Дидгоҳ

Ин пул, пули миллат аст, бояд гузориш дода шавад!

(Чанд нуқта оид ба буҷети давлатӣ)

“Пул ҷудо мешавад, вале аз харҷи он гузориш дода намешавад. Ин пул, пули миллат аст бояд гузориш дода шавад! Қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат боздид шавад… Барои муқоиса фонди хайриявии собиқ раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро инҷо меорам. Фонди хайриявии Н. Назарбоев дорои ширкатҳо, фабрикаҳо, меҳмонхонаҳои 5-6 ситорадор, самолётҳои 100 миллион долларӣ ва ғайраро дорад, ки соле то 500 000 доллар фоида меорад, ҳаҷми умумии дороии он 8 млрд буда аз гардиши ва харҷи он гузориш дода мешавад…”

(Аз силсиламақолоти “Муаммои рӯз” ба қалами Дадоҷон Ёқубов)

Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 25 356 000 000 сомонӣ буда, аз ҷумла:

1) воридоти андозӣ

— 23 082 336 000 сомонӣ;

2) воридоти ғайриандозӣ

— 1 686 664 000 сомонӣ;

3) грантҳо барои дастгирии буҷет аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ

— 587 000 000 сомонӣ.

Ҳаҷми умумии Буҷаи давлатӣ дар соли 2023: З7 072 956 000 сомонӣ аст, ки аз ин 23 082 336 000 сомониаш аз ҳисоби андоз пур карда мешавад. (Инҷо маълум шуд, ки қариб аз 3 ду ҳиссаи буҷет (2/3) аз ҳисоби андоз пур мешудааст.)

Агар ҳудуди 100 ширкатҳои бузурги сердаромадтарини кишвар, ки қисми зиёди он ба як оила ва ақрабои он тааллуқ дорад, депутатҳои МН МО бо қонуни худ аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда аст, баробари дигар андозсупорандагони кишвар андоз месупориданд. Мумкин буҷети солонаи давлатӣ танҳо аз андозу боҷи гумрукӣ пур мешуд?!

Инҷо суоле пайдо мешавад, ки пас даромад аз соҳаҳои захираҳои табиӣ, саноати кӯҳӣ, саноати меллургияи ранга, саноати мошинсозӣ, саноати сементбарорӣ, нерӯи барқ, саноати сабук, (саноати пахта, равғанкашӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ ва коркарди пӯсту пойафзолдузӣ) саноати хӯрокворӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ куҷо меравад?

Инҷо муҳоҷирони меҳнатиро беҳуда қайд накардам, тибқи омори давлати Русия муҳоҷирони меҳнатӣ ба Тоҷикистон дар тӯли 11 моҳ, то моҳи декабри соли 2022, бо расмиёт 3,2 млрд пул интиқол додаанд, ки ин баробари буҷети солонаи давлатӣ буда, боз ғайри расмиҳам бо роҳҳои гуногун муҳоҷирон ба кишвар пул интиқол медиҳанд ва муҳоҷирони меҳнатии Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Иттиҳоди Аврупо, Қатар ва аз дигар кишварҳо боз миллионҳои дигари асъори хориҷиро ба кишвар интиқол медиҳанд.

Ҳамчунин дар соли 2022 Тоҷикистон аз кишварҳои кӯмакрасон 141 млн доллари амрикоӣ кӯмакҳои бебозгашт дар ёфт кардааст, ки ин нисбати дар буҷет, нишон дода шуда 3 баробар зиёд аст.

Бо вуҷуди ҳамаи ин андозу пули муҳоҷирони меҳнатӣ ва кӯмакҳои башардӯстона, мувофиқи маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то моҳи декабри соли 2022 маоши миёнаи шаҳрвандони Тоҷикистон 1730 сомонӣ (муодили 157 доллар) аст, ки ин камтарин маош дар кишварҳои собиқ ИҶШС (СССР) мебошад.

Агар ба хазинаи зиндагии мардум назар афканем инҷо камтарин нишондодро мебинем, аз соли 2018 инҷониб хазинаи зиндагии ҳар нафари тоҷикистониён 50 доллариро ташкил медиҳад. Агар ин ҳам рост бошад?

Лекин Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ, дар соли 2022 гуфт, ки сатҳи камбизоати дар Тоҷикистон нисбати соли 2018 (27, 4 дарсад), соли 2022 ба 22,5 дарсад поён фароварда шуд. Дар сурате, ки дар солҳои охир тамоми ҷаҳон ва махсусан Тоҷикистонро бӯҳрони иқтисодӣ фаро гирифтааст.

Барои муқоиса яке аз кишварҳои ҳамсоя ҷумҳурии Қирғизистонро инҷо меорам. Дар ҷумҳурии Қирғизистон акси ин ҳолро мебинем. Яъне дар соли 2019 камбизоати 20,1 дарсад, соли 2022 то 33,3 дарсад боло рафтааст.

Хонандаи азиз! Шумо ҳақ доред дар масъалаи буҷаи солона бетараф набошед. Оиди ҳаҷми умумии солонаи буҷа, роҳҳои пайдоиши буҷа, соҳаҳои харҷи он, тақсими он талош варзед, то ки талабҳо ва пешниҳодҳои Шумо дар қабули будҷети соли тақвимии 2024 ба назар гирифта шавад.

Раиси ҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз ҳисоби буҷа бенасиб намондааст, яъне барои худ фонди захиравӣ ташкил кардааст, ки ҳаҷми Фонди захиравии он дар буҷети давлатӣ барои соли тақвимӣ муайян карда мешавад. Фонди захиравии раисиҷумҳурии Тоҷикистон барои соли тақвимӣ 2022 ба 438 540 000 сомонӣ расонида шуд, ки ин ба 38 840 000 доллар баробар аст. Ин нишондод нисбати соли 2021 34,5 млн сомонӣ бештар аст. Ҳаҷми фонди захиравии раисҷумҳур дар соли 2021 404 млн сомониро ташкил медод, ки ин ба 35,7 млн доллар баробар буд.

Ба фонди захиравии соли 2023-и раисиҷумҳур дастрасӣ надорам, албатта нисбати соли 2022 боло рафтааст. Аз харҷи фонди захиравии раиси ҷумҳур гузориш дода намешавад.

Хонандаи азиз! Дарк карда истодаед, пул ҷудо мешавад, вале аз харҷи он гузориш дода намешавад?

Ин пул — пули миллат аст бояд гузориш дода шавад!

Қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат боздид шавад.

Барои муқоиса фонди хайриявии собиқ раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро инҷо меорам. Фонди хайриявии Н. Назарбоев дорои ширкатҳо, фабрикаҳо, меҳмонхонаҳои 5-6 ситорадор, самолётҳои 100 миллион долларӣ ва ғайраро дорад, ки соле то 500 000 доллар фоида меорад, ҳаҷми умумии дороии он 8 млрд буда аз гардиши ва харҷи он гузориш дода мешавад.

Ё ки бисёри соҳибкорон ва тоҷирон ҳам фонди хайриявии хусусии худро доранд, ки аз маблағи соҳибкори ва тиҷорат, ҷудо шуда аст ва барои дастгирии тадқиқотҳои илмӣ, сохтани мактабу донишгоҳҳо, пардохти пули маоши муаллимон, расонидани ёрии тиббӣ, кофтани чоҳҳои оби нушокӣ, кӯмаки молӣ ба варзишгарон, сохтани маъбадҳо ва ғайра, ки Илон Маск ҳам дар Африқо маъбад сохта истодааст. Бо пули худ месозанд ва гузориш медиҳанд?!

Оставьте комментарий