“Солиҷон Ҷӯраев дар мусоҳиба ба “Азия Плюс“ дар соли 2012 гуфт, дар тӯли давраи тафтишот, аз ҷониби корҳои дохилӣ, кумитаи амнияти давлатӣ ва на аз тарафи дигар кормандони оперативӣ, аз эътирозгарон ягон силоҳи оташфишони мусодира карда нашудааст. Вақте, ҳамоишгарон силоҳ надоштаанд, ягона яроқдор шахсони масъулин буданд…”

Назаре ба воқеъаҳои рӯзҳои аввали истиқлолият ва иҷлосияи изтирории 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (4)
(Аз силсиламақолоти “Муаммои рӯз” ба қалами Дадоҷон Ёқубов)
Инҷо суоле пайдо мешавад, ки барои кушодани тир ба мардуми бесилоҳ, чӣ касе фармон дод?
Мухолифони Қ. Маҳкамов ӯро гунаҳкор мекарданд, чунки ӯ сарвари давлат буд, вале Сардори вақти Управленияи тафтишотии Прокуратураи ҶШС-и Тоҷикистон Солиҷон Ҷӯраев мегӯяд, ки аз тарафи Қ. Маҳкамов барои тирборон кардани ҳамоишгарон ҳеч фармоне содир нашудааст.
Раиси вақти Кумитаи амнияти давлатӣ, Владимир Петкел мегӯяд, ки ман аз патронҳои холӣ тир кушоданро фармон дода будам, дар ҳамон шароит (вақт), тирро аз тирезаҳои ошёнаҳои болоӣ ва болохона (чердак) кушода буданд, ки асосан дар онҷо кормандони амниятии ҷумҳурӣ ва марказӣ (ИҶШС) менишастанд, ин ҷо фармон аз марказ ва ё аз тарафи раиси амнияти ҷумҳурӣ Владимир Петкел шуданаш ҳам, аз эҳтимол дур набуд. Чаро? Аввалан, дар ду рӯзи охир ҳама вақт дар бинои КМ ҲКТ дар назди Қ. Маҳкамов буд.
Сониян Солиҷон Ҷӯраев мегӯяд, ки у силоҳ нигаҳдорӣ Кумитаи амнияти давлатиро пурсидааст, ӯ ҷавоб дода аст, ки пагоҳии рӯзи 12-ӯм ба кормандони амниятии марказӣ гурӯҳи “Алфа“, ки он вақт гурӯҳи “А“ номида мешуд, 15 дона автомат, ду дона милтиқи снайперӣ ва ду яшик патрон додааст.
Вале то ҳол, ба ин савол ҷавоби мушаххас нест? Чаро…?
Раиси вақти КАД-и ҷумҳурӣ Владимир Петкел 15 феврали соли 1990 дар Пленуми КМ ҲКТ ба сухан баромада гуфт, ки тобеонаш ба муқобили эътирозгарон, аз патронҳои холи истифода бурдаанд.
Ба гуфтаи масъулини дигари вақти давлатӣ, майори КАД-и ҶШС Тоҷикистон Абдулло Назаров, эътирозгаронро аъзои гурӯҳи махсуси “Алфа“, ки як рӯз пеш аз Маскав омада буданд, тирборон кардаанд. Вай гуфт, ки гурӯҳи “Алфа“ бо ихтиёри худ амал мекард. Ин ҷавоб чунин аст, аввалан онҳо ба масъулони маҳаллӣ итоат намекарданд, сониян бевосита аз марказ, аз роҳбарони худ фармон мегирифтанд.
Хонандаи азиз! Қадри тоҷик, аз қадри миллати Фаластин ягон фарқе надорад. Фарқи мо аз Фаластин чунин аст: миллати Фаластин барои истиқлолият, порчаи замини худ, зиндагии арзандаи худ, ба як кишвари хунхор, золим бо додани ҳазорҳо ҷони кӯдакон, занон, пиронсолон солҳо мубориза мебаранд. (Танҳо дар тӯли аз 7-уми октябр то 12-декабр то 16-17 000 нафар талафоти ҷонӣ доданд.)
Вале миллати мо мурда аст ва ё ба хоби… рафтааст, намедонед, кай бедор мешавад, то ки аз худ ва аҳли оилаи худ, аз ин золими хунхори дохилӣ дифоъ кунад.
Боз ба болои инқадар хунрезӣ дар рузҳои воқеъаҳои феврали соли 1990 Душанбе пур аз овоза буд, ки чанд нафари шахсони номаълум, дар дохили мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва ё дигар мошинҳои ба ин монанд, дар гирду атроф ва дохили шаҳр давр мезаданд ва роҳгузаронро тир борон мекарданд.
Дар аввал овозаҳо паҳн шуд, ки гурӯҳҳои ифротӣ буда, аз ҷое силоҳи тирандозӣ ба даст оварда, барои ноором кардани шаҳр, тир паррони мекунанд.
Дар воқеъ, муайян карда шуд, ки кормандони “Алфа“ дар ин мошинҳо чарх мезадаанд. Ин кор ба хотири он сурат гирифтааст, ки дар байни мардуми шаҳр тарсу ваҳм андохта шавад. Онҳо боварии комил доштанд, ки бо ҳамин роҳ пеши роҳи нооромиро мегиранд…
Ҳатто дар шаҳр овозае паҳн шуда буд, ки аз Маскав гурӯҳи каллабурҳо омадааст. Бо ин гурӯҳҳо бевосита генерал майёр Валерий Павлович Воротников роҳбари мекард, ки ӯ ҳам аз Маскав омада буд.
Саиданвар Камолов, пас аз чанд сол, ин фоҷеаро боз печидатар мегардонад. Яъне ӯ мегӯяд, ки Прокурори республика Г. С. Михайлин, барои паст кардани шиддати байни иштироккунандагони ҳамоиш, масъулиятро ба дӯши худ гирифта ба кор фармудани силоҳ фармон додааст.
Инҷо банда ба он шахсоне, ки Ҳукумати Шӯравӣ беҳтар буд мегӯянд: яъне ҷои кор буд, моҳонаатро мегирифтӣ ба зиндагиат мерасид, мағозаҳо пур аз хӯрока, арзонӣ, ба додат додрас буд, аз ҷумла бандаҳам, истиқлолхоҳ будам, аз он истиқлолияте, ки мехостам нишонае нест, истиқлолияти озод, озодӣ бо кулли томаш, вале ин истиқлолияти бо ном…
Ана аз ин лиҳоз, пушаймон ҳам ҳастам… Вале бинед ба ману Шумо киҳо роҳбари мекарданд, фармони куштани мардуми бесилоҳро додааст? Гурӯҳи тафтишоти ҷуръат надорад, ки бигӯяд, ки Прокурори генералӣ Генадий Михайлин, дар куштори ҳамоишгарони бесилоҳ гунаҳкор аст?!
Ба гуфтаи раҳбари гурӯҳи тафтишотӣ ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 Солиҷон Ҷӯраев, наворбардор Никита Матросов, яке аз шоҳидони аслии тирпарронии эътирозгарон аз ҷониби снайперистӣ КАД аз боми КМ ҲКТ кушта шудааст.
Солиҷон Ҷӯраев дар мусоҳиба ба “Азия Плюс“ дар соли 2012 илова менамояд, ки дар тӯли давраи тафтишот, аз ҷониби корҳои дохилӣ, кумитаи амнияти давлатӣ ва на аз тарафи дигар кормандони оперативӣ аз эътирозгарон ягон силоҳи оташфишони мусодира карда нашудааст. Вақте, ҳамоишгарон силоҳ надоштаанд, ягона яроқдор шахсони масъулин буданд…
Оид ба масълаи ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990, пленуми КМ Ҳизби Коммунисти Точикистон баргузор мегардад, дар он сарвазири ҷумҳурӣ Иззатулло Ҳаёев кушиши табаддулотро эълон кард.
Сипас додситони ҷумҳурӣ Геннадий Михайлин гуфт, ки аз рӯи ин изҳорот тафтишот гузаронида мешавад. Аммо, аз тарафи Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтишот гузаронда нашуд.
Сабаб: раиси КАДТ Владимир Петкел гуфт: «Аввал мо тафтишоти партиявӣ мегузаронем, баъд Шумо тафтиш мекунед». Петкел илова намуда мегуяд, ки ин фармони Борис Пуго аст, ӯ намояндаи КМ ҲКИШ аз Маскав барои дар зери назорат доштани ҳамоишгарон омада буд.
Инҷо иштибоҳи калон буд, чаро? Чунки масъала — масъалаи ҳизбӣ набуда, балки масъала — масъалаи ҷиноятӣ аст. Бояд, як комиссияи босалоҳият, тафтишоти худро мегузаронд. Вале раиси КАД Владимир Петкел воқеъаи хунинро ба масълаи партиявӣ омехта намуда ба соя мекашад.
Тарафи дигари масъала, Геннадий Михайлин, оид ба кушодани тир, худ фармон дода аст, чӣ хел тафтишот мегузаронад, гунаҳкори асоси худаш аст.
Пас аз чанд вақт чунин комиссия дар ҳудуди 100 нафар муфаттишон аз ҳайати Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи амнияти давлатӣ ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва ИҶШС ташкил карда шуд, ки тӯли 4 моҳ аз тарафи муфаттиши калони корҳои махсусан муҳими назди прокуратураи генералии ИҶШС Олег Литвак роҳбари кард. Вале натиҷа, самара надошт.
Пас, Сардори шӯъбаи тафтишоти аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон Солиҷон Ҷӯраев, сардори гурӯҳи тафтишотӣ таин карда мешавад. Олег Литвак пеш аз рафтанаш ба Солиҷон Ҷӯраев мегӯяд, ки ба ман аз боло хеле фишор меоварданд, огоҳ бош, ки ба ту ҳам фишор меоранд.
Инҷо бояд ҳар як инсони солим ақл, хулоса барорад, ки вақте аз боло фишор оварда мешавад, ҷиноят, ва ё ҷинояткорро ошкор кардан хеле мушкилзо мешавад…
“Пас аз 20 сол ҷонишини вазири ВКД — и ҶШС Тоҷикистон Николай Шентсев ба бетартибиҳои оммавӣ ва ҳамла ба бинои КМ ҲК Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирон, аз тарафи издиҳоми хашмгини аслиҳа доштаро, аз тарафи сарбозони нерӯҳои махсус, ки аз Маскав омада буданд, 25 ошӯбгари мусаллаҳро тирборон карданд…” Инҷо, ӯ маҳз дурӯғ мегӯяд, ки 25 ошӯбгари мусаллаҳро тирборон карданд.
Вале, аввалан на ошӯбгар, балки ҳамоишгар, сониян тафтишот муайян кардааст, ки аз ҳамоишгарон ягон силоҳ мусодира карда нашудааст, онҳо ошӯбгар набуданд, онҳо ҳамоишгарони бесилоҳи озодихоҳ буданд.
Ба ин воқеаи хунин, бо чунин далелҳои тасдиқкунанда, комиссия нуқта гузошта натавонист, яъне гунаҳкорон муайян карда нашуд, (чунки гунаҳкорони асосӣ бо шарҳи имрӯза бачаякоӣ болои буданд) пас аз як соли гирдиҳамоӣ Владимир Петкел ва Геннадий Михайлин фирор карданд, тафтишотҳам қатъ шудааст…
Идома дорад
Рубрики:Дидгоҳ



