“Вақте, ки Тоҷикистон ба ИИАО ворид мешавад, шароити сахт, камбудиҳо ва ин фавтиданҳо то ҳадди имкон бардошта мешавад ва баробарии ҳуқуқӣ ба дигар кишварҳои узви созмонро пайдо мекунад…”

(Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии онҳо (10))
3. Оид ба аҳаммияти воридшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ назари банда, дар баъзе масъалаҳо мусбӣ, вале дар баъзе манфӣ аст яъне масъалаҳое ҳаст, ки манфӣ аст.
Ҳоло шурӯъ мекунам аз ҷанбаи мусбати масъала: Тоҷикистон дар шароити имрӯзаи миллат ва махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ, бояд ҳатман вориди Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) шавад. Чаро?
Дар шароити кунунӣ, дар Русия муҳоҷирони меҳнатӣ дар азобанд ва махсусан пас аз паҳншавӣ ва давраи бемории куруновирус ва ҷанги беамони Русияю Украина сангинтар шуд, ки ҳар як инсони соҳибақл иншо ва тасаввур карда наметавонад.
Барои мисол, патенти кориро бигирем. Патенти корӣ нархи баланд дошта, ҳар сол баланд шуда истодааст, ҳоло дар шаҳри Москва ва вилояти он 6000 рубли русӣ ва ба қайдгирӣ дар тӯли 3 моҳ 5 000 рубл, ба замми он ба қайдгирии мушкилзо, убур ва вуруди марзи хориҷӣ, азият ва бадрафтории сохторҳои қудратӣ, лату кӯби донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, хобгоҳҳо, хонаҳои истиқоматӣ, ҷои кор, ба масҷид даромада боздошт ва латукӯби намозхонон ва ғайраю ғайра.
Боз бадбахтона депутати ДУМАИ ДАВЛАТИИ Русия оид ба 4 маротиба боло бардоштани нархи патент хабар дода истодааст.
Пас аз эълони карантин оид ба бемории куруновирус шароити муҳоҷирони корӣ боз ҳам вазнинтар шуд, яъне муҳоҷирони меҳнатӣ бе ҷои кор монданд, баъзеи онҳоро кордиҳандаҳо кор фармуданд, вале ҳаққи муздро надоданд, ҳатто дар ошёнаи дуюм лату кӯб карда ба замин партофтанд, аз ҷои хобаш, аз фурудгоҳҳо ронданд, вагонҳои ҷои истиқоматиашонро оташ заданд ва ғайра. (Аз ошёнаҳои баланд афтидани муҳоҷирони тоҷик бо сабабҳои гуногун ба як ҳолати маъмулӣ мубаддал гаштааст. Мисоли равшан охири моҳи август дар маскав, аз ошёнаи 25-ум як муҳоҷири тоҷик афтида аз дунёи равшан чашм пӯшид).
Дар вақти гирифторӣ ба бемории куруновирус, аз тарафи табибони рус хунукназарӣ ва беъэтиноӣ зоҳир карда шуд, дар сурати ба беморхонаҳо қабул кардан ҳам, дар толорҳо хобонданд, нигоҳ накарданд ва оқибат ҷон ба ҷонофарин супориданд. Ҳатто дар авҷи куруновирус модари тоҷик, дар ғарибӣ, барои дарёфти як бурда нон, барои кӯдакони худ, дар кӯчаҳои шаҳри Москва, аз гуруснагӣ ва ё аз бемории куруновирус, аз дунёи рӯшан чашм пӯшид. Падари кӯдакон дар дохили кишвар мондааст: — чор кӯдак бепарастор дар муҳоҷират…
Мехостам андешаҳо ва назариёти худро дар ин бора баён намоям:
Вақте, ки Тоҷикистон ба ИИАО ворид мешавад, шароити сахт, камбудиҳо ва ин фавтиданҳо то ҳадди имкон бардошта мешавад ва баробарии ҳуқуқӣ ба дигар кишварҳои узви созмонро пайдо мекунад.
Агар патенти корӣ ва ба қайдгирии то соли 2020-ум 1 млн муҳоҷири кориро ба ҳисоб гирем, бо ҳисоби миёна агар моҳе 5 000 рублӣ ба буҷаи Русия пул супорида бошанд, 1 000 000 н. × 5 000 = 5 000 000 000 × 12 моҳ = 60 млрд рубли русӣ дар як сол.
Дар тӯли 2 соли охир 2 млн муҳоҷири кориро ба ҳисоб гирем мешавад: 2 000 000 × 6 000 (инҷо дар умум нархи патент ва ба қайдгирӣ, чунки маълумоти ҳамаи минтақаҳоро дар даст надорем, ҳоло дар шаҳри Москва ва вилояти он худи патент 6 000 рубл шудааст) = 12 000 000 000 (12 млрд дар як моҳ) × 12 моҳ = 144 000 000 000 рубли русӣ дар як сол (ин миқдор пули ҳаққи ҳалоли муҳоҷирон дар Русия мемонад. Дар сурати ҷамъ намудани он то соли 2023 пули патент, ҷаримабандӣ ва ба қайдгирӣ миллиардҳо рубли русӣ мешавад, ки ҳатто ҳисоб карда наметавонед.
Боз пули тоҷироне, ки дар воридоту содирот ба гумрукҳои давлатҳои хориҷӣ месупоранд. Ба андешаи банда барои дарки ин масъала мағзи компютерӣ доштан зарурият надорад.
Дар сурати дохил шудан ба ИИАО, ин миқдор пул, дар шакли асъори хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ворид мешавад. Алҳол ин миқдор пул ба буҷаи Русия ва ба дигар кишварҳои ҳамсоя рафта истодааст (ин маълумот қисман дар мақолаҳои қаблӣ ҳам нашр шудааст).
Дар омори расмии имруза муҳоҷирони меҳнатӣ 2 025 712 нафар омадааст. Дар боло бо ҳисоби миёна 2 млн ҳисоб кардем, яъне муҳоҷирони тоҷик, ҳар соле, танҳо аз ҳисоби патенту ба қайдгирӣ ба буҷаи Русия ҳудуди 144 млрд рубли русӣ месупоранд.
Аз лиҳози шароити корӣ ва зиндагии вазнин доштан, муҳоҷирони меҳнатӣ маҷбуранд, то зиёда 200 000 рубли русиро харҷ намуда, соҳиби шаҳрвандии Русияро гирифта истодаанд.
Танҳо дар соли 2019, 45 000 нафар, соли 2020 63 000 нафар, соли 2022, 173 000 нафар, ҳоло дар Русия ҷанг бошад ҳам ҳар рӯз то 450 — 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандии Русияро пазируфта истодаанд, ки дар 6 моҳи аввали соли 2023 ҳудуди 87 000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт карданд, ки ин дар як шабона рӯз ба 475,4 нафар ва дар як соат 19,8 нафар рост меояд.
Ин шумора дар байни кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар ҷойи аввал аст, ки дар тӯли 7,5 соли охир ҳудуди 560 000 нафар шаҳрвандон шаҳрвандии Русияро қабул карданд. Ҳатто Дӯстмат Тошмамадов дар синни 88 — солагӣ ба муносибати рӯзи ғалаба дар кутоҳтарин вақт, дар шароити ҷашнӣ соҳиби паспорти русӣ шуданд. То ки, дар ин синну сол аз ҷаннати рӯи замин раҳоӣ ёбанд.
Дар давоми моҳҳои охир, фишор аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия якбора афзуд. Мақомоти интизомии Русия донишҷӯёни тоҷикро латукӯб ва муҳоҷирони кории тоҷикро дар кучаву бозор, ҷои кор, назди масҷидҳо ба таври оммавӣ дастгир мекунанд. Муҳоҷирон шикоят доранд, ки бо вуҷуди ҳузури қонунӣ доштанашон ҳам мақомоти интизомии Русия онҳоро бо ҳар баҳона латукӯб ва ҷарима карда, дар баъзе ҳолатҳо аз кишвар хориҷ мекунанд.
Рӯзи 19-уми майи соли равон беш аз 100 донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Комсомолски вилояти Хабаровскро аз сӯи нерӯҳои амниятӣ мавриди латукӯб қарор гирифтанд ва шикояти онҳоро ягон додрасе нест, ки бишунавад.
Дар пайи латукӯби донишҷӯён ва боздоштҳои оммавии муҳоҷирони тоҷик дар Русия, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григоревро даъват намуда, нигаронии худро аз бархӯрди номуносиб бо донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷик иброз намуд.
Ҳамчунин, вазири корҳои дохилӣ бо ирсоли як нома бо ҳамтои руси худ таҳқиқи одилонаи латукӯбу боздошти оммавии донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷикро талаб карданд.
Яке аз масъули ҳукумати дар Русия, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Саидзода боздошт ва латукӯби донишҷӯёну муҳоҷиронро тасдиқ мекунад ва ҳолатҳои бархӯрди гайриинсонии мақомоти Русия бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро тасдиқ мекунад, аммо мегӯяд, ки ба саволи “Чаро латукӯбу боздошти оммавии донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷик авҷ гирифт?” — намедонад.
Ӯ инчунин гуфт, ки мақомоти Русия расман шарҳ надодаанд, ки то ҳол чаро донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ латукӯб ва боздошт шуда истодаанд.
Мақомоти мо бехабар ҳастанд ва ё худашонро ба нодони мезананд. Яке аз масъули баландпояи аъзои ҳукумати Русия вазири корҳои хориҷии он Сергей Лавров дар ҷавоб чунин гуфт: — шаҳрвандони худро бигиред ва хомӯш шавед?!
Идома дорад
Рубрики:Дидгоҳ



