияти оштинопазири ғоявӣ дошт, истилоҳгарии Русияи подшоҳиро тавҷеъ мекунад ва ба гунае қаламдод мекард, ки гӯӣ тамоми халқиятҳо Қофқозу Осиёи Миёна бо хости худ ба ин имперотурӣ пайвастанд ва аз ин бахташон хурсанд буданд. Бале помириҳо аз ин бахт воқеан хушбахт буданд чун дар ин сӯи Омӯ ин мардум ҳудуди сад сол аз шаръи «ҳаммилатонаш» дар амон буд, чиро намешавад дар ҳолати ҳамватанони он сӯи Омӯ гуфт.

Айни чунин иддаоро шовинистҳои тоҷик доранд. Гӯё Шӯғнону, Вахону, Дарвозу Сӯғду Бохтар ва куллагӣ қаламрави Форсро ин имперотурӣ бо тақдими гулу кишмиш ба ҳам овардааст ва ин имперотурӣ дар муқобили ягон халқи зери нуфузаш ҷинояте накардааст. Ин гурӯҳ, ки худро озодандеш ҳам мешуморад, албатта дар чаҳорчӯбаи «ҳақиқати таърихии» пазируфтааш, худойнохоста агар нафаре ва ё гурӯҳе аз хати кашидаи ин ватандӯст берун барояд, омода аст ки бо шаддидтарин лаҳн он саркӯб шавад ва хуб мешуд ин саркӯб тавассути дасти дигаре сурат бигирад. Ва ин гурӯҳ ҳам дар замирашон аз сиёсати имрӯзаи Раҳмон дар муқобили помириҳо розианд ва хушбахт мешуданд, ки баъд аз сари Раҳмонуф дар ҷои ҳуввияти помирӣ як мардуми беғайрат, шикастхӯрда ва беҳуввиятеро пайдо кунанд, ки чизеро хостанд аз он бисозанд.

Банда ҳаргиз иддаои олимӣ надоштаам ва надорам ва ин бардошти эҳсосии ман аз таърихи талхи мардуми ҷабрдидаи ман аз имперотуриҳои абарқудрати дунё аст ва аз ман талаби далелҳо ва бозёфтҳои археологӣ накунед. Ман таърихро илм намешуморам ва ягон мардумеро, ки ба таърихи худ эҳсосӣ аст, наметавонӣ бо далел биёиву эътиқодашро дар тӯли умраш тағйир диҳӣ.

Дар муқобил муроҷиатам ба ҳар нафаре ки ин сатрҳоро мехонаду ин забонро балад аст, он аст, ки биёед марову моро он хеле ки мо худро мешуморем, бипазиред, албатта агар дар нисбати ману мо нафрат надошта бошед.

Ман ва мутмаинам ки мо хоҳони онем, ки ин миллат дар ин қаламраве, ки бо номи Тоҷикистон боқӣ ба мо мондаст, шонси миллат шуданро дорад ва миллат шудан аз эътирофи тафовутҳои ҷузъҳояш ва эътирофи ҳуқуқи инфиродии аъзояш шурӯъ мешавад на бо инкор ва саркӯби аққаллиятҳояш, ки аксарият аз он ҳарос дорад.

Бо ҳаросу уқдаи аксарият ва ҳаросафканиву қатли оми ақаллият миллат сохта намешавад. Мешавад қабилаҳои парокандаро бо эҷоди тарсу ҳарос ба муддате зери як чатр нигоҳ дошт, вале дар замири ин қабоил нисбати ҳам ба ҷуз нафрат дар чунин ҳолат чизеро намешавад ҳосил кард.

Алим Шерзамонов

https://www.facebook.com/photo/?fbid=6042399649214070&set=a.684880301632725

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s