“Ислом Каримов, президенти ҳамон вақтаи Ӯзбекистон, бо маслиҳати Б. Елтсин, Владимир Квачковро даъват карда, оид ба ташкил намудани табаддулот дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунад ва мегӯяд, ки бояд дар муддати 3 моҳ табаддулот ташкил карда шавад. Ӯ ҳам солҳои тӯлонӣ, дар Афғонистон аз хуни тоҷикон сер нашудааст, зуд розӣ мешавад. Пас В. Квачковро ба қаламрави Тоҷикистон интиқол медиҳанд…”

Назаре ба воқеъаҳои рӯзҳои аввали истиқлолият ва иҷлосияи изтирории 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (8)
(Аз силсиламақолоти “Муаммои рӯз” ба қалами Дадоҷон Ёқубов)
Аз нооромии шаҳри Душанбе, на танҳо шаҳри Тошканд дар ташвиш буд, балки дар ибтидоӣ соли 1992 вақте ки Кремл хатари таъсиси эътилофи қавии сиёсии демократҳо ва ҷонибдорони Ҳизби Наҳзати Исломиро дар Тоҷикистон эҳсос кард, тасмим гирифт, ки оҷилан як гурӯҳи мусаллаҳ ташкил карда, онро ҳаматарафа таъмин намояд.
Дар ҳамон лаҳзаҳо, ки президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оромӣ надошт, бо дастгирии Борис Елтсин, аз назартангӣ, миллатгароӣ, аз бадбинии озодихоҳон, ислом ва исломиён, зуд аз пайи буғӣ кардани мардуми озодихоҳи Тоҷикистон ва “Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ“ шуданд.
Борис Елтсин, Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев, телефонӣ гирди ҳам омада, дар пайи шикасти ҷумҳурии озодихоҳи кучаки мо шуданд…
Ҳамон вақт, Владимир Васильевич Квачков, полковники (ГРУ) Сарраёсати Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия буда, ки рӯзи якуми июли соли 1992 бо бригадаи 15-уми таиноти махсус, ки ба он фармондеҳӣ мекард, бо розигии масъулони Маскав ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронда мешавад. Ҷои ҷойгиршавии он дар наздикии шаҳри Тошканд, шаҳарчаи Чирчиқ мақар гирифта буд.
Ислом Каримов, президенти ҳамон вақтаи Ӯзбекистон, бо маслиҳати Б. Елтсин, Владимир Квачковро даъват карда, оид ба ташкил намудани табаддулот дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунад ва мегӯяд, ки бояд дар муддати 3 моҳ табаддулот ташкил карда шавад. Ӯ ҳам солҳои тӯлонӣ, дар Афғонистон аз хуни тоҷикон сер нашудааст, зуд розӣ мешавад. Пас В. Квачковро ба қаламрави Тоҷикистон интиқол медиҳанд.
Ӯ зуд барои сарварии гурӯҳи ҷиноӣ, шахси 23 сол дар зиндон буда, ҷинояткор (рецидивист) Сангак Сафаровро интихоб менамояд.
В. Квачков ӯро ба назди Ислом Каримов барои сӯҳбат мебарад.
Ислом Каримов параметри ҷиноятҳояшро бар кашида маъқул мекунад. Чунки ба ӯ ҷинояткор лозим буд, то ки супоришҳое, ки медод иҷро карда тавонад…
Сангак Сафаров барои саркӯб кардани озодандешон супоришро мегирад. Вале ба фаҳмиши онҳо на озодандешон, балки, исломиёнро дар назар доштанд. Лекин дар асл кулли озодандешон буд…
Сангак Сафаров, баробари ҷиноятҳое, ки содир кард, яке аз онҳо, раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб Ризоевро аз пешониаш парронд ва ба ҷои он директори совхози ба номи “Ленин“-и ноҳияи Данғара Эмомалӣ Раҳмоновро шинонд. Гуфтан мумкин аст, ки аз ҳамин рӯз сардори гурӯҳи ҷиноӣ қатли мардуми бегуноҳ, бесилоҳро оғоз кард.
Сангак Сафаров дар гурӯҳи ҷиноӣ (Фронти халқӣ) ягона шахсе набуд, ки собиқаи ҷиноятӣ доштааст — ӯ шахсонеро, ки аллакай бо Кодекси ҷиноятӣ дучор омада буданд ва ё танҳо дар орзуи он буданд, дар зери қаноти худ ҷамъ мекард.
Барои мусаллаҳ гардонидани гурӯҳи ҷиноӣ, полки 9-уми двизияи 201-уми Русияи дар шаҳри Қӯрғонтеппа мустақар буда, сардори он полковники маккор Вячеслав Меркулов шахсан, дар бораи мусаллаҳ кардани гурӯҳи ҷиноӣ дастгирӣ ва ғамхорӣ кардааст ва сабабгори хунрезиҳои зиёде дар маркази Қурғонтеппа ва вилоят шудааст.
Инҷо чанд нуқтаеро аз рӯи мусоҳибаи Додоҷони Атовулло бо устоди зиндаёд Саид Абдуллоҳи Нурӣ меорам:
“Устод бо ин шарҳ мегӯянд, ки ҷаллоди миллат Сангак Сафаров ба Қурғонтеппа омада ба идораи вилоят медарояд ва митинг ташкил намуда шаҳарро зери тасарруфи худ медарорад, аз ин ҳодиса мардум огоҳи ёфт ва шаҳарро то Калининобод поккори намудем. Онҳо гурехта ба хонаҳои афсарони русҳо паноҳ гирифтанд. Полковник Меркулов ба мо гуфт, ки ман аввал нафаҳмида гумон мекардам, ки Шумоён одамони хуб нестед зидди мардуми ҳастед, акнун фаҳмидам, ки Сангак ва тарафдоронаш, аз Кулоб омада, одамҳои хуб набудаанд. Мо ба ӯ бовар карда мафтуни ӯ гаштем, дар кӯчаҳо постҳои худро гузошта баргаштем, вале ӯ моро фиреб додааст.
Шабона соати 3-и шаб тарафдорони Сангак, 4 танк, БТР, БМП ҳамагӣ 7 ададро аз полк гирифта мераванд, гуё, ки онҳо дуздида бошанд.
Мо пагоҳии рӯз ба сардори дивизияи 201-ум Ашӯров хабар додем онҳо гуфтанд, ки мо ин масъаларо ҳал мекунем, вале боз чанд танк, БТР, БМП-и дигар равон карданд ва дар Калининобод ҷамъ шуда мулоқот карданд. Сангак Сафаров бо чунин миқдори танку мошинҳои зиреҳпӯши Меркулов ба болои мардум, аз нав ҳуҷум кард. Дар заду хӯрдҳо афсарони Меркулов ва русӣ иштирок доштанд, ки аз асирҳои гирифтаи мо 5 нафарашон аз регионҳои Русия буданд, онҳоро бо баҳонаи картошкачинӣ мебарем гуфта ба ҷанги шаҳрвандӣ овардаанд, онҳо яроқҳояшонро партофта гурехта ба дасти мо афтиданд. Онҳо мазлум буданд, мо бо либосу пойафзол таъмин карда, меҳмондорӣ намуда, пулҳам додем ва бо нақлиёти роҳи оҳан, ба ҷойҳои зисташон, гусел кардем.“
Устод инчунин гуфтаанд: “Нуқтаи дигаре, ки ба вуқӯъ пайваст, ҳодисаи Тавилдара буд. Дар инҷоҳам 200 — 300 нафар аскарони русӣ иштирок доштанд, аксарияти онҳо дастгир шуданд кушта шуданд ва ҳуҷҷатҳои онҳоро ба пеши мо оварданд, ки тоза аз артиши Русия шаҳодатнома дода буданд, онҳо гурӯҳи махсуси вижа ҳастанд, ба амалиётҳои махсус мерафтанд, ҳамчун десант иштирок мекарданд. Инҳо ҳама аз тарафи нерӯҳои мо дастгир шуданд ва ҳама ҳалок гардиданд.
Боз мисолҳои зиёд овардан мумки аст, ки дар Душанбе ва дигар ҷойҳо афсарони русӣ иштирок мекарданд, коммунистҳоро тарафдорӣ ва ҳаракати мардумиро пашх мекарданд.“
Идома дорад
Рубрики:Дидгоҳ

