“Дар таърихи Тоҷикистон, ин интихоботи мардумсолоритарин, шаффофтарин ва озод гузаронда шуда буд. Интихоботҳои баъди то имрӯз, ғайри озод, ғайри демократӣ, ғайри шаффоф, ва бо роҳи фиреб, ғайри қонунӣ ва бо тариқи масхарабозӣ гузаронда мешавад, ки пур аз фасод аст…”

Назаре ба воқеъаҳои рӯзҳои аввали истиқлолият ва иҷлосияи изтирории 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5)
(Аз силсиламақолоти “Муаммои рӯз” ба қалами Дадоҷон Ёқубов)
Миллати тоҷик дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, яке аз аввалин шуда озодиро бо рехтани хун ба даст оварда буд. Вале мансабталошии масъулин ва депутатҳои Шӯрои Олӣ ба сари мардуми бегуноҳ рӯзҳои сиёҳеро сарорез кард, ки то ҳол давом дорад.
Ҳоло барои исботи ин гуфтаҳо, як воқеияти талх аз таърихро бароятон нақл мекунам:
Аввалин интихоботи президентии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 30-уми ноябри соли 1990 дар Сессияи чорӯми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон барпо гардид.
Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ва депутати Шӯрои Олӣ Раҳмон Набиев, ҳар ду ҳам номенклатураи коммунистӣ, номзад ба симмати президенти ҷумҳурӣ пешбарӣ шуданд.
Аз рӯи натиҷаи овоздиҳии депутатҳои Шӯрои Олӣ Қ. Маҳкамов бо 131 овоз (57,0% ) ва Р. Набиев бо 89 овоз (38,7%) соҳиб шуданд. Мувофиқи ҷамъбасти овозҳо, Қ. Маҳкамов ғолибият ба даст оварда, расман президенти ҷумҳурӣ интихоб шуданд.
Оғоз аз пагоҳ депутатҳои вақтии вилояти Ленинобод барои якдигар чоҳканиро оғоз намуданд, ки талхии онро мардуми Тоҷикистон то ҳол чашида истодааст.
Ҳатто яке аз депутатҳо артисти халқии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов, ба Қ. Маҳкамов гуфт, ки як бор мард шавед…
Дар интиҳо Қаҳҳор Маҳкамов аз минбари Шӯрои Олӣ ба депутатҳо хитоб намуда гуфт: “Ман меравам, вале Шумо пушаймон мешавед!..” Ӯ папкаи чандсолаи ранги сурх доштаи худро гирифта рафт…
Ҳақиқатан ҳам, аз рӯи гуфтаи Қ. Маҳкамов, на танҳо депутатҳо пушаймон шуданд, балки миллат ва кулли мардуми Тоҷикистон пушаймон шуд. ( Рӯзе шуд, ки депутатҳои номӯҳтарам, аз шаҳри Душанбе бо роҳҳои пинҳонӣ гурехта ба маҳали худ рафтанд ).
Итихоботи навбати пас аз як соли аз интихоботи гузашта, рӯзи 24 ноябри соли 1991 интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Номзадҳо 7 нафар буданд: аз ҷумла аз ҲКТ, Раҳмон Набиев ва аз ҲДТ, Давлат Худоназаров ва 5 нафари дигар иштирок карданд.
Банда дар вақти вохӯрии номзад ба симмати президентӣ Р. Набиев бо мардум, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд иштирок дошта, се савол дода будам:
1) Агар Шумо ба симмати президентӣ интихоб шавед, артиши миллӣ ташкил карда мешавад ё на?
2) Азбаски аксари зиёиён тарафдори номзадии Давлати Худоназаров ҳастанд, дар сурати интихоб шудани Шумо ба симмати президентӣ, барои зиёиён кадом имтиёзҳоро пешниҳод ва ҷорӣ менамоед?!
3) Дар сурати интихоб шудани Шумо ба мақоми президентӣ, саноатҳои дар ихтиёри Русия буда, миллӣ кунонида мешаванд ё на?
Саволҳо ба дасти Сафаралӣ Кенҷаев, рафта расид, вале ба ягон савол ҷавоб дода нашуд?!
Бегоҳии ҳамин рӯз дар театри ба номи К. Хуҷандӣ (собиқ А. Пушкин) бо элитаи шаҳри Хуҷанд боз вохӯрӣ ташкил шуд. Дар саҳнаи театр, С. Кенҷаев, Ҷ. Муродов ва Р. Набиев дар ролҳо бозӣ мекарданд. Боз ҳамон саволҳоро пешниҳод намудам, аввал ба дасти С. Кенҷаев саволҳо расид, хонд, каме ба сукут рафт, ( сабаби ба сукут рафтанаш, саволҳо дубора ба дасташ расид, роҳи гурезро ва ё роҳи раҳоиро надошт ) лекин ба Р. Набиев дод.
Ҷавобҳо бо ин шарҳ буд:
— ҷавоби якӯм, барои ташкили артиши миллӣ 9 млн пул лозим аст, ки ин миқдор пулро Ҳукумати Тоҷикистон надорад. ( Ин дар ҳолест, ки артиши миллӣ сутунмӯҳраи давлат аст. Дидгоҳи номзад ба симмати президенти ҷумҳурӣ, сиёсатмадори Шӯравӣ дар чунин сатҳ буд );
— ҷавоби дуюм, савол хонда шуд, зиёиён, ки дар сафи пеш нишаста буданд, хитоб намуда Шумо тарафдори кӣ ҳастед?!
Ҳама, яъне зиёиён бо ханда идома доданд…
— ба саволи сеюм ҷавоб дода нашуд.
Пас раиси ҳизби демократӣ дар шаҳри Ленинобод, Файзуллоҷон Файзиев, ин ҷавобҳоро шунида, ба саҳна баромад ва аз дасти номзад Р. Набиев микрофонро кашида гирифт ва дар бораи номзади ҳизби демократӣ Давлат Худоназаров суханрони намуд…
Хулоса рӯзи интихобот, ба Раҳмон Набиев 1 321 189 нафар ( 60,44 % );
ба Давлат Худоназаров 678 461 нафар ( 31,04 % );
ба Сайфуддин Тӯраев — 4,63 %;
ба Ҳикматулло Насриддинов — 1,32%;
ба Бурихон Салимов — 0,54 %;
ба Бобиршо Шоев — 0,38 %;
ба Акбар Махсумов овозҳо дода шуд.
Дар таърихи Тоҷикистон, ин интихоботи мардумсолоритарин, шаффофтарин ва озод гузаронда шуда буд. Интихоботҳои баъди то имрӯз, ғайри озод, ғайри демократӣ, ғайри шаффоф, ва бо роҳи фиреб, ғайри қонунӣ ва бо тариқи масхарабозӣ гузаронда мешавад, ки пур аз фасод аст…
Бар асоси натиҷаи даври аввал Раҳмон Набиев бо аксарияти овоз ( 60, 44 % ) ба панҷ соли аввал раиси ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд…
Сафаралӣ Кенҷаев, дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ раиси Шӯрои Олӣ интихоб мешавад.
Вале аввалин коре, ки кард, бар алайҳи вазири корҳои дохилӣ генерал майёр Мамадаёз Навҷувонов буд, намоишкорона, мағрурона камбудиҳои онро дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ ошкор намуд… ( Сафаралӣ Кенҷаев, инҷо хеле ба иштибоҳи бузург даст зад, ки ин аввалин иштибоҳи ӯ буд ).
Пас пагоҳии рӯзи дигар, сабаби тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ, сарорез шудани ҷавонони минтақаи Бадахшон, дар майдони назди қаблии идораи раёсати ҷумҳур, рӯзи 26 марти соли 1992 ба вуқӯъ пайваст, ки эътирозгарон талаби истеъфои С. Кенҷаев аз мақоми раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, пароканда кардани парлумон ва баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат дар асосӣ бисёрҳизбӣ буд.
Пас аз майдоннишинии тӯлонии 52 рӯза, талаботи ҳамоишгарон, қисман қонеъ гардонида шуд. Дар натиҷа » Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ » арзи вуҷуд кард, ҳамоишгарон бо як умеди ояндаи нек майдонро тарк карданд…
Идома дорад
Рубрики:Дидгоҳ

