Гуфтугӯ

Мақомоти мӯҳтарам! Нисбат ба хоки кишвар бетафовут набошед!

Чин даъвои на танҳо қисме дигар аз қаламрави Тоҷикистонро, балки кулли сарзамини моро дорад. Матлабе, ки ахиран чиниҳо нашр карданд таҳти унвони “Тоҷикистон ҳамеша дар ҳудуди Чин буд“, ин иддаои пучро собит мекунад. Ҳоло дар қаламрави Бадахшон геологҳои чинӣ бо сабаби бозёфти захираҳои зиёди табиӣ, тадқиқотҳои геологӣ гузаронда истодаанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ оиди ин масъалаи хатарнок бетараф набошанд…

(Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии онҳо (5))

Яке аз муаммоҳои имрӯза, муаммои марзи Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя аст, ки яке аз онҳо, узви СПАД ҳам мебошад. Дар кишвар соле нест, ки машқҳои низомии мамлакатҳои Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ гузаронда нашавад.

Ба андешаи банда, мо бояд дар дохил машқҳои ҳарбиро кам намуда, зиёдтар ба пурзӯр намудани ҳифзи марз эътибори ҷиддӣ диҳем.

Чаро? Чунки аз мамлакатҳои ҳамсоя беягон маъмоният сарҳадро убур карда шаҳрвандони Тоҷикистонро мекушанд, захмӣ, латукӯб мекунанд, хонаҳояшонро оташ мезананд, ба ҳавлии тоҷикон даромада парчами худашонро насб мекунанд ва боз ба кишвари худ бар мегарданд, сарҳадбонҳои мо даст кӯтоҳи мекашанд.

Дар баъзе мавридҳо замини моро бо ризоияти ҳукумат ва ё бе ризоияти он ғасб мекунанд. Манзури ман давлати Чин ва Ҷумҳурии Қирғизистон аст.

Ё ки як ҳодисаи нанговаре, ки инҷо ёдовари мекунам: барои рӯёнидани қарз аз маводди мухаддир, ба дохили қаламрави ҷумҳурӣ ворид шуда, соҳиби қарзро намеёбанд, вале дигар шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба шахси қарздор рақобат доштанд, кушта 40 сар говҳои шахси қарздорро гирифта мераванд, сарҳадбонҳои мо хабар надоранд.

Вақте Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи СПАД ва ИДМ бошад, сарҳади Тоҷикистон марзи ин давлатҳои созмон ҳам ҳисоб мешавад. Барои ҳамин, аъзои ин созмонҳо, бояд барои ҳифзи марзи Тоҷикистон кӯмаки ҳаматарафаи молӣ, техникӣ, низомӣ ва ғайра расонанд.

Дар солҳои охир кишвари Чин заминҳои мутаъаллиқ ба сарзамини моро соҳиб шудааст, ки аз рӯи маълумотҳои ғайрирасмӣ 5000 км² ва тибқи маълумоти расмӣ 1,58 ҳазор километри мураббаъ мебошад. Депутатҳои МН МО мутаассифона ин пораи дили миллатро, ки бе розигии мардуми Тоҷикистон ба кишвари Чин дода шуд, қонунӣ намуданд. Ҳамзамон, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири вақтии корҳои хориҷӣ ба кишвари Чин додани як қисми, пораи кишварро “бурди дипломатӣ” номуда буд. Ӯ ба фикри банда, қадри хоки кишварро то ҳол дарк накардааст.

Агар хато накунам, депутати МН МО марҳум Сӯҳроб Шарифзода, дар ин маврид чунин гуфта буд: “Агар аз қисмате замин / хоки кишварро намедодем, артиши Чин то Хоруғ расида меомад“. Кадоме аз масъулин ва ё аз депутатҳои мӯҳтарам гуфта буд, хушбахтона, замини ба Чин додашуда боигарии зеризаминӣ надошт. Ӯ бехабар аст, ки замин ҳам захираи табиӣ, яъне боигарии табиӣ буда, ҳатто аз боигарии зеризаминӣ ҳам қиммати баланд дорад. Ана инҳоро гӯянд, хоини миллат.

Кишвари Чин боз даъвои қисми дигари қаламрави Тоҷикистонро яъне қаламрави ноҳияи Мурғобро дорад. Яке аз пажӯҳишгоҳи тадқиқотиаш эълом дорад, ки аз рӯи маълумотҳои бойгонӣ гӯё ҳуҷҷате ёфт шудааст, ки қисмате аз Бадахшон қаламрави Чин аст… Ва махсусан, моҳи январи соли 2021 рӯзноманигорони давлатии Чин, дар бораи заминҳои баҳси бо Тоҷикистон мақолаҳо интишор намуданд. Аз ҷумла шабакаи хабарии “Гул баёнгари таърих“ моҳи январи соли 2021 матлабе бо номи “Таърихи Тоҷикистон, ки 9,28 млн нафар аҳолӣ дорад, аз куҷо сарчашма мегирад?“ навишта буд. Матлаби дигаре, ки нашр шуд, бо номи “Тоҷикистон ҳамеша дар ҳудуди Чин буд“, инҷо на танҳо як қисми ВМКБ-ро, балки бо пуррагӣ қаламрави Тоҷикистонро, як қисми қаламрави Чин арз намуда истодаанд.

Ҳоло дар қаламрави Бадахшон геологҳои чинӣ бо сабаби бозёфти захираҳои зиёди табиӣ, тадқиқотҳои геологӣ гузаронда истодаанд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ оиди ин масъалаи хатарнок бетараф набошанд. Вақт рӯз аз рӯз гузашта истодааст, то ки дер нашавад, коре кунед, ки миллат аз Шумо рози бошад. Агар зарур шавад, аз ҳисоби пули ғорат шуда қарзи давлати Чинро пардохт намоед…

Ногуфта намонад, ки ба ноҳияи Мурғоб раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷапаров ҳам, даъво дорад, ки гӯиё ин қаламрав, дар гузашта қаламрави Қирғизистон буда аст.

Дар солҳои охир аз барои чанд ваҷаб замин байни тоҷику қирғиз хунрези шуда истодааст…

Танҳо дар ду рӯзи хунин, дар рӯзҳои 28 — 29 апрели соли 2021, ба иддаои ҷониби Қирғизистон, дар ин ҳодиса 36 нафар кушта ва 189 нафар шаҳрвандони ин кишвар захмӣ шудаанд.

Ҷониби Тоҷикистон, ба таври ғайрирасмӣ 16 нафар кушта ва беш аз 150 нафар захмӣ хабар додааст.

Оиди ин ҳодисаи ташвишовари солҳои охир Ҳизби Демократии Тоҷикистон, ба ин муноқишаҳои хунини байни Тоҷикистону Қирғизистон, бе тараф набуд, изҳороте нашр намуд ва таҳлили хеле бамаврид ва хубу одилона буд.

Вале чунин изҳоротро бояд аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати қотеъона талаб кардани заминҳои атрофи ноҳияҳои Исфара, Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов ва Спитамен, ки дар асл моли Тоҷикистон аст, сурат мегирифт…

Дар инҷо мехоҳам оид ба ин изҳорот, чанд нуқтаи назар ва пешниҳодҳои худро оид ба масъалаи марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон ба таври фишурда ироа намоям:

— дар моҳи апрели соли 2021 набояд заминҳои баргардонда шударо ба Қирғизистон бозпас дода мешуд;

— чи асар бахш мебуд, агар ба гунаи изҳороти ҲДТ, дигар ҳизбҳои сиёсӣ низ дар масъалаи марзу буми Ватан, сукутро интихоб намекарданд ;

— масъалаи марзу буми Ватан ин масъалаи нангу номуси миллӣ аст, ки набояд аз он чашм пӯшид;

— ба хотири марзу буми Ватан миллат бояд ба ҷои ихтилофу душманӣ бо хаммиллатони худ иттиҳодро пеша созад;

— набояд ба умеди дигарон, яъне бегонагон шуд. Ононе, ки бо умеди Русия ҳастед бояд донед, ки Русия ғами Шуморо нахоҳад хӯрд. Русия дар минтақа манфиатҳои геополитикии худро дорад.

Хонандаи азиз! Агар аз суханронии рузҳои охири Сергей Лавров огоҳ шуда бошед, ӯ гуфт, ки шаҳрвандони худро бигиред ( яъне муҳоҷирони меҳнатиро дар назар дорад ) ва хомӯш шавед! Чунин суханронии ӯро банда, дар ҳаққи дипломати аввали кишвар таҳқир меҳисобам;

— агар ногоҳ байни Тоҷикистон ва ягон давлати ҳамсоя ҷанг сар шавад, қаламрави Тоҷикистон оқибати даҳшатнокеро шоҳид хоҳад шуд. Аз ин рӯ, лозим аст, ки ҳарчи зудтар пеши роҳи ҳар гуна ҷанг гирифта шавад;

— роҳбари давлат бояд иштибоҳҳои худро нисбати миллат ва ҳизбҳои сиёсӣ ислоҳ намояд;

— агар дар ягон қисми кишвар нооромӣ аз ҷониби душман сурат бигирад, миллат бояд дастҷамъона бар зидди душман мубориза барад;

— вақти он расидааст, ки депутатҳои МН МО оиди ҳифзи марзи давлатӣ тасмимҳои чиддитаре гирифта бошанд;

— оиди таҳдидҳои кишвари ҳамсоя, муҳтарам Саидҷаъффар Усмонзода фикру андешаҳои худро муфассалан интишор намуданд, ки мо бояд онро дастгири кунем.

Инҷо огоҳ гаштем, ки ба қаламрави аслии тоҷикон на танҳо Чин, балки Қирғизистон ҳам даъво дорад. Вале ҳукумати Тоҷикистон ҳатто ҷавоби ( нотаи ) эътирозӣ дода наметавонад?

Дигар миллатҳо барои хоки кишвари худ, ҷонашонро дареғ намедоранд:

Яке аз чунин кишварҳо — кишвари Фаластин, барои хоки худ, бо давлати саҳюнистии хунхори Исроил тӯли зиёда 70 сол аст, ки меҷангад…

Исроил дорои яроқи навтарини муосирро дорад ва аз ҳама мухимаш, дар зери чатри Амрико меҷангад.

Фаластиниҳо яроқҳои зарурӣ ва ҳатто хӯроквории сери пурри ва аҳолии назди марзи ороми надоранд, аз хонаҳои зисти худ маҳруманд ва ғайра.

Вале бо як рӯҳияи баланд, замини худро ҳимоя мекунанд.

Инҷо мехоҳам, як афсари асир афтодаи исроилиро шарҳ диҳам:

25-уми июни соли 2006 аз тарафи Артиши озодихоҳи ҲАМОС, як нафар ефрейтори ( рав — турай ) исроилӣ, Гилад Шалит асир гирифта шуд, онро барои боз гардонидан Ҳукумати Исроил роҳҳои гуногунро ҷустуҷӯ намуд…

Дар сурати гуфтушунидҳои тӯлонӣ шартномае имзо шуд, ки аз тарафи Ҳукумати Фаластин Гилад Шалит, ефрейтори Исроилиро, бо 1027 қумандонҳо ва сарбозони асир афтодаи Фаластини иваз карда мешавад. Ва талаби Фаластиниҳо, каме бо монеъаҳо бошад ҳам иҷро шуд.

Ва дар интиҳо рӯзи 18 — ӯми октябри соли 2011, пас аз 5 солу 4 моҳ, Гилад Шалит, озод карда шуд. Рӯзи озодшавиаш рутбаи старшинаро ( рав — самал ) доданд.

Чунин мисолҳо хело зиёданд.

Якеи аз онҳо, ки лаҳзаҳои таърихиро қисса мекунанд. Аҳмадшоҳи Масъуд, писаракеро дид, ки аз гуруснагӣ решаҳои хоколуди растаниро мехӯрд. Вақте аз модари кӯдак сабаб пурсид, зан бо исрор гуфт: “Аз гуруснагӣ хок мехӯрем, вале хокамонро намедиҳем!“. Ин қаҳрамонии зан Масъудро ба гиря овард. Аммо Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҷангҳои шадид, додани талофотҳои зиёд ҳам гиря накарда будааст.

Бо ҳамин оиди ин банд, иктифо менамоям.

Идома дорад

Оставьте комментарий