Паймони Миллии Тоҷикистон аз қабули Қатъномаи Порлумони Иттиҳодияи Аврупо оиди Тоҷикистон дар санаи 18 январи соли ҷорӣ истиқбол мекунад.
Дар ин Қатънома Ҳукумати Тоҷикистон барои саркӯби расонаҳои мустақилу хабарнигорон, мунтақидони давлат ва вакилони мудофеъ сахт танқид карда шуд.
Инчунин барои иҷрои дархостҳои Душанбе оиди пайвастан ба барномаҳои имтиёзноки Иттиҳоди Аврупо ба мисли GSP+ ба иҷрои шартҳое вобастагӣ дода шудааст.
Дар масоили ҳамкориҳои иқтисодию сиёсӣ аз ҷониби ИА дар авлавият қарор додани арзишҳои бунёдӣ мисли ҳуқуқи инсон, озодии баён, фаъолияти озоду мустақили васоити ахбори омма, фаъолияти созмонҳои мадани ва адвокатура ҷои таҳсин аст.
Алалхусус талаб кардани озодии вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёров ва Манучеҳр Холиқназаров, рӯзноманигорон ва балогерони зиндонӣ Завқибек Саидаминӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммазода, Улфатхоним Мамадшоева, Хушрӯз Ҷумъаев ва Хуршед Фозилов аз ҷониби Парлумони Иттиҳодияи Аврупоро Паймони Миллии Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.
Ҳамзамон Паймони Миллии Тоҷикистон бар он назар аст, ки Парлумони Иттиҳодияи Аврупо набояд аз садҳо тан дигар маҳбусони сиёсӣ, ки ин шабу рӯзҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон зери фишору шиканҷаҳои ҷисмонию равонӣ қарор доранд, сарфи назар кунад.
Даҳҳо тан аз мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон аз ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва фаъолони шаҳрвандӣ барои фаъолияти сиёсии худ ба солҳои тулонӣ дар паси панҷара қарор доранд.
Дар қатъномаҳои қаблии Парлумони Иттиҳодияи Аврупо оид ба Тоҷикистон қазияи маҳбусони сиёсӣ аз ҳизбу ҳаракатҳо ҷой дошт ва ишораи такрорӣ кумаки маънавии бузурге ба онҳо мешуд.
Бояд зикр кард, ки Гурӯҳи кории СММ озодии бечунучарои 13 тан аз аъзоёни ҲНИТ инчунин роҳбари Ҳизби Демократии Тоҷикистон Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва роҳбари Ҳизби Тоҷикистони Нав Зайд Саидовро аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буд, аммо мутаасифона ҷониби Тоҷикистон ин ҳамаро нодида гирифт.
Аз ин лиҳоз ПМТ истифодаи механизми таъсир ба ҳукумати Тоҷикистонро зарур ва саривақтӣ мешуморад ва барномае мисли GSP+ мисоли он аст.
Паймони Миллии Тоҷикистон ба муаллифони қатънома ва аъзоёни Парлумони Иттиҳодияи Аврупо миннатдорӣ ва пуштибонии худро изҳор медорад.
Паймони Миллии Тоҷикистон
20/01/2024
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо

