“Вақте расидааст, ки ба хотири оромӣ ва зиндагии арзандаи миллат, махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамчунин рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, кишвари мо ҳар чи зудтар вориди Иттиҳоди гумрукӣ шавад… Бо гузашти зиёда аз 30 сол аз касби истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон ҳамоно ба сифати як давлати дорои низом ва сохтори устувор ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои демократии комил пайдо накардааст. Ҳамин ҳоло ҳам Тоҷикистон ба тафовут аз кишварҳои ҳамсоя ҳамоно ба бӯҳрони шадиди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дасту панҷа дароз карда ва дар пайи дарёфти пайса мардуми кишвар, дар тарафи шимол, шарқ, ғарб ва шарқи наздик овораву сарсону саргардон ҳастанд…”

(Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии онҳо (9))
Аз гуфтаҳои собиқ маълум шуд, ки Тоҷикистон дар аввалин ҷаласаи Иттиҳоди гумрукӣ иштирок доштааст. Ҳоло тӯли 28 сол аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии ин иттиҳодияро омӯхта истодааст. Масъулин, сиёсатмадорон, иқтисоддонҳо ва ҳуқуқдонҳои кишвари мо то он дараҷае бузург, донишманд ва дастнигар, гӯш ба қимор ҳастанд, ки тӯли 28 сол оид ба ворид шудан ба ИИАО-ро меомӯзанду меомӯзанд…
Ҳатто, дар назди Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Тоҷикистон комиссияи вижае таъсис шуда буд. Аъзоҳои ин комиссия, Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё-ро ҳаматарафа омӯхта, назар ва хулосаи худро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар оиди шомил шудан ба ИИАО ироа дода буданд. Вале чанд сол аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии онро омӯхта истодааст.
Солҳои охир ҳатто Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва ВКД Русия масъалаи воридшудани Тоҷикистон ба ИИАО — ро мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Ба фикри банда, вақте расидааст, ки ба хотири оромӣ ва зиндагии арзандаи миллат, махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ, рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳар чи зудтар вориди ин созмон шавад.
Рӯзноманигори Радиои Озодӣ, Мирзонабии Холиқзод саволе ба миён гузошт, ки чаро Тоҷикистон узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё намешавад?
Оиди ин масълаи муҳими рӯз нуқтаи назари худро баён намуда будам, инҷо боз мехоҳам каме бештар ва дақиқтар ба ин масъала равшанӣ андозам.
Бо гузашти зиёда сӣ сол аз касби истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон ҳамоно ба сифати як давлати дорои низом ва сохтори устувор ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои демократии комил пайдо накардааст.
Ҳамин ҳоло ҳам Тоҷикистон ба тафовут аз кишварҳои ҳамсоя ҳамоно ба бӯҳрони шадиди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дасту панҷа дароз карда ва дар пайи дарёфти пайса мардуми кишвар, дар тарафи шимол, шарқ, ғарб ва шарқи наздик овораву сарсону саргардон ҳастанд ва ба болои ҳамаи ин мушкилиҳои пай дар пай омада истода, боз ҷанги беадолатонаи Русияю Украина оғоз шуд, ки аллакай аз мардуми Тоҷикистон садҳо кушта ва захмиро ба ҷо гузошт ва дар даҳрӯзаи дуюми августи ҳамин сол ( 2023 ) зиёда 100 нафар тоҷиконро аз ҳабсхонаҳои Русия ба ҷанг фиристоданд…
Маҳбусони тоҷики шаҳри Медини вилояти Калуга хабар медиҳанд, ки ҳудуди 150 нафар маҳбусонро то охири моҳи август ба ҷанг мебаранд. Аз ин лиҳоз маҳбусони тоҷик ба мақомоти олимақоми кишвар муроҷиат мекунанд, ки пеши ин роҳро гиранд. Моҳи августи соли 2022 ҳам аз ин маҳбасхона 100 нафар маҳбусонро, ба ҷанг бурда буданд, онҳо дар шаҳри Бахмут, дар вақти ҷанг кушта шуда ва чанд нафари онҳо зинда мондааст маълум нест.
Барои ҳар тоҷики ватандӯст доштани як давлати рушд карда, устувор ва босубот, масъул дар назди миллат дошта, ки ( на дар сухан ) аҳолии худро ба ҷои кор, саноати технологияи нав дошта, кишоварзии рушд карда, маоши муносиб ва манзилу кошонаи хуб таъмин намояд, ҳам орзуву ҳавас ва ҳам боиси ифтихори миллат бошад.
Аммо воқеияте, ки имрӯз дорем ва дар он зиндагӣ ба сар мебарем, ин тавр нест. Пас саволе пеш меояд, ки чи бояд кард?
1. Инҷо, аввалан ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз оид ба муҳоҷирони меҳнатии кишвар истода мегузарем. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, дар моҳҳои январ — сентябри соли 2021 дар Русия 2 миллиону 25 ҳазору 712 нафар муҳоҷирони шаҳрвандони Тоҷикистон сабти ном шудаанд. Имрӯзҳо дучанд шуданд.
Ҳамчунин дар кишварҳои Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Аврупо чанд миқдор муҳоҷирони меҳнатӣ кору фаолият доранд, ки шумораи онҳоро дар даст надорем. Умуман аз рӯи маълумоти ғайрирасмӣ аз Тоҷикистон ҳудуди зиёда 3 млн муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷӣ кишвар кору фаолият доранд.
Шавкати Муҳаммад, рӯзноманигор ва таҳлилгари масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ, аз рӯи хабари rf-smi.ru навишта таҳлил ва андешаҳои худро инҷо овардааст:
Ӯ маълумоти расмии омориро меорад, ки 336 ҳазор нафар муҳоҷироне, аз соли 2020, дар тули се соли охир шаҳрвандии Русия ва 128 ҳазор нафар иҷозаи иқоматро гирифтаанд, дар ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ нестанд. Яъне ин миқдор муҳоҷирони меҳнатӣ ба болои 3 млн боз ҷамъ мешавад.
Агар ин нафароне, ки шаҳрвандии Русияро дар тулӣ 15 соли охир соҳиб шудаанд, ҳисоб кунем, аз 800 ҳазор нафар мегузаранд. Ҳамагӣ 3 000 000+800 000=3 800 000 нафарро ташкил медиҳанд.
Яъне тақрибан бо шумули онҳое, ки сабти ном ва ғайри сабти ном дар Русия кору фаолият доранд, ин наздик ба се яки аҳолии Тоҷикистониён рост меояд.
Вале биноъан ба маълумоти хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар 10 моҳи соли 2022, — 331 353 нафар аз кишвар ба Федератсияи Русия барои дарёфти кор омадаанд.
Вале ин хадамот солҳои гузашта аз 480 000 нафар муҳоҷирати меҳнатӣ хабар медод, ки аз ҳақиқат хеле дур аст ва ё фарқи маълумоти Хадамоти Русия ва Тоҷикистон куллан фарқ доранд, ки бовар накарданист.
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Баҳодур Азиззода дар нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали имсол аз вилояти Хатлон 207 ҳазору 241 нафар ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки аз ин шумора 178 ҳазору 46 нафар мард ва 29 ҳазору 195 нафар зан мебошад, ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳазору 585 нафар зиёд аст.
Ба гуфтаи Баҳодур Азиззода, ба муҳоҷирати корӣ рафтани шаҳрвандони вилояти Хатлон сол то сол афзоиш ёфта, қисми зиёди муҳоҷирон ба кишварҳои Русия ва Қазоқистон рафта кору фаъолият доранд.
Афзоиши занони муҳоҷирони меҳнатӣ, дар сатҳи ҷумҳурӣ низ яке аз масъалаҳои ташвишовар буда барои миллат ояндаи хуб надорад.
Соли гузашта 92 ҳазору 526 нафар занони тоҷик аз ҷумҳурӣ аз рӯи маълумоти расмӣ ба муҳоҷират рафтаанд.
Суоле ба миён меояд, ки чаро имрӯзҳо занҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ оварда истодаанд.
Коршиносони тоҷик ба ин назаранд, ки рафтани занон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба тарбия ва рӯҳияи фарзандони онҳо, ки дар тарбияи хешовандонашон қарор мегиранд бе таъсир нахоҳад монд.
Фарзанд, ки аз кӯдаки, аз тарбияи падару модар маҳрум аст, чи хел тарбия мегирад ва ба воя мерасад?
Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, агар аз як тараф ба беҳтар намудани зиндагӣ ва пур кардани буҷа таъсири мусбии худро дошта бошад ҳам, вале ба солимгардонии оила, тарбия ва саводнокии фарзандон таъсири манфии худро расонида истодааст.
2. Дар натиҷаи ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ овардани мардум сабабгори пошхӯрии оилаҳо гашта истодааст. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар 6 моҳи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон бори аввал дар ду соли охир шумораи талоқҳо, яъне ҷудошавии оилаҳо коҳиш ёфта, шумораи ақди никоҳ баракс афзудааст.
Вале бояд, иқрор шуд, ки на ҳамаи оилаҳо қонуни ҷудо нашудаанд… ё ки солҳои тӯлонӣ мардҳо аз оилаи худ бехабар буда кӯмаки молӣ намерасонанд, ки аз оилаҳои пошхурда чӣ фарқ доранд?
Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён рӯзи 8 августи соли 2023 дар нишасти хабари матбуотии ин Вазорат гуфт, ки дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 32 ҳазору 151 ақди никоҳ сабт шудааст, ин назар нисбати ба нимсолаи аввали соли 2022 қариб 2000 бештар аст. Вале ӯ намегуяд, ки ҳар сол аҳолии ҷумҳурӣ 200 — 220 ҳазор нафар зиёд мешаванд, ки ҳар сол аз 100 ҳазор то 110 ҳазор аҳди никоҳ банданд. ( Инҷо, ҳоло афзоиши аҳолӣ ва ё таваллуди қариб дар тӯли 8 моҳи ҳамин солро то соати 6 — 44 дақиқаи пагоҳии рӯзи 22 август меорам, — 199 906 нафар кӯдакон чашми ҳасти кушоданд ).
Вале афсус, ки садҳо нафар ҷавонон аз лиҳози набудани шароит оиладор шуда наметавонанд, маҷбур мешаванд, ки бо ҷавон духтарони ғайри мусалмони дар муҳоҷирати меҳнатӣ издивоҷ кунанд ва сабабгори бешавҳар монанди тоҷикдухтарон мегарданд, ки ин хатари умумӣ миллӣ дорад.
Оиди ин масъала, ҳар як фарди солим ақл ва масъулони давлатӣ бетараф набошанд. Вале, чаро дар 6 моҳи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 5 ҳазору 370 оила фурӯпошида, изҳори андеша намекунад. Ана оиди ин масъала фикр кард! Чаро 5370 оила аз ҳам ҷудо шуд?
Бояд сабаби ҷудошавии ҳар як оила таҳқиқот гузаронда, роҳҳалли ин равандро дар ҷаласаҳои ҳукумати ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ дида баромада шавад.
Идома дорад

