Ахбори Анҷуман

Истиқлол муборак бошад!

Анҷумани Озодандешони Тоҷик яко-яки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Рӯзи Истиқлоли кишвар, ки дар 9 сентябр аст, табрик ва муборакбод мегӯяд ва хоҳони истиқлоли воқеии кишвари азизамон мебошад.

Ба бовари мо, истиқлоли воқеӣ замоне аст, ки шаҳрвандони кишвар ҳама бидуни истисно аз ҳуқуқи инсонӣ ва озодӣ бархӯрдор ва касе музоҳими эшон дар баёни ақида ва андешаи онҳо набошад.

Мутаассифона, боздошт ва зиндонӣ кардани шаҳрвандон фақат ба хотири ибрози ақида – ки мавриди охири он, боздошти нависандагон, Абдухалил Холиқзода ва Абдуқодири Рустам мебошад – ҳикоят аз набудани истиқлоли воқеӣ дар кишвари азизи мо мекунад.

Бори дигар, ҳамаи шаҳрвандони азизи кишварамон, Тоҷикистонро ба ҷашни истиқлол табрик мегӯем!

Анҷумани Озодандешони Тоҷик

8 сентябри 2023

Рубрики:Ахбори Анҷуман

Помечен как:,

Оставьте комментарий