Зафари Сӯфӣ
Абарустод Лоиқ шояд аз амали ҳамин гуна ҳамшаҳриҳои хоин, ҷоҳталаб, манфиатхоҳ, тарсӯ ва одамфурӯш ба риққат омада, ки гуфтааст:
Ҳар касе бифрӯхт моро, ман надонам чи харид?
Бебаҳоӣ бигзарад, арзонбаҳоӣ бигзарад.

Ҳоло ҳам пурсиш ҳамон аст, ки дар ивази фурӯхтани шарафи худ ва усулу номуси ҳамдиёрӣ шумо чӣ харидед? Ҳамин мансаби президенти академия? Ҳамин мансаби ҷонишини чандуми раиси ҳизб?
Айб нест?
Шармандагӣ нест?
Ба чашми ҳамдиёронатон, ки аз Абдухалил Холиқзода ва Абдуқодири Рустам ҷуз некӣ чизи дигар надидаанд, чи гуна нигоҳ мекунед?
Аслан арзиши ахлоқие ба номи шарму ҳаёро медонед?
Ҷаноби академик!
Хонуми ҷонишини чандуми ҳизби Эмомалӣ Раҳмон!
Нагӯед, ки он тӯҳматномаро ба хоҳиши худатон навиштед. Зеро бо тамоми ҷузъиёт хабар дорем, ки онро кӣ навишт ва ба шумо кӣ дастур дод, ки ба имзои худ ин музахрафотро чоп кунед. Ҳеч далелу баҳона ва узратон ин хиёнати шуморо тавҷеҳ нахоҳад кард. Шумо ба асли озодии баён, ба усули ҷавонмардӣ хиёнат кардед ва боқӣ мондан дар курсии мансаберо болотар аз инсону ҷавонмард будан донистед.
Фардо дар базми яке аз ҳамшаҳриён даъвататон кунанд ва он ҷо ба чашмони инсонҳои озодае, ки ин боздошту туҳматҳоро таҳқир ба инсоният ва озодагони диёри Рудакӣ медонанд, чи гуна менигаред? Ин пастӣ, ин одамфурушӣ, ин бадномӣ чи гуна рӯйи шонаҳоятон сангинӣ намекунад ва камаратон намешиканад?
Беҳтар набуд истеъфо медодед?
Агар аз мансаб равед, дунё ба охир мерасид?..
Ин чанд рӯзи ахир фикрҳое аз ин даст ва пурсишҳои бепосух ба мухотабоне, ки ғавғои мансабаке гӯши ҳушашонро кар карда, маро ором намегузорад.
Тасаввури вазъи ду озода, ду бузургмард, Абдуқодири Рустам ва Абдухалил Холиқзода, ки бо тӯҳмат гирифтор шудаву дар боздошт ҳастанд, қарорамро рабудааст.
Ҷомеаи сокиту лол, шоиру нависандагони забонбаста ва бетарафии аҷибу ғуломонаву тарсуёнаи ҳамватанҳо бештар азиятам мекунад.
Ин пурсиш бештар аз ҳама дар зеҳнам мечархад, ки агар чунин вазъе бар сари дигар шоиру нависандаҳо ва рузноманигору соҳибкорҳо меомад, оё устод Абдуқодири Рустам сукут мекарданд? Ба ҳеч ваҷҳ! Ҳатман эътироз ва дар дифоъ аз ҳуқуқи ӯ садо баланд мекарданд…
Бояд аз ҳақ нагузарем ва бо шиорҳои пуч худу атрофиёнро беҳуда фиреб надиҳем. Дигар ҷои пинҳон кардан ҳам намондааст. Дар баҳси боздошти ин ду бузургвор масъала ё эҳсоси маҳалгароӣ нақши калидӣ дорад. Дар интихоби туҳматноманависҳо, пас аз академик-сафир ва доктор-мушовир аз маҳалли ба ҳама маълум, махсус ба номи ду панҷекатӣ зада шудани қуръаи фол ҳам натиҷаи тафаккури маҳалгароӣ буду ҳаст.
Ҳоло аз ҳамдиёрони хомабадасти Эмомалӣ Раҳмону Юсуф Раҳмону Саймумин Ятимову Рамазон Раҳимзода интизор доштан, ки аз усули озодии баён ва ҳуқуқи Абдуқодири Рустам ва Абдухалил Холиқзода пуштибонӣ кунанд ва бар адолату қонунмадорӣ даъват намоянд, мисли об дар ҳован куфтан аст. Дигар барои ҳама ошкор шуда, ки онҳо ба ҳар қимате аз ҳукумати ҳамдиёрони худ пуштибонӣ мекунанд. Аммо шумо чи баҳона барои сукути худ доред, эй шоиру нависандаи халқиву унвондор ва рӯзноманигорони панҷекатӣ? Бовар кунед, зимистон мегузарад, аммо рӯсиёҳӣ барои зӯғол мемонад.
Виҷдонатон азият намекунад?
Бо ин рӯсиёҳӣ чи гуна хоҳед зист?..
Рубрики:Мақолаҳо, Ҳуқуқи башар, Ҷомеа

