Дидгоҳ

Вақти он расида, ки аъзои СПАД бо ҳарфи калон БАС гӯянд!

“Байни давлати Русия ва Белорусия машқҳои гуногун аз соли 2022 инҷониб давом дорад. Президенти Беларус А. Лукашенко сарварони давлатҳои аъзои СПАД-ро борҳо даъват карда истодааст, ки ба ҷанги бемаънии Русияю Украина ба муқобили Украина ҷанг эълон кунанд, вале инҷо ақли солим даст боло аст. Вақте расида истодааст, ки ба ҷуз давлати Белорусияю Русия дигар давлатҳои ин созмон бо ҳарфи калон БАС гӯянд…”

(Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии онҳо (2))

Инҷо оид ба ҳадафи қувваҳои низомӣ ва чанд нуқтаи дигар ҳарф мезанем.

Ҳадафи ҳамкориҳои низомӣ таъмини амнияти дастаҷамъӣ ва миллии кишварҳои узви Созмон, тавассути нигоҳ доштани иқтидори мудофиавии ҳар як кишвари узв дар доираи кофӣ ва омодагии зарурӣ, қувваҳо ва воситаҳои амнияти дастаҷамъии СПАД мебошад. Қувваҳои низомӣ барои иҷрои вазифаҳое, ки тибқи моддаҳои 4-ум ва 6-уми амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992 пешбинӣ шудаанд ва вокуниши саривақтӣ ба чолишҳо ва таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти миллӣ ва дастаҷамъии давлатҳои аъзои СПАД нигаронида шудааст.

Асоси иқтидори низомии СПАД-ро Нерӯҳои дастаҷамъонаи вокуниши сареъ, гурӯҳҳои минтақавӣ, қӯшунҳо, қӯшунҳои дастаҷамъии авиатсионӣ, посдори сулҳ, қувваҳои низомии муттаҳидаи ҳарбӣ ва иншооти инфрасохтори ҳарбӣ ташкил медиҳанд. Нерӯҳо ва воситаҳои амнияти дастаҷамъии зикргардида Қӯшунҳои (Кувваҳои дастаҷамъии) СПАД-ро ташкил медиҳанд.

Дар соли 2007 сарони кишварҳои узви СПАД Созишнома дар бораи фаъолияти посдори сулҳи СПАД-ро имзо карданд ва ҳамчунин соли 2009 дар Котиботи СММ сабти ном шуд. Барои ширкат дар амалиёти посдори сулҳ дар асоси нишондоди доимӣ, ҳудуди 3000 нафар низомиёни нерӯҳои мусаллаҳ ва ҳудуди 600 нафар намояндагони мақомоти корҳои дохилии кишварҳои узв ташкил карда шуд. Нерӯҳои посдори сулҳи СПАД мумкин аст ҳам дар доираи масъулияти Созмон бо қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва ҳам берун аз он таҳти ваколати Шӯрои Амнияти СММ истифода шаванд.

Моҳи феврали соли 2009 Нерӯҳои дастаҷамъонаи вокуниши сареъи СПАД, аз ҷумла контингентҳои низомӣ ва воҳидҳои нерӯҳои вижаи кишварҳои узви СПАД бо теъдоди умумии ҳудуди 20 ҳазор нафар, ки қодир ба иҷрои вазифаҳои дорои хусусияти ҳарбӣ ва махсус доранд, таъсис дода шуд.

Дар назди СПАД гуруҳи кушунҳои (кувваҳои) русияю белорус ва русу арманӣ, ки дар асоси дутарафа ташкил карда шудаанд, мутаносибан дар минтақаҳои амнияти дастаҷамъонаи Аврупои Шарқӣ ва Қавқоз ҷойгир карда шудааст, ки мунтазам такмил дода мешаванд. (Вале дар амал қӯшунҳои Русияю Белорус фаол асту халос, Дар Қавқоз ба ҷои он ки муноқишаи мусаллаҳонаи байни Арманистону Озорбойҷонро ором кунанд ба ҳоли худ гузоштанд, ин аз як тараф. Аз тарафи дигар СПАД ба ҷои он ки ба яке аз давлатҳои узв Арманистон кӯмак расонад, сардори асосии СПАД нодида гирифт ва нерӯҳои посдори сулҳи Русия ҳамчун давлати сулҳ овар лашкари худро даровард, мебоист нерӯҳои дастаҷамъонаи вокуниши сареъи СПАД ворид мешуд).

Бояд қайд, кард, ки намояндагони гуруҳи озодихоҳони миллии арманиҳо ҳанӯз аз соли 1987 дар вилояти автономии Қаробоғи Кӯҳӣ таблиғоти пинҳонӣ анҷом дода, барои раъйпурсии оянда оид ба мустақилияти Қаробоғ имзо ҷамъ меоварданд (воқеан, роҳбарони ҷунбиш усулҳои ибтидоии шӯравии ҳалли масъалаҳои ҳудудиро дар хотир доштанд, вале муаммоҳои зиёде вуҷуд дошт), яке аз корҳо, паҳн кардани варакаҳо (ки онҳоро аллакай дар ҷое чоп карда метавонистанд) ва онҳо аллакай дар байни аппарати ҳокимияти Куҳистони Қаробоғ тарафдорони худро пайдо карда буданд.

Моҳи феврали соли 1988 дар Степанакерт ҳамоишҳо cap шуданд, ки кормандони корҳои дохилӣ ба онҳо оромона муносибат мекард. Баъд маҷлиси машваратии вилоятӣ бе иштироки депутатҳои озорбойҷониҳо ҷамъ омада, дар як руз дар бораи хоҳиши аз Озарбойҷон ҷудо шудан ва хеле зуд резолюция қабул карданд.

Шӯрои вилоятии Қаробоғи Куҳӣ аз 20 феврали соли 1988 якдилона майлу хоҳиши ба ҳайати Арманистон дохил шудани вилояти худмухтор, қарори Шӯрои вилоятии Қаробоғи Кӯҳиро қабул намуда ба Шӯрои Олии ИҶШС ҳамчун хоҳиши сокинон пешниҳод намуданд.

Аз лиҳози он ки ҷумҳурии Қаробоғи Кӯҳӣ дар давраи Шӯравӣ дар ҳудуди ҷумҳурии Озорбойҷон воқеъ буд, вале қисми асосии аҳолиро арманиҳо ташкил мекарданд, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бо ташаббуси роҳбарияти ҳамон вақта Роберт Кочарян, барои ба даст овардани истиқлолияти худмухтор 10-уми декабри соли 1991 дар Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ раъйпурсии умумихалқӣ оид ба истиқлолият баргузор гардид.

Аз 132 328 нафари ҳуқуқи овоздиҳӣ доштаи аҳолӣ дар овоздиҳӣ 108 736 нафар (82,2%) иштирок карданд ва ба ҷонибдории истиқлолияти давлатӣ 108 615 нафар, яъне 99,89% овоз доданд, 24 нафар (0,02%) муқобил ва 96 бюллетен беэътибор дониста шуд. Хулоса истиқлолхоҳон истиқлолиятро ба даст оварда аз ҷумҳурии Озорбойҷон ҷудо шуданд.

Инҷо мухтасаран оид ба давраи истиқлолият якчанд нуқтаро баён менамоем.

Пас аз истиқлолиятро ба даст авардан Қаробоғи Кӯҳӣ ба ҷумҳурии Арманистон дохил мешавад, то ҳол мушкилоти марзӣ ва қаламравӣ байни Арманистону Озорбойҷон задухӯрд давом дорад.

Аввалин задухӯрд аз соли 1992 то 12-уми майи соли 1994 давом карда аз тарафи Арманистон ҳудуди 5856—6500 нафар сарбозону афсарон ва ҳудуди 4000 нафар шаҳрвандони мулкӣ кушта, қариб 20 000 нафар захмӣ, 596 нафар беному нишон гумшуда ба қайд гирифта шуд. Аз тарафи Оорбойҷон 11 557 нафар кушта ва беному нишон гумшуда ба қайд гирифта шудааст.

Дар яке аз задухӯрдҳои 44 рӯзаи соли 2020 даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ аз ду тараф гузошта шуд. Дар натиҷа сарҳади Қаробоғи Кӯҳӣ таъғир ёфт, идораи водии Лочинро қӯшунҳои посдори сулҳи Русия ба зери ҳимояи худ гирифт.Дар ин задухӯрди 44 рӯза армияи Озорбойҷон 5 шаҳр, 4 шаҳрак ва 286 деҳаро аз зери асорати Арманистон озод намуд…Ҳамагӣ аз ду тараф ҳудуди зиёда 400 нафар кушта шуд…

Дар соли 2001 дар формати СПАД, Нерӯҳои зудамали дастаҷамъӣ дар Минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ (КМҶР) бо ҳудуди 5000 нафар таъсис дода шуд. (Ин нерӯҳои зудамали дастаҷамъӣ ҳам фаолият надорад. Агар фаолият медошт ва масъулини СПАД масъулият медошт кайҳо ин афсарони 5000 нафараи Нерӯҳои амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ сари вақт дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон фаолият намуда ин ду миллати дастнигарро аз хунрези нигоҳ медошт).

Тайёрии Қӯшунҳои дастаҷамъӣ барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда мувофиқи нақшаҳои солонаи чорабиниҳои муштараки омодагии оперативӣ ва ҷангӣ амалӣ карда мешавад. Аз соли 2004 инҷониб, тибқи ин нақшаҳо, бо таъсиси нерӯҳо ва воситаҳои низомӣ амниятии дастаҷамъӣ дар қаламрави кишварҳои узви СПАД беш аз 30 машқҳои ҳаҷмҳои гуногун бо номҳои аллакай маъруф: «Сарҳад», «Муомила», «Бародарии вайроннашаванда», «Раъду барқ», «Кобальт» ва як қатор машқҳои дигар гузаронда шуд.

Аз ин машқҳои аҳамияти стратегӣ тактикӣ дошта дар ҳудуди Тоҷикистон қариб 15 маротиба гузаронда шуд, ки аз онҳо дар солҳои охир рӯзи 17 ноябри соли 2017 дар ҳудуди тамрингоҳи Вазорати дифои ҷумҳурии Тоҷикистон “Харбмайдон“, воқеъ тақрибан дар 20 — километрии марзӣ Тоҷикистону Афғонистон тамрини муштараки “ Бародарони ҷангӣ — 2017 “, 21 октябри соли 2019 машқ дар зери таҳти шиори «Бародарии вайроннашаванда — 2019», рӯзи 23 октябри соли 2021 таҳти зери шиори “Ҳамкории мутақобила-2021“, аз 21 то 23-юми октябри соли 2022, бо воҳидҳои нерӯҳои зудамалӣ Нерӯҳои истиқрори минтақаи Осиёи Марказӣ “Сарҳад-2022” тамрини муштарак гузаронда шуд.

Пештар ҳам гуфта будам, боз такрор мекунам, барои мардуми Тоҷикистон ин машқҳо ягон фоидае надорад. Чунки ҳам зарари иқтисодӣ-сиёсӣ ва ҳам экологӣ ва ҳатто дар гузаронидани яке аз ин машқҳо талафоти ҷонӣ мулкиро ҳам дода буд. Ва пешниҳод ҳам карда будам, ки сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро ба ҷои СПАД, муваққатан аз ҳисоби техникӣ ва сарбозони Базаи ҳарбии 201-уми Русия ҳаматарафа таҷҳизонида мустаҳкам ва ҳифз карда шавад.

Дар нақшаи кории СПАД омадааст, ки соли 2023 бояд дар қаламрави Арманистон маҷмӯи машқҳо бо нерӯҳои (нирӯҳои дастаҷамъии) СПАД баргузор шавад. Аммо Арманистон, ки фаолияти худро дар Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ қатъ кардани аст, Сарвазири ин кишвар Никол Пашинян гузарондани машқро рад кард.

Имсол асоси машқҳои тактикӣ ҳудуди 5 маротиба аз ҷумла, яке аз машқҳо дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар қаламрави Белорусия дар зери таҳти шиори “Муборизаи бародарӣ — 2023“ гузаронда мешавад.

Моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Минск котибони давлатии СПАД ҷамъ омада бо раисҷумҳури Беларус мулоқот карданд. Дар вохӯри раиси ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко баҳона пеш овард, ки имсол раиси кунандаи Созмон аз Белорусия, аз ин лиҳоз инҷо ҷамъ омадем. Вале худи Лукашенко ҳуқуқи даъвати Котибони давлатҳоро надорад. Пас аз даъвати Котибони давлатӣ, рӯзи 20-уми июн (2023) вазирони корҳои хориҷии давлатҳои СПАД дар шаҳри Минск ҷамъ омаданд, дар аввал намояндагони бисёре аз ин давлатҳо рад карданд, вале, дар охир боз ҷамъ шуданд. Президенти ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко бо вазирони корҳои хориҷӣ вохӯрда якчанд масъалаҳоро пеш гузошт аз ҷумла дар суханронии худ гуфт, ки мо ҳама дар минтақаи ҷанги ва дар зери амалиёти расонаии иттилоотӣ- психологӣ ҳастем. Мо аз ин дур шуда наметавонем, бояд ёд гирем. Мо дар ҳамкорӣ бо Шумо ва Русия низ ҳеҷ мушкилие надорем. (Ӯ дигар ҷумҳуриҳоро ҳам ба минтақаи ҷанг, расонаҳои иттилоотӣ — психологӣ дохил кардани, вале мушкилии кор ин ҷост, ки ягон вазир намегуяд, ки кадом минтақаи ҷанг, кадом расонаи иттилоотӣ, моро ба ин моҷаро дохил накунед мо ҳам ақл дорем ҳуш дорем, давлат дорем, гӯё ба даҳонашон об гирифта бошанд…)

Ӯ ҳамчунин оиди муттаҳидӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои СММ, ИДМ, СҲШ, ки бе он ҳам давлатҳои узви СПАД аъзои комилҳуқуқи ин созмонҳо ҳастанд, ки бе СПАД ҳам ҳамкории ҳаматарафа доранд.

Пас аз вохурии Александр Лукашенко таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Сергей Алейник бо иштироки Дабири кулли СПАД Имангалӣ Тасмаганбетов ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД баргузор гардид. Вазир гуфтаҳои Лукашенкоро такрор намуд… Инҷо зери коса нимкосае вуҷуд дорад, ки ба ахбори омма ошкор наменамоянд.

Инҷо суоле бавуҷуд меояд, ки харҷи ин сафарҳои бе маҳсулу бе мантиқро, ки пардохт менамояд, аз киссаи миллат аст?

Магарам фурӯ рехтани ин созмонро Русия ва Белорусия дарк карда бошанд?

Чаро? Чунки байни давлати Русия ва Белорусия машқҳои гуногун аз соли 2022 инҷониб давом дорад. Президенти Беларус А. Лукашенко сарварони давлатҳои аъзои СПАД-ро борҳо даъват карда истодааст, ки ба ҷанги бемаънии Русияю Украина ба муқобили Украина ҷанг эълон кунанд, вале инҷо ақли солим даст боло аст.

Вақте расида истодааст, ки ба ҷуз давлати Белорусияю Русия дигар давлатҳои ин созмон бо ҳарфи калон БАС гӯянд.

Идома дорад

Оставьте комментарий