
Аз дирӯз (сешанбе, 5 март) Паймони Миллии Тоҷикистон ҳамроҳ бо расонаҳои Ислоҳ ТВ ва Паём ТВ тасмим гирифт барои ҳамсадоӣ бо ранҷи мардуми Тоҷикистон аз бебарқӣ, ки дар ин шабу рӯзҳои сарди зимистон бе рӯшноӣ ва бе гармӣ рӯзро шаб ва шабро рӯз мекунанд, “Марафони мардумӣ” бо талаби таъмин кардани мардум бо барқ аз сӯйи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монд.
Марафон санаи 5 март соати 20.00 бо вақти Душанбе дар канали Ютубии Паймони Миллии Тоҷикистон Paymon Live бо муроҷиати роҳбари ПМТ Муҳиддин Кабирӣ оғоз ёфт ва дар рӯзҳои баъдӣ дар каналу сомонаҳои дигар давом мекунад.
Мо ҳамаи мардум, гурӯҳҳои сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ва афроди фаъолу мустақилро барои пайвастан ба ин марафон содиқона даъват мекунем.
Дӯстон метавонанд дар ин барнома озодона ва мустақим иштирок карда, оиди мушкилоти бебарқӣ фикру андешаҳои худро изҳор кунанд.
Мақсади асосии ин тасмим, пайдо кардани роҳи халосӣ аз ин муаммои наздик ба 30 соли охир, яъне бебарқӣ мебошад.
Барои зиндагии шоиста бояд ҳар нафар дар алоҳидагӣ ва тамоми миллат якҷоя кӯшиш кунем!
Paymon Live
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Ҷомеа



