
Дебочаи “Озодандешон”
Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”, таълифи Абдухалили Холиқзода, ки ба хотири он боздошт ва ӯро ба ин сабаб эҳтимолан солҳои тӯлонӣ зиндонӣ дар интизор аст, чунон ки аз номи китоб пайдост, дар бораи ҳаводиси солҳои охири муаллиф дар Тоҷикистон аст.
“Озодандешон” лузуман бо ҳамаи он чи дар ин китоб омада мувофиқ нест ва бо ҳамаи он мухолиф ҳам нест, аммо ин ки ба хотири ин китоб, бо муаллифаш чунон бархӯрд мешавад, нишон медиҳад, дар ин китоб аз ҳақоиқе дар бораи мақомоти тоҷик парда бардошта шуда, ки воқеияти талхи рӯзгори мост.
Бархӯрд бо Холиқзода дақиқан воқеаҳо ва ҳодисаҳои қуруни вусто (қарнҳои миёна) дар Урупоро ба зеҳнҳо меорад; ҳақиқати талхе, ки донишмадоне чун Коперник ва Бруно маҳкум ба эъдом мешаванд. Зеро ҳокимияти Поп дар даврони ин донишмандон як силсила матолибро ба унвони “ҳақиқат” пазируфта ва ба ҳеч кас иҷоза намедод хилофи он бигӯяд; ки агар мегуфт, куфр гуфтааст, муртадд аз дин шудааст, ки сазовори куштан ва эъдом аст. Вагарна, ин донишмандон оё ҷуз ҳақиқатро гуфтанд? Гуфтанд, кураи замин куравишакл аст. Магар ин ҳақиқат куфр аст?!
Аз назари калисо ва ҳокимияти худкома ва тотилатирии он даврон, бале, куфр буд. Он чи Холиқзода дар китобаш оварда низ ҳамин аст. Ӯ ҷуз ҳақиқат ва воқеиятро нагуфта, вале ин суханон аз назари режими Эмомалӣ Раҳмон ва навкаронаш “куфр” талаққӣ мешаванд, ки гуфтанаш мусталзими “эъдом” аст.

Абдухалил Холиқзода кист?
Абдухалил Холиқзода (Абдухалил Холиқов) зодаи 20 декабри 1966 дар рустои Панҷрӯди ноҳияи Панҷакенти вилояти Ленинобод (Хуҷанди кунунӣ)-и Тоҷикистон аст. Ӯ нависанда ва соҳибкор ва раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Синост.
Ва пас аз хатми мактаби миёнаи рустои зодгоҳаш дар соли 1983 ба факултети забонҳои шарқии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Пас аз хатми соли аввали донишгоҳ, ба саффи артиши Шӯравӣ даъват шуд ва пас аз итмоми хидмати дусолаи сарбозӣ, таҳсил дар донишгоҳро идома дод. Дар давоми таҳсил давраи коромӯзии яксоларо дар Ҳинд анҷом дод. Хатми донишгоҳ дар соли 1992 бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ мусодиф омад ва Абдухалил Холиқзода то ҳадде маҷбур шуд ба тиҷорат (фурӯши пахта) машғул шавад.
Дар соли 2008 ҳамроҳ бо сармоягузори эронӣ, Бемористони байналмилалии Ибни Синоро таъсис дод, ки ҳоло беҳтарин бемористон дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Абдухалил Холиқзода ҳоло раиси ҳайати мудирони Бемористони байналмилалии Ибни Синост.
Ӯ нависанда аст, аз ӯ ду китоб маъруф аст: яке, “Моҷарои рафта” (бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон) ва дигар, “Ҳаводиси рӯзгори ман”, ки ба хотири он, инак боздошт шудааст ва мо шакли ПДФ-и ин китобро хидмати хонандаҳо мегузорем, то истифода кунанд. Ин китобро нависандаи маъруф, Абдуқодири Рустам таҳрир намуда, ки инак ӯ низ ба хотири ин кор, боздошт шудааст.

Абдухалил Холиқзода оиладор ва соҳиби 7 фарзанд — 4 писар ва 3 духтар аст.
Озодандешон
Бихонед:
“Ҳаводиси рӯзгори ман”, таълифи Абдухалил Холиқзода, PDF
Рубрики:Адабиёт, Ахбори Анҷуман, Ҳуқуқи башар, Ҷомеа



