
Назаре ба воқеъаҳои рӯзҳои аввали истиқлолият ва иҷлосияи изтирории 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (6)
(Аз силсиламақолоти “Муаммои рӯз” ба қалами Дадоҷон Ёқубов)
Вақте тазоҳуркунандаҳо майдони Шаҳидонро тарк карданд, бадбахтона аз тарафи ҳукумат майдони Озодӣ ташкил карда шуд, ки дар ин майдон ҳамоишгарон то 50 000 нафар ҷамъ мешуданд. Яке аз талабҳои онҳо барқарор намудани раиси Шӯрои Олӣ Сафаралӣ Кенҷаев буд.
Хатогии бузурги роҳбарияти вақт он буд, ки ба ҳамоишгарон 1700 дона яроқи оташфишони тақсим карда шуд. Ин иштибоҳи дуюми ҳукумат буд…
Ба ҳама маълум буд, ки яроқ барои чӣ ва барои кӣ дар байни ҳамоишгарон тақсим карда шуд?!
Пас аз ташкили майдони Озодӣ, намояндаҳои майдони Шаҳидон, ки майдонро тарк карда буданд, боз ба майдоннишинӣ бармегарданд…
Ҳамон вақт шаҳри Ленинобод бо шаҳри Кӯлоб бародаршаҳр буд. Ҳукумати шаҳр ва вилояти Ленинобод, ба шаҳри Кӯлоб ёрдами бародарона дар намуди хӯрокворӣ мерасонданд, ҳақиқатан ҳам гушнагии саросари минтақаро фаро гирифта буд, ҳатто овоза паҳн шуда буд, ки мардум аз гушнагӣ кунҷола ( кунҷора ) мехӯранд: ин амали шаҳрвандони Ленинобод — амали инсонӣ буд, амали хубу беҳтарини дустӣ буд, ки қобили қабул аст. Вале бо баҳонаи расонидани кумаки башардӯстона ( хӯрокворӣ ) ба шаҳри Кулоб, дар зери орди мошинҳои боркаш, яроқҳам ворид карда мешавад, ки ин амалро банда амали ғайриқонунӣ, ғайри инсонӣ меҳисобам, ки ин як тарафи масъала. Тарафи дигари масъала, ба болои яроқ, масъулони вилояти Ленинобод ба майдоннишинҳои Озодӣ кумаки молӣ мерасонданд. Яъне ин маънои онро дорад, ки хуред, шинед… Ин иштибоҳи сеюми Ҳукумат буд.
Пас аз мусаллаҳ шудани майдони Озодӣ, ба майдони Шаҳидонҳам, як мошинаи боркаш яроқ ворид мешавад, ки ҳоло аз равганаш тоза карда нашуда буд…
Инҷо давоми суханро аз забони яке аз шоҳидони гирдиҳамоӣи озодихоҳ, истиқлолхоҳ Шоҳнаими Карим мешунавем, ки ӯ бо ин шарҳ гуфт: » Дар ун шабу рӯз тамоми раҳбарони ҲНИТ ба нигоҳ доштани яроқ зид буданд, чун пайомадашро медонистанд, будани силоҳ дар ҷамъ, идора карданаш хело мушкил мешавад. Ва силоҳ худ хун талаб мекунад. Ун мошине, ки пур аз силоҳ дар майдони Шаҳидон пайдо шуд. Бо раҳбарии Қори Муҳаммадҷони Шаҳид ба дохили идораи Қозиёт интиқол дода шуд ва аз онҷо ба соҳибони аслияш баргардонда шуд. Ва соҳибони аслияш дивизияи 201 — ӯми русҳо буд дар шаҳраки Гипрозём.
Ва Қори Муҳаммадҷон ҳамаро қасам дод, ки касе ҳақ надорад, як тирро ҳам аз ун мошини ҳангуфти силоҳ бигирад «.
Инҷо суоле пайдо мешавад, ки яроқ бо кадом мақсад ба майдони Шаҳидон ворид карда шуд?
Давоми суханони Шоҳнаими Карим: «Майдони Шаҳидон, воқеъ дар назди Қасри раёсати ҷумҳурии қаблии Тоҷикистон буд ва таҷамуъи мардум дар онҷо 52 — рӯз идома дошт.
Ва дар мудлати 52 — рӯз беҳтарин низоми инсонгари дар онҷо барқарор буд.
Назофат, ба беҳтарин ҳолат риоя карда мешуд. Вақте русзабонҳо аз онҷо мегузаштанд воқеъан аз бо маданият будани мардуми мусалмони Тоҷикистон ҳасад мезурданд ва таҳсинашон мекарданд.
Ҳудудан рузона 20 — 25 ҳазор нафар дар онҷо ҷамъ мешуданд. Ва ҳамаи онҳо бо хӯрок таъмин карда мешуданд. Ҳатто мактаббачаҳои синфҳои болои, донишҷӯён меомаданд бо ҳамроҳии мардум хӯрок мехӯрданд: ва баъзе аз донишҷӯён мегуфтанд, ки беҳтарин рӯзҳои донишҷӯии онҳо дар ҳамин 52 — рӯз бо мардум будан ва панду мавъизаҳои ҳасана ва хуб шуниданашон буда аст.
(Бо сабаби он ки ин масъала — масъалаи хеле васеъ ва бузург аст, бо яке аз шоҳидони ин рӯзҳо бо домулло Муҳаммадсаиди Ризоӣ бо мувофиқа расидем, ки оиди ин воқеъаҳо як таърихчае бинависем, ана аз ин лиҳоз, ин масъаларо ба вақти дигар мегузорам.)
* * *
Чанд сухане оид ба гирдиҳамоии шаҳри Хуҷанд, арз медорам, гирдиҳамоии шаҳри Хуҷанд бо раҳбарии раиси ҳизби демократӣ дар вилояти Ленинобод Ҷумъабой Ниёзов ва сархатиби вилоят Ҳоҷӣ Муслиҳиддин Мукаррамзода дар назди кинотеатри » Тоҷикистон » ташкил карда мешавад.
Рӯзи гирдиҳамоӣ бо дастгирии намояндаҳои Ҳизби Коммунистии вилояту шаҳр, ҷавонони сархуш карда шударо барои ноором кардани ҳамоиш омода карда мешавад…
Банда, ки дар ҳамоиш иштирок доштам, шахси солхӯрдае нисбати ҳамоишгарон суханҳои қабеҳ мегуфт ва фитна меандохт. Вақте, ки ба он мард фаҳмонидани шудам, ки Шумо бояд барои беҳтар намудани зиндагии худ аз Ҳукумат талаб кунед, суханамро тамом нокарда ӯ аз ҷавонони сархуш даъват кард, ки ана яке аз гунаҳкорони ҳамоиш гуфта хитоб кард, дар як лаҳза ҷавонон гирди ман ҷамъ омаданд…
Хушбахтона аз моҷарои мо лаҳзае нагузашта, полковники баландқомати милиса бандаро мешинохтааст, ӯ гуфт, ки муаллим Шумо бо инҳо баробар нашавед гуфта, аз чанголи онҳо халос кард.
Бори дигар бо чунин кормандони ҳифзи ҳуқуқ, миннатдории худро ба воситаи, ин шабакаи иҷтимоӣ мерасонам.
Инҷо суханро ба дарозо намекашам, ҳамоиш ба охир нарасида, гурӯҳи ҷавонон ба таҳқири созмондиҳандагон гузаштанд, ҳатто Имомхатиби вилоятӣ Ҳоҷӣ Муслиҳиддин Мукаррамзодаро таҳқир намуда аз ҷои ҳамоиш то масҷиди марказӣ, бо суханҳои таҳқиромез ҳаракат доштанд. Ҳатто ба тарафи гурӯҳи ҳамоишгарон, ки Имомхатибҳам ҳамроҳ буданд, санг партоиҳам карда буданд…
Пагоҳи ва ё паси пагоҳи Ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо сарварии Раиси шаҳри Хуҷанд Абдуғани Абдуллоҷонов ва ҷонишини директори омӯзишгоҳи тиббӣ Очилов Рустам, дар майдони » Панҷшанбе » рӯбарӯйи масҷиди шайх Маслиҳиддин митинги зидди гирдиҳамоии озодандешон ташкил намуда, ба ҷои минбар мошинаи боркашро омода менамоянд, Абдуғани Абдуллоҷонов ва Рустам Очилов ба болои мошин баромада суханҳои кӯчагӣ ва бемантиқ гуфта, имомхатиби вилояти Ленинобод, Ҳоҷӣ Муслиҳиддин Мукаррамзодаро, аз масҷид даъват карда, ба болои мошин мебароранд, аз имомхатиб, таҳқир омезона талаб мекунанд, то ки имомхатиб, эълон намояд, ки ташкилоти динии вилояти Ленинобод аз қозиёти ҷумҳурӣ ҷудо карда шавад…
Вале домулло ҷавоби мантиқӣ дод. Яъне, ӯ гуфт, ки ман худам, оид ба ҷудо намудани ташкилоти динии вилоят ҳуқуқ надорам, бояд ман 40 нафар аъзои Шӯрои динии вилоятро даъват намуда масъалагузори намоям… Якбора Абдуғани ура ура ура… мо ғалаба кардем, ӯ аз кӣ ғалаба кард, чӣ хел ғалаба кард, аз болои кӣ ғалаба кард, номаълум буд.
Дере нагузашта Рустам Очилов худашро дар ҳавлиаш овехта кушт, Абдуғани Абдуллоҷоновро боздошт намуданд, дар маҳкама зулму шиканҷа шуд, бардошта ба сафи бетонин мепартоянд ( мезананд ) гурдаҳояш осеб мебинад, ҳоло дар озодӣ аст, бекор…
Солхӯрдае, ки дар гирдиҳамоӣ фитна меандохт, рӯзе дар кӯчаи одамгузари байни универмаг ва бонки амонатӣ вохӯрдам, семичка фурӯш шудааст…
Имомхатиби вилоятӣ Ҳоҷӣ Муслиҳиддин Мукаррамзода аз вазифааш сабукдӯш карда шуд, чанд вақт, аз масҷиди марказӣ гирифта ба масҷиди ҷомеъи дар роҳи автовокзал буда имом таин карданд…
Ҳоҷӣ Муслиҳиддин боз ба масҷиди марказӣ бо масъулияти имом баргаштанд… Вале пас аз чанд сол, ҷонро ба ҷонофарин супориданд. Худованд ғариқу раҳмат ва шоистаи ҷаннат карда бошад!
Идома дорад
Рубрики:Дидгоҳ



