“Пеш аз иҷлосия, депутатҳои вилояти Кӯлоб бо сарварии Эмомалӣ Раҳмонов бо вертолёти Ӯзбекистон ба шаҳри Термизи Ӯзбекистон мераванд. Супориши Сарраёсати амнияти Ӯзбакистонро мегиранд. Супориш дар сурати раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмонов, ӯро ӯҳдадор менамоянд, ки он чизе, ки аввал ба Акбаршо Искандаров пешниҳод карда буданд ва Искандаров рад карда буд, ҳамон пешниҳодро ба Эмомалӣ Раҳмонов пешниҳод мекунанд, яке аз он пешниҳодҳо саркӯб кардани исломиён, вале дар асл озодандешон, озодихоҳон, мардумсолорон буд ва чанде роҳбарони Вазоратҳо аз ҷумла вазири Вазорати дифоъ буд, ки аз тарафи Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод мешуд, Эмомалӣ Раҳмонов розӣ мешавад…”

Назаре ба воқеъаҳои рӯзҳои аввали истиқлолият ва иҷлосияи изтирории 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9)
(Аз силсиламақолоти “Муаммои рӯз” ба қалами Дадоҷон Ёқубов)
Гурӯҳи ҷиноӣ ва як гурӯҳи депутатҳо эълон карданд, ки иҷлосияи ғайри навбатии Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд гузаронда мешавад, бе он ки бо Акбаршо Искандаров маслиҳат бикунанд, зеро Искандаров иҷрокунандаи вазифаи президентӣ ва ҳамзамон раиси Шӯрои Олӣ буд.
Чанд муддат пештар, аз тарафи ҷумҳуриҳои ИДМ пешниҳод шуда буд, ки дар Тоҷикистон “Дар давраи гузариш, сохтори Шӯрои давлатӣ — ба додани роҳбари Ҳукумат то интихоботи навбатӣ“ иҷро шавад. Акбаршо Искандаров ба чунин пешниҳод фармонро имзо карда буд. Дар охирон фурсат варианти дигар, яъне даъвати иҷлосияи Шӯрои Олӣ ба пеш меояд.
Инҷо муаммои сарпечида ба вуҷуд омад: Чаро? Кӣ чунин қарорро қабул кард? Гурӯҳи ҷиноӣ? Депутатҳои Шӯрои Олӣ? Президиум бо сардории Искандаров? Ва ё роҳбарони дигар давлатҳо? Ин саволҳо ҷавоб надорад.
Вале як чиз равшан аст: бо маслиҳати сардори гурӯҳи ҷиноӣ Владимир Квачков ва ё бемаслиҳати он — ин сенарияро Маскав ва Тошканд тартиб дода буданд.
Агар иҷлосия дар шаҳри Душанбе баргузор мешуд, гурӯҳи ҷиноӣ мақсадҳои худро иҷро карда наметавонист.
Аз ин лиҳоз ин пешниҳодро гурӯҳи ҷиноӣ, гурӯҳи депутатҳои вилояти Кӯлоб ва мумкин қисме аз депутатҳои вилояти Ленинобод (Суғд) ҳам ҳамроҳ бошанд.
Чаро? Чунки аз аввал мақсад то оғози иҷлосия барои барқарор намудани Ҳукумати конститутсионӣ ва раисиҷумҳур Раҳмон Набиев буд.
Аз рӯи нақшаи пешаки тарҳрезӣ шуда, ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ бояд дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешуд.
Пеш аз оғози иҷлосия боз ба тарс афтоданд, чунки дар шаҳри Хуҷанд иҷлосия баргузор шавад, қарори ғайри қонунӣ қабул карда наметавонистанд. Дар сурати қарорҳои ғайри қонунӣ қабул намудан, мардуми шаҳр ва атрофи он ба майдонҳо мерехт.
Аз ин лиҳоз, боз ҷои дигарро интихоб мекунанд. Яъне ҷоеро интихоб карданд, ки сарорез шудани мардум ҳеҷ имконият надошт. Инҷо Қасри “Арбоб“-и колхози ба номи С. Ӯрунхуҷаеви ноҳияи Б. Ғафуров буд.
Маълум шуд, ки гурӯҳи ҷиноӣ ва гурӯҳе аз депутатҳо мақсади асосии худро пинҳонӣ нигоҳ медоштанд.
Пеш аз иҷлосия, депутатҳои вилояти Кӯлоб бо сарварии Эмомалӣ Раҳмонов бо вертолёти Ӯзбекистон ба шаҳри Термизи Ӯзбекистон мераванд. Супориши Сарраёсати амнияти Ӯзбакистонро мегиранд. Супориш дар сурати раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмонов, ӯро ӯҳдадор менамоянд, ки он чизе, ки аввал ба Акбаршо Искандаров пешниҳод карда буданд ва Искандаров рад карда буд, ҳамон пешниҳодро ба Эмомалӣ Раҳмонов пешниҳод мекунанд, яке аз он пешниҳодҳо саркӯб кардани исломиён, вале дар асл озодандешон, озодихоҳон, мардумсолорон буд ва чанде роҳбарони Вазоратҳо аз ҷумла вазири Вазорати дифоъ буд, ки аз тарафи Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод мешуд, Эмомалӣ Раҳмонов розӣ мешавад.
Аз рӯзи аввали иҷлосия, аз гардиши роҳи Арбоб, аз роҳи асосии Хуҷанд — Б. Ғафуров, то қасри “Арбоб“, дар масофаи зиёда 3 километр сарбозон, афсарон ва кормандони амниятии Ӯзбакистон гузошта мешавад ва иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар зери тасарруфи президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов буд… Чаро? Чунки Тоҷикистон сарбоз ва афсари қонунии худро надошт.
Ва ҳамчунин тамоми гирду атрофи Қасрро сарбозон ва амниятиҳои Ӯзбекистон ва одамони фронти халқӣ бо сарварии Сангак Сафаров муҳофизат мекарданд.
Депутатҳои Шӯрои Олӣ инқадар аз кӣ метарсиданд, номаълум буд.
Чанд нуқтае, ки дар раванди иҷлосия норӯшан буд инҷо меорам:
1. Дар рӯзи аввал, коре карданд, ки раиси кунандаи иҷлосия Ҳабиб Табаровро интихоб намуданд. Ҳол он ки раиси Шӯрои Олӣ Акбаршо Искандаров дар ҷаласа ҳозир ва зинда буд;
2. Дуюм коре, ки карданд, барқарор намудани Ҳукумати конститутсионӣ ба фаромӯшӣ рафт, аз ҳудуди 200 нафар депутатҳои Шӯрои Олӣ, нафаре пайдо нашуд, ки овозе бароварда бошад. Чаро…?
3. Сеюм коре, ки карданд, президенти мардум интихоб кардаро ба иҷлосия даъват накарданд, чунки, нақшаи иҷлосия то ба шаҳри Хуҷанд омадан, аз тарафи гурӯҳи депутатҳо ва гурӯҳи ҷиноӣ тарҳрезӣ шуда буд;
4. Чорум коре, ки карданд, дар давоми иҷлосия собиқ раиси Шӯрои Олӣ Сафаралӣ Кенҷаев рабуда шуд, чунки ӯ депутати фаол, яке аз лидере, ки рақиби номзади раиси Шӯрои Олӣ буд;
5. Панҷум коре, ки карданд, Сангак Сафаров, ҳуқуқи дар иҷлосия иштирок карданро надошт, вале аз аввал то охир иштирок кард. Ҳатто яке аз депутатҳо “ меъморӣ “ истиқлолияти Тоҷикистон Тоҳири Абдуҷабборро таҳқир кард, ин ҷиноят буд, баранда ӯро бознадошт ва аз толор берун накард. Чаро…?
6. Шашум коре шуд, ки чанд рӯз раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов ҳам дар иҷлосия иштирок надошт. Чаро…?
7. Ҳафтум коре, ки карданд, қумондонҳои мухолифонро аз шаҳри Душанбе ба иҷлосия даъват карданд, вале сухан надоданд, бо онҳо дар пушти парда, танҳо тӯли 10 дақиқа Сангак Сафаров, гапзанон кард. Чаро…?
8. Ҳаштум коре, ки карданд, ҷонишини вазири корҳои хориҷӣ ва намояндаҳои амниятии Ӯзбакистон аз аввал то охири иҷлосия иштирок доштанд. Чаро…?
9. Мақсади иҷлосия барои барқарор намудани ҳуқуқҳои президенти онвақта Р. Набиев, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буд, баррасӣ нагардид.
Инҷо маълум шуд, ки зери коса нимкосае ҳаст, ки қисми зиёде аз депутатҳо хабар надоранд…
Идома дорад
Рубрики:Дидгоҳ



