Баёнияҳо

ПМТ: Рафтори пулиси рус бо тоҷикон мисли рафтори нозиҳо бо яҳудиён ва асирони ҷангӣ аст

Паймони Миллии Тоҷикистон эътирози шадиди худро ба мақомоти Русия ва Тоҷикистон нисбат ба ҷинояти ғайри инсонӣ, ки алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия сурат гирифт эълом медорад.

Дар рӯзҳои ахир, мақомоти интизомии рус дар ҳоли сукут ва хомӯшии комил ва беамалии режими Эмомалӣ Раҳмон, як маъракаи васеъе аз боздошту ҳамалотро ба тоҷикҳо оғоз кардаанд.

Ин ҳамалот бо таҳқири барқасдонаи шаъну шарафи инсонӣ ва миллӣ ва ба таври ваҳшиёна маҷрӯҳ ва захмӣ кардани донишҷӯёни тоҷик дар хобгоҳҳо ва коргарон дар ҷойи корашон сурат мегирад.

Ин кирдорҳои репрессивӣ ва табъизомез, дуруст мисли рафтори нозиҳо бо яҳудиён ва асирони ҷангӣ аст.

Қобили зикр аст, тоҷикистониҳо, бахусус донишҷӯён ва муҳоҷирони корӣ, бар асоси қонун ва мутобиқ бар низоми рафтуои бераводид ва дигар меъёрҳои таъйиднамудаи Русия, ки ба будубоши шаҳрвандони кишварҳои ИДМ дар ин кишвар иҷозат медиҳад, ба сар мебаранд.

Мо аз мақомоти Русия тақозо мекунем, ки аз қонуншикании нафратовар ва ғайриқобили қабул алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи ошкори ҳуқуқи башар аз сӯйи кишваре, ки барои худ эҳтиром қоил аст поён диҳанд.

Мо хоҳони он ҳастем, ки режими Эмомалӣ Раҳмон иззату обрӯи боқимондаи миллиро дар худ биёбад ва аз шаҳрвандони худ, ки ноновари кишвар ҳастанд муҳофизат ва касонеро, ки мехоҳанд, ба ватан баргардонад ва барояшон шуғли муносиб фароҳам созад ва бад-ин васила онҳоро аз истихдоми иҷборӣ ва марги бемаънӣ дар ҷанги Украина наҷот диҳад.

Масъулияти таҳқир, ранҷ ва кушта шудани шаҳрвандон Тоҷикистон байни режими диктатории Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти Русия ба таври баробар тақсим мешавад.

Паймони Миллии Тоҷикистон

01.06.2023

Возможно, это изображение текст «naйmoHи PURNOANN Π mиллии மO THL NATIONAL ALLIANCE OF TAJIKISTAN»

Смотреть статистику

Продвигать публикацию

Все реакции:

19Ilhomjon Yaqubzade, Сайидюнуси Истаравшанӣ и ещё 17

Оставьте комментарий