Дидгоҳ

Ҷузъиёти ҳодисаи феврали хунини 1990

“Ба ҳарбиён фармон дода шуд, ки дар сурати содир намудани ҷиноят аз тарафи шаҳрвандон ва махсусан ҳамоишгарон тир кушода шавад. Ба онҳо муяссар гардид, ки бетартибиҳоро боздоранд ва боздошта шуд. Баъди омадани қӯшунҳо аз Маскав роҳбарони ҶШС Тоҷикистон ба худ омаданд. Қ. Маҳкамов пагоҳии 15 феврал дар маҷлиси партиявии пойтахт гуфт, ки то вақти даъват шудани пленуми КМ Ҳизби Коммунистӣ ва сессияи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон роҳбарони ҷумҳурӣ истеъфо намедиҳанд…”

Назаре ба воқеъаҳои рӯзҳои аввали истиқлолият ва иҷлосияи изтирории 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (3)

(Аз силсиламақолоти “Муаммои рӯз” ба қалами Дадоҷон Ёқубов)

Рӯзи 13 феврал дар пайи тазоҳуроти оммавӣ дар Душанбе ҳаракати нақлиёти шаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва роҳи оҳан мутаваққиф шуд, донишгоҳу донишкадаҳо, таълимгоҳҳои миёнаи касбӣ, мактабҳо, боғчаҳо, бонкҳо, почтаҳо ва ичунин аксари мағозаҳову корхонаҳо баста шуданд.

Ҳамчунин ҳамин рӯз артиши двизияи Таман, ки бо даъвати Қ. Маҳкамов омада буд, дар назди идораҳои давлатӣ ҳозир шуд, кормандони амният ва корҳои дохилӣ бо либосҳои мулкӣ ва қисми зиёди кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ бо либоси милисавӣ, назди идораҳо ва ҷойҳои серодамро фаро гирифтанд.

Дар баробари тазоҳуроти эътирозӣ дар Душанбе, аз миёни он шаҳрвандоне, ки намехостанд дар ҳамоиш ширкат кунанд, гурӯҳҳои худмудофиа пайдо шуданд, онҳо даромадгоҳҳо ва наздикиҳои маҳаллаи худро аз ҳамоишгарон, дуздон, ғоратгарон посбонӣ мекарданд. Воҳидҳои худмудофиа шабона навбатдорӣ карда, дар боми хонаҳо ва дар саҳни ҳавлиҳо оташ афрӯхта менишастанд.

Дар зери фишори ҷомеъаи шаҳрвандӣ котиби якуми КМ Ҳизби Коммунистии Точикистон Каҳҳор Маҳкамов, Раиси Шӯрои Вазирони республика Иззатулло Ҳаёев, раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Точикистон Ғоибназар Паллаев расман истеъфо доданд, вале бо баҳонае пленуми КМ ҲК онро (истеъфои масъулинро) қабул накард…

Вале нооромӣ соат ба соат васе ва даҳшатовар мешуд, идора кардани ҳамоишгарон аз даст рафта буд.

Аз ин лиҳоз барои зери назорат гирифтани вазъият бо фармони вазири мудофиаи ИҶШС, маршал Дмитрий Язов то шоми 13 — ӯми феврал ба Душанбе техникаи мусаллаҳ ворид карда, тақрибан панҷ ҳазор нафар низомиён сафарбар карда шуда, соати комендантӣ ҷорӣ карда шуд.

Ба ҳарбиён фармон дода шуд, ки дар сурати содир намудани ҷиноят аз тарафи шаҳрвандон ва махсусан ҳамоишгарон тир кушода шавад. Ба онҳо муяссар гардид, ки бетартибиҳоро боздоранд ва боздошта шуд.

Баъди омадани қӯшунҳо аз Маскав роҳбарони ҶШС Тоҷикистон ба худ омаданд. Қ. Маҳкамов пагоҳии 15 феврал дар маҷлиси партиявии пойтахт гуфт, ки то вақти даъват шудани пленуми КМ Ҳизби Коммунистӣ ва сессияи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон роҳбарони ҷумҳурӣ истеъфо намедиҳанд.

Худи ҳамон рӯз пленуми КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин Пленум аксарияти мутлақи вакилон ҳаракати мардумии «Растохез»-ро ба ташкили гирдиҳамоии худсарона ( беиҷозат ) ва ноором кардани вазъ дар шаҳри Душанбе муттаҳам карданд. Вале чунин набуд, аз дурӯғ кор гирифтанд, ноӯҳдабароии худро ба болои ҳаракати мардумии «Растохез» бор кардани шуданд.

Таърихнигор Нуралӣ Давлатов, дар мақолаи худ «Моҳи феврали хунини соли 1990»-ро рӯзи 12.02.2023 чунин шарҳ додааст, ки аз он чанд иқтибосе меорам. Ӯ инчунин гуфтааст:

«Воқеан, он вақт ба ҳаракати мардумии «Растохез» лозим набуд, ки киштии дар ҳаракат буда, ба ларза равад. Ин ҷунбиш ният дошт баъд аз 6 рӯз гирдиҳамоии худро баргузор кунад. Ба комиҷроияи шаҳри Душанбе пешакӣ муроҷиатномаи расмӣ фиристонда буд. Ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар шаҳри Душанберо ба «Растохез» нисбат медоданд, зеро Маскав хуб медонист, ки раҳбарони ин ҷунбиш бо ҳамфикрони ҷумҳуриҳои назди Балтика, ки ҷонибдори аз ИҶШС ҷудо шудани ҷумҳуриҳои миллӣ буданд, робитаи зич доранд

* * *

Яке аз чунин ҷумҳуриҳо Литва буд, ки (банда аввал аз 23.02.2015 то 23.09.2015 дар Русия, пас ҳудуди зиёда 3 моҳ дар Литва, сипас ҳудуди 5 моҳ дар Туркия, ҳоло дар Литва, дар ин кишвари озодихоҳ, ҳуқуқбунёд, мардумсолор, миллати ғаюр дошта дар ҳиҷрат ҳастам) бо роҳбарии Альгирдас Миколас Бразаускас, сиёсатмадор ва арбоби давлатии Шӯравӣ ва Литва, Президенти Ҷумҳурии Литва (1993-1998), Сарвазири Ҷумҳурии Литва (2001-2006).

Ва Витаутас Витаутасович Ландсбергис, ходими давлатӣ ва ҷамъиятии Литва, ходими сиёсӣ, мусиқишинос, санъатшинос ва публицист. Раҳбари ҷунбиши истиқлолхоҳони Литва «Саюдис» ва сарвари давлат пас аз истиқлол то соли 1992, собиқ узви Парлумони Аврупо, ҳоло дар ҳаёт аст.

Яке аз аввалин шуда, рӯзи 11 марти соли 1990 истиқлолиятро ба даст оварданд. Ин ҷо, аз википедия маълумотеро меорам: Рӯзи барқарории истиқлолияти Литва, (Lietuvos nepriklausomybės atkūrimo diena) дар Литва як ҷашни давлатӣ буда, рӯзи 11 марти соли 1990 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Литва қабул шудани Қонун дар бораи барқарорсозии Литва ҷашн гирифта мешавад. Ин яке аз се идҳои асосии кишвар дар якҷоягӣ бо Рӯзи барқароршавии Давлати Литва, ки 16 феврал ҷашн гирифта мешавад ва Рӯзи давлатӣ (тоҷгузории ба шоҳ Миндаугас), ки 6 июл ҷашн гирифта мешавад, мебошад.

Эзоҳ: 6 июли соли 1253 аввалин ва ягона подшоҳи Литва Миндаугас ба шоҳигарӣ нишаст. Соли 1251 Поп Иносенти IV дар Милан Герцеги бузургӣ Литваро Шоҳи католикии Литва эълон карда буд.

Санади дуюм 16 феврали соли 1918, ки аз ҷониби Шӯрои Литва таҳти раёсати Йонас Басанавичюс 16 феврали соли 1918 таҳия ва имзо карда шудааст, ки дар он эълон кардани давлати мустақили Литва, ки бояд дар асосӣ принсипҳои демократӣ идора карда шавад, бо пойтахти он шаҳри Вильнюс.

* * *

Нуралӣ Давлатов дар давоми навиштаи худ мегӯяд:

«Яъне раҳбарони «Растохез» ба ҷудоихоҳӣ гумонбар мешуданд. Ва худи раҳбарони ҷунбиши мардумӣ дар шакли зери парда изҳор медоштанд, ки мехоҳанд соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон шаванд. Намояндагони “Растохез” рӯзи 18 феврал дар варзишгоҳи “Спартак”-и пойтахт бо чанд далел мехостанд, гирдиҳамоӣ баргузор кунанд: аввалан, онҳо соли 1989 дар онҷо низ ҳамин гуна гирдиҳамоӣ баргузор карда буданд, сониян, назорат кардани вазъ дар онҷо ва боздоштани иғвогарон осонтар буд. Онҳо дар митинги дар пешистода як қатор талабҳои сиёсиро доштанд, ки яке аз онҳо бекор кардани моддаи 6 — ӯми Конституцияи ИҶШС дар бораи роли роҳбарони Ҳизби Коммунистӣ ва ба ихтиёри Шӯро додани тамоми ҳокимиятро ба миён гузоштан мехостанд (Шӯро, органҳои давлатиро дар назар дорем, на Партияи Коммунистӣ — қайди муаллиф).«

Яъне, ин ҷо равшан шуд, ки андешаи раҳбарони давлатӣ нисбати ҳаракати мардумии «Растохез» ғалат буд.

Боз яке аз масъалаҳое, ки раҳбарияти Тоҷикистон хавф доштанд он интихоботи парлумонӣ буд. Бояд, рӯзи 28 — ӯми феврали соли 1990 интихоботи навбатии парлумони баргузор мешуд.

Раҳбирияти Тоҷикистон хавф аз он доштанд, ки дар интихобот намояндаҳои ҳаракати мардумии «Растохез» ғалаба мекунанд. Ҳарчанд, дар интихобот, ҷомеа ба шаффоф ва озод гузаштани интихобот қадами аввалро мегузошт, худи мардум, ба интихоботи озод тайёр набуд. Чаро?

Аввалан интихобкунанда ба номенклатура овоз додан одат карда буд;

Дуюм мардум мақсади интихоботро ҳоло дарк карда наметавонист;

Сеюм номзадҳоро аз ҳамдигар фарқ карда наметавонист, ки кӣ дар парлумон ба манфиати халқ кор, пешниҳодҳо ва қонунҳоро қабул карда метавонад?

Чорӯм агар раис бошад ё директори ягон корхона, гуё масъалаҳоро ҳал карда метавонанд…

(Ин ҷо ҳавзаи интихоботиро мисол меорам, ки дар он банда ҳамчун номзад бевосита иштирок доштам. Ҳавзаи интихоботӣ воқеъ дар микроноҳияҳои 3,12 ва 13 — ӯми шаҳри Хуҷанд буд. Номзадҳо 6 нафар будем, аз ҷумла Мирзоҳамдам Баҳодуров директори » ДСК » Комбинати хона созӣ ( Домостроительний комбинат ), дар арафаи тарғиботи директори » ДСК » ваъда медод, ки дар назди хонаҳои баланд ошёна ину он сохта медиҳам ва аз ҳисоби корхонаи давлатӣ бошад ҳам, аз ӯҳдааш мебаромад, аз ҷумла дар назди хонае, ки ман истиқомат мекардам, зуд хоначае сохта дод, боз маҳалгароӣ ҳам рол бози мекард. Хулоса дар навбати дуюми овоздиҳӣ ӯ ғолиб омад );

Панҷӯм машинаи давлатӣ пурра барзиддӣ номзадии намояндаҳои » Растохез » ва исломгароён равона карда шуда буд, ки шабу рӯз радио ва телевизионҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои тарғиботии ҳукумати кор мекарданд… Хулоса дар интихобот ҳизби коммунистӣ ғалаба кард.

Вале бояд қайд намуд, ки раиси ҳаракати мардумии » Растохез » дар ҳавзаи интихоботии деҳаи Ашт — и ноҳияи Ашт бар рақиби худ раиси ноҳияи Ашт Абдувалиев даст боло шуд ва дар парлумон бо микрофони рақами 6 машҳур гашт.

Воқеаҳои феврали соли 1990 дар Душанбе боиси бад шудани шароити зиндагии аҳолӣ ғайримуқаррарӣ гардида, боиси афзоиши муҳоҷирати меҳнатӣ гардид. Аҳолии дигар маҳалҳо ва махсусан русзабонон, ки асосан аз роҳбарон, мутахассисон, коргар ҷавонон, ки истеҳсолотчиёни бевоситаи Точикистон буданд: аз ҷумла кафшерчиён, бинокорон, ронандагон, бофандагон, деҳқонон ва ғайра иборат буд, аз марказ ва ҷанубии кишвар ба дигар маҳалҳо рафтанд. Ин омил, сабаби фалаҷшавии иқтисодиёти Тоҷикистон гашт, ки то ҳол давом дорад.

Соли 1990 ба мамлакатҳои ҳамсоя 113,7 ҳазор нафар, соли 1991 — 120,0 ҳазор нафар, соли 1992 — 225,4 ҳазор нафар коргарон рафтанд. Ин раванд то ҳол давом дошта, зиёда 50 дар сади қувваи корӣ ( ҳудуди аз 3 то 4 млн тахмин карда мешавад ) ба давлатҳои Қазоқистон, Русия, Туркия, Иттиҳоди Аврупо, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо дар ба дар шуданд. Дар чанд соли охир оилавӣ кӯч баста истодаанд, ки ин фоҷеа — фоҷеаи миллат аст.

Ин фоҷеае, ки инҷо овардам, вобастагӣ дорад ба аввалин тире, ки ба тарафи ҳамоишгарони бесилоҳ кушода шуда буд…

Идома дорад

Оставьте комментарий