Дидгоҳ

Агар хоҳед, аз ҳисоби боҷи гумрукӣ буҷаи давлатӣ ғанӣ шавад, адолатро таъмин намоед!

“Дар сурати ворид шудан ба ИИАО, соҳибкорон маҳсулоти талаботи ҳаррӯзаи мардумро саривақт ба ҷумҳурӣ оварда мерасонанд. Бозорҳо пур аз коло шуда, дар навбати худ, маҳсулоти талаботи ҳаррӯзаи мардум то 20-30% арзон мешавад… Масъулин агар хоҳанд, ки аз ҳисоби боҷи гумрукӣ буҷаи давлатӣ ғанӣ гардонида шавад, адолати баробариро таъмин намоянд, дар назди қонун ҳама баробар бошад, на ба худию бегона ҷудо карда шавад…”

(Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии онҳо (12))

7. Дар оинномаи ИИАО омадааст, ки дар қаламрави кишварҳои узви иттиҳод гардиши озоди нерӯи корӣ, масъалаи нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ, сармояҳо, мол ва хадамот кафолат дода мешавад. Дар шароити кунунӣ, бе фаъолияти соҳибкорӣ ва тиҷорат, рушди иқтисодиётро ба роҳ мондан номумкин аст.

Вақте Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ИИАО мешавад, барои фаолияти соҳибкорӣ, тиҷорат қувваи корӣ дар минтақаи ИИАО шароити мусоид ба вуҷуд меояд. Яъне, соҳибкорон аз қаламрави ИИАО бемумониат маҳсулоти заруриро, аз ҷумла, таҷҳизоти истеҳсолӣ, техникаҳои автомобилӣ ва кишоварзӣ, компютерӣ, телевизионӣ, тиббӣ, доруҳо, маҳсулоти сохтмонӣ, мебелҳо, сӯзишворӣ, озуқаворӣ, гандум, орд, чорво ва маҳсулоти он ва ғайраро бе пардохти боҷи гумрукӣ, ба кишвар ворид мекунанд ва оҳиста — оҳиста монополия ҳам бардошта мешавад.

Аз қаламрави ҷумҳурӣ ҳам, маҳсулоти саноати кӯҳӣ, металлургияи ранга, саноати сабук, хӯрокворӣ, кишоварзӣ озодона бароварда мешавад.

Барои камтар аз 4 млн нафар, қувваи корӣ шароити мусоид пайдо мешавад, ки ин миқдори қувваи корӣ метавонад 70% — и аҳолии кишварро, аз ҷиҳати иқтисодӣ таъмин намояд.

8. Яке аз масъалаҳои муҳимми имрӯза, масъалаи ба нафақа баромадани муҳоҷирони меҳнатӣ буд, ки ин ҳам дар сурати ворид шудан ба ИИАО ҳалли худро меёбад. Созишнома оиди нафақаи муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиёро рӯзи 20 декабри соли 2019 дар шаҳри Санкт-Петербург, сарони давлатҳои иттиҳод, имзо гузоштанд. Аз рӯи шартҳои шартнома, собиқаи корӣ на танҳо давраи кор дар як кишвар, балки дар тамоми кишварҳои ИИАО ба назар гирифта, аз рӯи кори чанд солаи дар дафтарчаи меҳнатӣ (маълумотномаи компютерӣ) нишон дода шуда, ба нафақа бароварда мешавад.

Дар тӯли чанд соли охир бисёри шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро қабул карда ба нафақа баромада истода буданд. Вале бо сабаби ҷанги Русия бар зидди Украина, хисороти молии Русия зиёд шуда, сабабгори қатъи додани нафақа ба шаҳрвандони собиқ мамлакатҳои Шӯравӣ шуд.

9. Дар боло гуфта гузаштам ва боз такрор мекунам, чанд сол аст, ки намояндаҳои ҷумҳурӣ мегӯянд, ки фоида ва зарари узвият дар ИИАО — ро омӯхта истодаанд. Магар бо дурӯғҳои беохир, Ҳукумати қавӣ ва босубот сохта мешавад? Чанд сол пеш дар назди Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияи вижае таъсис шуда буд, ки аъзоёни ин комиссия, ИИАО — ро ҳаматарафа омӯхта, назар ва хулосаи худро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурии Тоҷикистон оиди шомил шудан ба ИИАО ироа дода буданд. Вақте, ки пешниҳоди комиссияи Пажӯҳишгоҳро қабул намекунед, чаро комиссияро ташкил медиҳед?

Вале ҳоло ҳам, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Мӯҳриддин дар суханронии хеш иброз дошт, ки оиди ворид шудан ба ИИАО, назари онҳо дигар нашудааст. Яъне то ҳол Ҳукумат ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии онро омӯхта истодааст.

Рӯзҳои 5 — 6 июни соли 2023 вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров бо як сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар ҷараёни он аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт ва ҳамчунин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот анҷом дод.

Дар ҳошияи мулоқотҳо, ки дар фазои анъанавии гарму эътимод баргузор гардид, масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон, оид ба соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ дар шароити кунунии мураккаби геополитикӣ, иттиҳодияҳои байнидавлатӣ, пеш аз ҳама дар ИДМ, СПАД ва СҲШ, ҳамчунин мавзӯи таҳкими амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо назардошти фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро баррасӣ карданд.

Дар чаҳорчӯби ин сафар раиси Вазорати корҳои хориҷии Русия дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) барои дипломатҳои ҷавони тоҷик, омӯзгорон ва донишҷӯён, инчунин намояндагони доираҳои коршиносони сиёсатшиносӣ ва корпуси журналистии кишвар суханронии лексионӣ намуд.

Вазир инчунин аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, пояи асосии постгоҳи хатти ҷанубии СПАД ба шумор меравад, бо фармондеҳони он, сӯҳбатҳо анҷом дод.

Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҳардуи вохуриаш, оиди пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО бо боварии комил гуфта гузашт.

Ба фикри банда, вақте расидааст, ки ба хотири оромӣ, осудаҳолӣ, зиндагии арзандаи миллат ва рушди иқтисодиёт, Тоҷикистон ҳарчи зудтар вориди ин созмон шавад.

Он масъулоне, ки дар сурати ворид шудан ба ИИАО, арз доранд, ки пардохти боҷи гумрукӣ кам мешавад, ин фаҳмиши хато аст.

Чаро? Чунки молу колое, ки аз дохили ҷумҳурӣ содир ва аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад, асосан соҳибкорони маҳаллӣ сару кор доранд.

Аҳаммият диҳед, вақте аз марзи Тоҷикистон мол бароварда мешавад, боҷи гумрукиро кӣ месупорад?

Албатта соҳибкорони маҳаллӣ. Вақте, ки мол ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва ё Русия ворид карда мешавад, боҷи гумрукиро кӣ месупорад? Соҳибкори маҳаллӣ. Вақте, молу коло аз кишварҳои Русия, Белорусия ва Қазоқистон бароварда мешавад ва то ба Тоҷикистон ворид шудан, боҷи гумрукӣ ва харҷи сарф шударо кӣ месупорад? Соҳибкори дохилӣ.

Хонандаи азиз! Худованд ақл додааст, то ки оиди ҳалли ҳар як масъала фикру андеша ва ҳисобу китоби худро дошта бошем, худ хулоса бароред, соҳибкори дохилӣ миллионҳо доллари худро, барои пардохти боҷи гумрукӣ, дар кишвари ғайр сарф мекунад.

Магар барои омӯхтани ин масъала солҳо ва ё мағзи сари компютерӣ доштан лозим аст?!

Дар сурати пайвастан ба ИИАО, аз ҳамаи ин харҷҳо соҳибкор озод мешавад. Фаромӯш набояд кард, ки пули соҳибкор пули миллат аст! Пули миллат пули давлат аст!

Ин як тарафи масъала.

Тарафи дигари масъала миллионҳо доллари аз ҳисоби боҷи гумрукӣ сарфа шуда, дар дохили кишвар иқтисодиётро чарх мезанонад.

Аз ҳама муҳиммаш дар он аст, ки соҳибкорон маҳсулоти талаботи ҳаррӯзаи мардумро саривақт ба ҷумҳурӣ оварда мерасонанд. Бозорҳо пур аз моли истеъмоли шуда, дар навбати худ, маҳсулоти талаботи ҳаррӯзаи мардум то 20 — 30% арзон мешавад.

Ба масъулин як маслиҳати дӯстона, агар хоҳед, ки аз ҳисоби боҷи гумрукӣ буҷаи давлатӣ ғанӣ гардонида шавад, адолати баробариро таъмин намоед. Дар назди қонун ҳама баробар бошад, на ба худию бегона ҷудо карда шавад. Ана дар он вақт мебинед, ки буҷа саршор мешавад.

Ба депутатҳои МН МО бирасонед, то ки хатогиҳои худро ислоҳ намоянд. Яъне ҳудуди сад адад, ширкатҳое, ки аз боҷи гумрукӣ ва андоз озоданд, бо қарор ва ё қонуне, бекор намоянд. Дар натиҷа боҷи гумрукӣ нисбати имрӯза ду се маротиба зиёдтар ҷамъоварӣ карда мешавад.

* * *

Дар сурати ворид нашудан ба созмони ИИАО, пас қисми зиёди қувваи кории аҳолии кишвар оилавӣ ба Русия, Қазоқистон, Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳо кӯч мебанданд ва зиндагии худро дар ин кишварҳо мебинад, ҳоло оғоз шудааст.

Имрӯз, мутахассисони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мутахассисони соҳаи маориф ва тандурустӣ, саросар кӯч бастанд.

Шумо мехоҳед, ки ҷои онҳоро чиниҳо пур кунанд?!

Магар Шумо ҳаминро мехоҳед? Магар ин беэътиноӣ, беҳурматӣ, зулму истибдод нисбати миллат нест?

Инҷо дар интиҳо, мухтасаран ду пешниҳод дорам:

1) Тоҷикистон ҳарчи зудтар фаъолияташро дар Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ қатъ намояд;

2) Тоҷикистон барои беҳтар намудани шароити кору фаолияти муҳоҷирони меҳнатӣ, соҳибкорон, тоҷирон ва зиндагии арзандаи миллат вориди Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё шавад.

Хонандаи азиз, бетараф набошед, фикру андешаҳои худро инҷо бикоред!

Оставьте комментарий