Зафари Сӯфӣ
Солҳост, ҳадди ақал 10 соли ахир, ин “иттифоқ” як ниҳоди хомӯш ва гӯшбафармони кумитаи амният шуда.
#Низом_Қосим, раиси номӯҳтарами ин “иттифоқ” на танҳо обрӯи ин “иттифоқ”-ро резонд, балки барои ба пасттарин ҳадди мумкин расидани ҷойгоҳи сухан ва суханвар ҳам ба қавли як сиёсатмадори солҳои аввали истиқлол “хидмати хукона” кард.
Агар як “иттифоқи эҷодӣ” дар пуштибонӣ аз як узви саршинос ва боистеъдодаш ва он хам дар пояи устод Абдуқодири Рустам натавонад изҳороте пахш кунад, ба чи дард мехӯрад? Мардона бояд бипазиранд, ки дар 20-25 соли охир ҳеч нависандае баробари романи устод Абдуқодири Рустам асари мондагор нанавишта. Агар аз чунин нависанда пуштибонӣ намекунад, “иттифоқи нависандагон” оё як созмони бекора ва душмани сухану суханвар нест?

Сукут дар баробари беадолатӣ пуштибонии хомӯшонаи беадолатист.
Шарматон бод, эй ҳама онҳое, ки бо сухан сари кор доред ва гӯё нависандаву шоиру рӯзноманигоред!
Абдуқодири Рустам магар амалиёти теруристӣ анҷом дод ва ё қотили гузарост, ки ин ҳама аз тарс гунгу лол шудаед ва барои дифоъ аз ӯ садоятон дарнамеояд?
Ҳеч мефаҳмед, ин камоли беадолатӣ ва зулм аст, ки нависандаи тавоноро бидуни эълони ҷурм наздики бист рӯз аст боздошт кардаву бурдаанд ва ҳеч хабаре намедиҳанд, ки ӯ куҷост, чӣ ҳол дорад?
Беадолатӣ ва зулм бар масал як ғӯли бузургест, ки агар дар ҷомеае роҳ уфтод, яке паси дигар ба сари ҳамаи аҳли он ҷомеа меояд ва рӯзгорашонро табоҳ хоҳад кард. Танҳо роҳи бақои он ва мояи нерӯ гирифтанаш бетарафӣ ва сукути аҳли ҷомеа дар баробари яке-яке ҳамсафонашонро фурӯ бурдани ин ҳаюло аст. Ягона роҳи боздошти ҳаракати ин ғӯл, ки ҳеч гоҳ аз фурӯ бурдани бегуноҳон сер намешавад, ин сару садо роҳ андохтан, “БАС!” гуфтани аҳли ҷомеа аст. Ҳеч дидаед ё шунидаед, ки дар кӯҳу саҳро ва ё шабҳангом, агар ба корвон дузду роҳзане, ё ба галаи гусфандон ҳайвони ваҳшие, мисли гург, ҳамла кард, сару садо роҳ андохтан яке аз роҳҳои муфид дар тарс додани он роҳзан ва ё он ҳайвони ваҳшӣ ва мояи халосӣ аст? Дузду роҳзанҳо ва ҳайвони ваҳшӣ бо вуҷуди овозаҳои тарснок дар бораашон дар асл худ зоти тарсӯ доранд. Ҳаюлои зулму беадолатӣ ҳам ҳамин гуна тарсӯ аст. Агар тарс надодед, агар ҷойгоҳашро барояш нишон надиҳед, бештар пуррӯ мешавад ва иштиҳояш бештар меояд ва афроди бештарро фурӯ хоҳад бурду рӯзгори шумори бештари мардумро сиёҳ хоҳад кард.
Магар шумо дар ҷомеаи асри сангӣ зиндагӣ мекунед? Эй онҳое, ки нонатон аз ҳисоби сухан аст! Вақте як суханвари тавоно ва ҳақгӯро ба ин ҳоли таҳқиромез боздошту нигоҳдорӣ мекунанд ва шумо ба ҳар далелу тавҷеҳе бошад сукут ихтиёр кардаед, бовар доред нонатон ҳалол аст? Оё ноне, ки ба дунболи сукутатон дар баробари ноадолатӣ барои фарзандонатон медиҳед ҳалқи онҳоро ҳаром намекунад? Ё дигар ба дунболи тарсатон аз мақомоти фасодзода ва зургӯ мафҳуми ҳалолу ҳаром ҳам аз ёдатон рафта ва дигар аз арзишҳои ахлоқиву инсониятон нест?
Боздошти як инсон, як шаҳрванд бидуни эъломи далели боздошт ва огоҳ накардани атрофиёну ҷомеа оё ҷиноят нест? Албатта ҷиноят аст! Пас чиро дар баробари ин ҷиноят сукут мекунед? Ё дигар шарм, нанг ва мардонагӣ ҳам фаромӯшатон шуда? Агар садоятон даромад шуморо ҳам боздошт мекунанд? Охир магар садҳову ҳазорҳо танро метавонанд боздошт кард?
Фасодкорон ва онҳое, ки бо сарфи пули буҷа, яъне пули мардум, худро на ходим, балки ҳокими мардум ҳисобидаанд, бо тарс додан ва боздошти афроди саршинос мехоҳанд ба ҳаромкориҳо ва беадолативу зулми худ идома диҳанд.
Шумо ин ҳамаро намебинед?
То кай сукут мекунед?
Ҳой!
Касе ҳаст?
Ё ҳама мурдаҳои мутаҳаррикед?
Рубрики:Дидгоҳ

