Исфандиёри Одина

Матни зер бахши поёнӣ ва натиҷагирӣ дар мақолаи Ъабдулҷаббори Раҳмонзода, сафиру окодемисяни ҷаълӣ ва устоди собиқи донишгоҳу вазири собиқи маъориф…, дар бораи китоби Ъабдулхалили Холиқзода “Ҳаводиси рӯзгори ман” аст:
“Бояд гуфт, ки китоби А. Холиқзода “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар шароити феълӣ ниҳоят баҳсбарангез буда, дар он сохтори имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон ба таври васеъ танқид шуда, ҳақиқати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ таҳриф гардидааст. Муаллиф шадидан сохти мавҷударо танқид карда, аз фаъолияти Ҳукумат ва сохторҳои марбутаи он розӣ нест ва мехоҳад, ки роҳбарияти олӣ ислоҳот эълон карда, муҷиби рафъи камбудиҳо гардад. Шояд дар китоби якумаш “Моҷарои рафта” аз ин бад суханҳоро дар ҳаққи Ҳукумат гуфта, хешро ислоҳотгару давлатро заиф тасаввур карда бошад. Китоби якум ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Эрон чоп шуда, гӯё баҳои сазовор гирифтааст. Ба назари мо, дар оянда хуб мешавад, ки чунин китобҳои оммавӣ аввал дар ягон муассисаи илмӣ ва адабӣ ё раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг баррасӣ шаванд ва баъд ба чоп тавсия гарданд. Танҳо дар чунин ҳолат мо метавонем пеши роҳи назарбаландони сиёсатхоҳро гирем ва фазои иттилоотиро қавитар гардонем.”
Хулосаи Раҳмонуф дар ин ҳарзаномааш ин аст, ки дар китоби Холиқзода:
— “сохтори имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон ба таври васеъ танқид шуда”,
— муаллиф “шадидан сохти мавҷударо танқид карда”,
— “аз фаъолияти Ҳукумат ва сохторҳои марбутаи он розӣ нест” — ва
— “мехоҳад, ки роҳбарияти олӣ ислоҳот эълон карда, муҷиби рафъи камбудиҳо гардад.”
Яъне танҳо “ҷурми” нивисанда ин аст, ки аз як ҳукумати фосид интиқод карда ва хостори ислоҳот шудааст!
Пурсишҳое аз ин “окодемисян”:
Дар кудом қонун омада, ки як нивисанда бояд барои танқиди ҳукумат боздошт ва зиндон шавад? Аз кай боз танқиди ҳукумат дар Тоҷикистон мамнӯъ шуда ва бар асоси кудом қонун?
Нақду танқиди ҳукумат ҷузви ОЗОДИИ БАЁН аст, ки дар моддаи 30-и Қонуни асосии Тоҷикистон басароҳат муқаррар шудааст. Ин модда ба ин шакл аст:
“Моддаи 30:
Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.
Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.
Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.
Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад.”
Шакке нест, ки Додситонии кулли Тоҷикистон бо боздошти Ъабдулхалили Холиқзода ва устод Ъабдулқодири Рустам ин моддаи Қонуни асосии Тоҷикистонро ЗЕРИ ПО кардааст. Ва сафири номуҳтарам ҳам дар ин қонуншиканӣ ҳамдаст аст!
Раҳмонзода дар идома менивисад:
“Шояд дар китоби якумаш “Моҷарои рафта” аз ин бад суханҳоро дар ҳаққи Ҳукумат гуфта, хешро ислоҳотгару давлатро заиф тасаввур карда бошад. Китоби якум ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Эрон чоп шуда, гӯё баҳои сазовор гирифтааст.”
Яъне “аз ин бад суханҳоро дар ҳаққи Ҳукумат гуфтан” аз назари ин “окодемисян” ҷурм маҳсуб мешавад, бино бар ин масъулони давлатиро ҳидоят мекунад, ки китоби якуми Холиқзодаро ҳам тафтиш кунанд! Бавижа ин ки ин китоб дар Эрон ҳам чоп шуда ва “баҳои сазовор гирифта” аст!
Бад гуфтан аз ҳукумат ҲАҚҚИ ҲАЛОЛИ мардум аст! Мардум бо ибрози назар дар масоили сиёсӣ, аз ҷумла нақду танқиди ҳукумат ва ҳукуматдорони фосид дар сиёсат мушорикат меварзанд. Мушорикат дар сиёсат ва умури сиёсӣ ҲАҚҚИ ҲАЛОЛИ мардум аст. Ба ин шева мардум дар фароянди таъсиргузорӣ дар сиёсат ва тасмимгириҳои сиёсӣ мушорикат меварзанд. Ин ҳам ҲАҚҚИ ҲАЛОЛИ мардум аст!!!
Ба идомаи мақолаи Раҳмонзода бинигаред:
“Ба назари мо, дар оянда хуб мешавад, ки чунин китобҳои оммавӣ аввал дар ягон муассисаи илмӣ ва адабӣ ё раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг баррасӣ шаванд ва баъд ба чоп тавсия гарданд.”
Яъне ин псевдуокодемисян басароҳат хостори эҷоди дастгоҳи СОНСУР дар Тоҷикистон аст, ки боз ҳам бар асоси Моддаи 30-и Қонуни асосии кишвар мамнӯъ аст. Банди севуми ин моддаи Қонуни Асосӣ басароҳат мегӯяд:
“Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.”
Яъне Раҳмонзода бо тавсияи эҷоди як дастгоҳи СОНСУР дар кишвар пой бар рӯи ин моддаи Қонуни Асосии Тоҷикистон гузошта, ки ҷурм маҳсуб мешавад!
Сонсур чист? Сонсур дақиқан ба маънои тафтиши муҳтавои кутуб ва нашриёту расонаҳои дигар пеш аз нашр ё чоп ё пахш аст! Раҳмонзода хостори ҳамин гуна як ДАСТГОҲИ СОНСУР аст, дар ҳоле ки Қонуни Асосӣ сонсурро МАНЪ кардааст!
Сонсур хилофи озодии баён аст! Сонсур ноқизи озодии баён аст! Сонсургар мухолифи ОЗОДИИ БАЁН аст! Сонсургар ДУШМАНИ озодии баён аст!!!
ОЗОДИИ БАЁН аз ъумдатарин ҳуқуқи башар дар як ҷомеъаи озод маҳсуб мешавад, ки ҳаққе дахолатнопазир аст! Аммо ин псевдуокодемисян мехоҳад ба ин ҳаққи мардум ТАҶОВУЗ кунад. Яъне мардумро аз ҳаққи ОЗОДИИ БАЁН маҳрум созад!
Ва ба шеваи баёнаш дар идома бинигаред:
“Танҳо дар чунин ҳолат мо метавонем пеши роҳи назарбаландони сиёсатхоҳро гирем ва фазои иттилоотиро қавитар гардонем.”
Ин ъибораташ ҷолиб аст: “Назарбаландони сиёсатхоҳ”!
Яъне аз назари ин окодемисяни РОҲЗАН ҳеч касе дар Тоҷикистон ҳақ надорад, сиёсатмадор шуданро ҳатто орзу кунад! Ҳеч касе набояд ҳатто “сисёсат хостан”ро орзу кунад!
Чун сиёсат дар инҳисори як гурӯҳи РОҲЗАН аст, ки қудратро ба қабзаи худ дароварда ва миллатро аз ҳаққи ҳукумат кардан ва тағйири ҳукуматаш маҳрум кардааст ва ба каси дигаре иҷоза намедиҳад, ки ҳатто дағдағаи сиёсат дар сар дошта бошад.
Ин тавсия тавсияи разилона ва роҳзанона аст! Ин хилофи усули бунёдини Қонуни Асосии Тоҷикистон аст, ки давлатро моли мардум ва бархоста аз ИРОДАИ мардум медонад, на мероси падари ин ё он шахсе, ки бо зӯру хушунат ва куштани ҳаммиллатонаш қудратро ба дасти худ гирифта ва омода нест курсиро ба каси дигаре таҳвил бидиҳад!
Соҳиби давлат мардум ё миллат аст, аммо ин “окодемисяни” номуҳтарам так-таки афроди миллатро аз ҲАҚҚИ ибрози назари сиёсӣ, аз ҳаққи МУШОРИКАТ дар сиёсат ба шеваҳои машрӯъ ва роиҷ дар ҷомеъаҳои озод, аз ҳаққи ИНТИХОБ КАРДАНУ ИНТИХОБ ШУДАН маҳрум месозад!
Ин рекетокодемик бо баёни ин таъбири мофиёӣ, ки “ҷилави назарбуландони сиёсатхоҳро бигирем” ба ҳамсаффони роҳзанаш тавсия медиҳад, ки чунин касонеро ба шеваҳои роҳзанона бояд муҷозот кард ё танбеҳ дод ё даҳонашонро баст ё сахт адаб кард, ки дигар ҳаргиз дар сар дағдағаи сиёсат надошта бошанд, то табақаи ҳокими роҳзан ва фосид ҳар гуҳе мехӯрад, бихӯрад. Лаънат ба чунин зеҳнияти мофиёӣ ва роҳзанона дар либоси окодемисян!!!
Рубрики:Нақду назар



