Ҷомеа

Нафси бади Раҷаббой Аҳмадзода кай сер мешавад?!

Номаи гурӯҳе аз сокинони Хуҷанд дар шикоят аз Раҷаббой Аҳмадзода

Ассалому алайкум бародар Илҳомҷон. Мо як гурӯҳ сокинони шаҳри Хуҷанд, ба Шумо ин номаро равон карда, аз Шумо хоҳиш мекунем, ки номаи мо дар сайтҳои интернетӣ ва пойгоҳҳои иҷтимоӣ нашр шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз рӯзе, ки раиси вилояти Суғд таъин шуд (таъини Раҷаббой Аҳмадзода 1-уми марти соли 2018, ки мансабро ба 5 млн доллар харидааст ва ду нафар ба ном ҳоҷии хонасоз, ки номҳояшон барои ман маълум аст, ин маблағҳоро додаанд, то ӯ раиси вилоят таъин шавад) аз ҳамон рӯз заминфурӯширо оғоз кард. Аксари заминҳои шаҳри Хуҷандро, ки дар онҷо имконияти бинои баландошёна сохтан ҳаст ва ё имконият нест, онро ба тоҷирони хонасоз фурӯхтааст. Танҳо як имзояш аз 200 ҳазор доллар то 300 ҳазор доллари амрикоӣ аст, ки инро тамоми мардуми Хуҷанд медонад.

Ҳоло сари мақсад биёем, чанд вақт инҷониб замине, ки ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, факултаи Забонҳои шарқ мансуб буд ва онҷо замини варзишгоҳи ин донишгоҳ ҳисоб мешуду донишҷӯен, мактаббачагон, ҷавонон, хулоса, пиру барно тамрин мекарданд ва донишҷӯёни се донишгоҳ дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, мусобиқаҳои футбол, волейбол ва дигар мусобиқаҳоро байни факултетҳо анҷом медоданд, Раҷаббой Аҳмадзодаи порахӯри фасодкор ба тоҷирони хонасоз бо заминҳои гирду атрофи ин варзишгоҳ ба маблағи хеле калон фурӯхтааст, ки аллакай давоми на чандон дур ҳамаро тунука забор карда, бетонрезиву хонасозиро оғоз кардааст. Дигар онҷо ҷойи қадамзаниву нафаскашӣ ҳам намонданд. Агарчи чанд маротиба мо ва сокинони ин маҳалла ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кардем, онҷо руйирост мегӯянд, ки “Ҳеч кор аз дасти мо намеояд, ҳамааш аз боло аст”.

Ҳоло маҷбурем тариқи Шумо ин муроҷиати худро расонем.

То кай амалҳои ғайриқонунӣ, заминфурӯшиву фасоди Раҷаббой Аҳмадзода давом мекунад? Оё ягон мақомот нест, ки ҷилави ин фасодкорро бигирад?

Кай Раҷаббой Аҳмадзода сер мешуда бошад, ки мардуми Хуҷанд аз шарру ҳаромкории ӯ халос шавад?

P.S. Аз тамоми сокинони шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд хоҳиш мекунам. ки нисбати ҷиноятҳои коррупсионӣ ва дигар ҷиноятҳои раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода корупсионери рақами яки вилояти Суғд ва дигар мансабдорон нотарсида маълумотҳоро тариқи телеграмм ва месенҷер равон кунед, мутмаин бошед тамоми маълумотҳои равонкардаи Шумо дар саҳфа ва гурӯҳҳои ФБ чоп хоҳад шуд.

Бо эҳтиром Илҳомҷон.

Оставьте комментарий