Дидгоҳ

Фиристодан ба ҷанги Украина, мушкили ҷадид барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия

“Амалиёту тафтишотҳои ахири мақомоти рус зоҳиран кору зиндагии муҳоҷирони тоҷикеро, ки бо талоши зиёд шаҳрвандии Русияро гирифта буданд, мушкил кардааст. Ин гурӯҳи муҳоҷирон ҳоло аз он ҳарос доранд, ки имрӯз ё фардо ба ҷанг бурда мешаванд, ки аллакай садҳо муҳоҷирони тоҷик аз тарафи Русия ба Украина ҷангида даҳҳо кушта ва захмиро гузоштааст…”

(Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии онҳо (11))

4. Дар рӯзҳои охир боз як муаммои дигар пайдо шуд, ин ҳам вобаста ба боздошти муҳоҷирони тоҷики дорои шаҳрвандии Русия аст.

Ин навбат дар моҳи август, пулис дар шаҳрҳои Красноярск, Перм, Челябинск, Нижний Новгород, Екатеринбург, Белгород, Краснодар, Санкт-Петербург ва Москва амалиёти густурда гузаронида, ба садҳо муҳоҷире, ки ҳанӯз худро дар қайди ҳарбӣ нагузошта буданд, даъватнома барои ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбӣ супурдаанд.

Дар моҳи сентябр ин раванд, яъне сафарбар намудан ба хидмати ҳарбӣ ва ё ҷанги Русия бар зидди Украина давом ёфт. Аз ҷумла дар шаҳри Сургути вилояти Тюмен, Кроснодар ва яке аз корхонаҳои сохтмонии шаҳри Тула 70 нафар муҳоҷиронро боздошт карданд. Ё ки аз шаҳри Екатеринбург 33 нафарро дар масҷид рӯзи 8-уми сентябр боздошт намуда даъватнома супорида шуд ва тӯли ин сол аз як худи Ҷумҳурии Тотористон ҳудуди 1000 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ боздошт ва ихроҷ карда шуд.

Оиди ин масъала депутати Думаи Давлатӣ, Алексей Журавлев мегӯяд, лоиҳаи қонун оиди хидмати ҳарбӣ барои муҳоҷирони шаҳрвандии Русияро дошта пешниҳод шудааст.

Дар сурати ба тасвиб расидани ин қонун, бе ягон мумониат муҳоҷирони тоҷики шаҳрвандии Русияро дошта ба сафи артиши қувваҳои мусаллаҳи Русия ба хидмати ҳарбӣ даъват карда мешавад.

Дар ояндаи наздик боз як қонуни дигар ба тасвиб мерасад, ки оиди саркаши кардани муҳоҷирон аз хидмати ҳарбӣ ва ҷанги Русия бар зидди Украина шаҳрвандии муҳоҷиронро бекор намуда ихроҷ карда мешаванд.

Вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, ин муҳоҷирони шиносномаи русӣ дошта, дар бораи макони зисти худ ба комиссариатҳои ҳарбӣ хабар надодаанд. Чунин амали муҳоҷирон бар хилофи қонуни кишвари Русия аст.

Амалиёти зидди муҳоҷирон, махсусан онҳое, ки шиносномаи русӣ доранд, дар тамоми қаламрави Русия идома дорад. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, ҳадаф аз ин гузаронидани амалиётҳо мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва ошкор намудани он шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки шаҳрвандии Русияро доранд, вале дар қайди ҳарбӣ нестанд.

Мақсад ва ҳадафи асосии мақомоти Русия барои сафарбарии маҷбурии муҳоҷирон ба ҷанги беадолатонаи Русия бар зидди Украина аст.

Амалиёту тафтишотҳои ахири мақомоти рус зоҳиран кору зиндагии муҳоҷирони тоҷикеро, ки бо талоши зиёд шаҳрвандии Русияро гирифта буданд, мушкил кардааст. Ин гурӯҳи муҳоҷирон ҳоло аз он ҳарос доранд, ки имрӯз ё фардо ба ҷанг бурда мешаванд, ки аллакай садҳо муҳоҷирони тоҷик аз тарафи Русия ба Украина ҷангида даҳҳо кушта ва захмиро гузоштааст.

Инҷо ман аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон даъват менамоям, ки оид ба ин муаммои хавфи ҷонӣ дошта бетараф набошанд.

Вале, аз тарафи дигар, муҳоҷирони меҳнатӣ на танҳо дар Русия, балки дар Тоҷикистон ҳам заррае қадр надоранд? Чаро? Кӣ бояд ҷавоб диҳад? Ин масъала ҷавоб мехоҳад?

Муҳоҷирони тоҷик, ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон дар зери зулму истибдод гирифторанд. Рӯзе дер нест, ки муҳоҷирони тоҷик дар даст парчами инқилоб даст боло ба сӯи озодӣ, поксозӣ аз фасод, маҳалгароӣ, ғасб намудани давлат аз тарафи як оила, демократикунонии ҷомеа, бунёди як давлати демократии ҳуқуқбунёд ва давлати рушд кардаи иқтисодӣ, технологияи навтарин дошта, бо ташкили инқилоби осоишта ( сулҳ ) ба сӯи пеш ҳаракат мекунанд.

5. Пас аз дохил шудан ба ИИАО муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳар вақте, ки хоҳанд ба Русия ва дигар мамлакатҳои пасошуравӣ сафари корӣ мекунанд, беягон маъмоният, вақти муайян меҳнат намуда, ба назди падару модар, аҳли оила ва пайвандони худ бар мегарданд.

Солҳои пеш Иттиҳоди Аврупо ба шаҳрвандони Украина, иҷозати визаи корӣ бо мӯҳлати се моҳ дода истода буд, ки се моҳ дар Европа кор карда боз ба кишвари худ бар мегаштанд ва ҳоло аз 24 — ӯми феврали соли 2022 ҳамчун гуреза шаҳрвандони Украина ( ба ҷуз мардҳои аз 18 то 60 сола ) метавонанд ба кулли мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо, Англия ва дигар давлатҳои Европа рафта кор кунанд ва пас аз қатъ шудани ҷанг боз ба кишвари худ бармегарданд ва ё дар кишварҳои Аврупо зиндагии худро давом медиҳанд.

Мамлакати Украина аз давлатҳои Европа даъват дорад, ки шаҳрвандони Украиниро, ки синну соли қобилияти хидмати ҳарбӣ доранд баргардонанд. Аз 1 — ӯми сентябр сар карда, кишвари Полша мардони қобилияти хидмати ҳарбӣ доштаи шаҳрвандони Украиниро бозпас гардонанида истодаанд.

Вале кишвари Австрия ба гуфтаи рӯзноманигорон, барои вайрон накардани қонуни паноҳандагӣ пешниҳоди Украинаро рад карда аст. Австрия то имрӯз ба 101 629 украинӣ, аз ҷумла кӯдакону пиронсолон паноҳандагӣ додааст, ки 14 ҳазор нафари онҳоро мардони аз 18 то 54-сола ташкил медиҳанд, ки эҳтимолан барои хидмати ҳарбӣ қобилият доранд.

Инҷо саволе пайдо мешавад, ки чаро роҳҳои ҳалли корро, масъулини Тоҷикистон ҳам ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ташкил намекунанд?

Ба ҷои таърифу тавсиф, ҷаннати рӯи замин, ободии кишварро дида наметавонед гуфтан, даст ба кор гиред, то ки ҷавонони бекор ба Иттиҳоди Аврупо ба кор бираванд, кор кунанд ва яке аз воридкунандаи асъори хориҷӣ ба буҷаи кишвар гарданд.

Пас аз ворид шудан ба ИИАО миқдори муҳоҷирони меҳнатӣ аз 400 000 то 500 000 нафар, мумкин аз ин ҳам зиёдтар афзояд, ки ин ду тарафи беҳбудӣ ( мусбӣ ) дорад:

1) аввалан ҳамин миқдори муҳоҷирони меҳнатӣ зиндагии аҳли оилаи худро беҳтар мекунанд;

2) аз тарафи дигар ба иқтисодиёти кишвар боз миллиардҳо доллари дигар, яъне пули иловагӣ ворид мешавад, ки муаммои асъори хориҷӣ дар кишвар ҳалли худро меёбад.

Дар соли 2019 аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар қариб 3 млрд доллар пул ворид шуд. Вале дар соли 2020 ба 1 млрд доллар поён фаромад, чунки бо сабаби бемории куруновирус аз ҷумҳурӣ муҳоҷирони меҳнатӣ баромада натавонистанд.

Солҳои 2013 — 2014 бошад, зиёда 4 миллиард доллари амрикоӣ ворид шуда буд.

Муҳоҷирон боз бо роҳҳои дигар пули худро мефиристанд ва бо худ дар вақти бозгашт меоранд, ки ин пулҳо ба ҳисоби бонки ворид намешавад…

Умуман дар тӯли истиқлолияти ҷумҳурӣ муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар ҳудуди 50 — 60 млрд доллари амрикоӣ ворид намуданд, ки ман ин пулро сутунмӯҳраи чархонандаи иқтисодиёти кишвар меҳисобам.

Вале раиси вақтии БМТ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар вохӯрии моҳи ноябри соли 2019 бо саволҳои рӯзноманигорон ба ҷои ҷавоб додан мегӯяд, ки ҳамин пули муҳоҷиронро масъала насозед, гап назанед, яъне ӯ гуфтанӣ, ки муаммо насозед.

Муҳтарам Нурмуҳаммадзода чаро ин масъалаи мубрами рӯзро набардоранд? Чаро суол накунанд? Чаро масъулин ҷавоб намедиҳанд?

Вақте, ки рубли русӣ ва ё асъори дигари хориҷии муҳоҷиронро бо пули асъори миллӣ, бо қурби паст бар мегардонед, чаро напурсанд? Ин як тарафи масъала.

Тарафи дигари масъала, барои нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, нисбати асъори хориҷӣ аст. Ҷ. Нурмуҳаммадзода, дар яке аз суханрониҳояш худ иқрор шуд, ки ба ҷои рубли русии муҳоҷирон, додани пули миллӣ натиҷаи хуб дод.

Албатта барои Шумо натиҷаи хуб дод?!:

1) чаро? Чунки, уфти қурби пули миллӣ аз ҳисоби пули муҳоҷирон боз дошта шуд. Соли 2019 чанд моҳ қурби 100 доллари амрикоӣ баробари 942 — 943 сомонӣ нигоҳ дошта шуд, дар соли 2020 БМТ қурби 100 доллари амрикоиро ба арзи 1020 боло бардошт, ҳоло 100 доллари амрикоӣ ҳудуди 1100 сомонӣ аст.

2 ) тарафи дигари масъала хело ташвишовар аст. Яъне мақсади асосии масъулони Бонки миллӣ рубли русие,ки аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар ворид мешавад, бо асъори хориҷӣ, доллари амрикоӣ ва ё ба евро иваз намуда онро ба суратҳисобҳои офшории худ гузаронда истодаанд.

* * *

6. Масъалаи дигаре, ки инҷо истода мегузарем ин қувваи корӣ: ҳоло дар ҷумҳурӣ қувваи корӣ ба ҳудуди 6 000 000 нафар баробар аст. Аз ин миқдор ҳукумати ҷумҳурӣ каме аз 2 720 000 нафарро ба кор таъмин мекунад. Ҳудуди 3 380 000 нафар қувваи корӣ бекор аст, ки ин 55 — 56 фоизи қувваи кории ҷумҳуриро ташкил менамояд.

Аз лиҳози ҷои корӣ надоштани аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд, зиндагонии аҳолии деҳот рӯз аз рӯз вазнин шудааст, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ гашта истодаем.

Инҷо сабаби асосии бекории мардуми кишварро, ман дар чанд омил мебинам:

1) сохтори давлатӣ дар асоси дурӯғ сохта шудааст;

2) зерпояҳои давлатро ба як давлати фасодзада табдил доданд;

3) сифати пасти таълим ва бесавод намудани аҳолӣ;

4) роҳ надодани мардуми оддӣ дар ташкили ширкатҳои истеҳсолӣ;

5) ҷарима бандии бераҳмона дар ҳамаи соҳаҳо ( дар тӯли шаш моҳи имсол 160 млн сомонӣ, мардумӣ бечораро ҷарима бастанд );

6) ҷудо намудани мардум ба худию ғайри худӣ;

7) монополия намудани тамоми соҳаҳои даромадноки иқтисодию тиҷоратии кишвар аз тарафи як гурӯҳи болоӣ;

8) озод намудани ҳудуди 100 ширкатҳои бузурги иқтисодӣ — тиҷоратии шахсони наздик ба раисҷумҳур;

9) аз тарафи масъулин ғайри қонуни додани захираҳои табиии кишвар, бо арзиши ночиз ба ширкатҳои чинӣ.

Он нуқтаҳои заъфи аҳолӣ, миллат ва давлат, ки инҷо арз намудам, дар сурати ворид шудан ба ИИАО то андозае ҳалли худро меёбад.

Идома дорад

Оставьте комментарий