Дидорҳо

Мулоқотҳои раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон дар Литва

Ҳайати ПМТ бо раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ зимни сафаре аз 26-уми сентябр то 30 сентябри соли 2023 ба Литва бо мақомот, вакилони парлумон аз ҳизбҳои сиёсии мухталиф, чеҳраҳои сиёсӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дидор ва гуфтугӯ кард.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистонро Шоҳнаим Карим, муовини раиси ҲНИТ, Маҳмудҷон Файзраҳмонов, раиси Департаменти равобити хориҷии ПМТ, Бобоҷон Қаюмов, муовини раиси Департаменти расонаҳои Паймони Миллӣ ва Илҳомҷон Ёқубов, намояндаи Паймони Миллӣ дар Литва ҳамроҳӣ карданд.

Дар ин дидорҳо дар мавриди вазъияти кунунии Тоҷикистон, минтақаи Осиёи Марказӣ ва ғайра табодули назар сурат гирифт.

Ҳамчунон, раҳбари ПМТ бо чанде аз расонаҳои маҳаллии ин кишвар, аз ҷумла телевизиони Delfi ва радиои LRT мусоҳиба анҷом дод, ки муҳтавои он ба зудӣ нашр хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти Паймони Миллии Тоҷикистон.

29 сентябри соли 2023.

Рубрики:Дидорҳо

Помечен как:,

Оставьте комментарий