Амруллоҳи Низом 06/04/2024
Ҳар кӣ мегӯяд, ё гуфта, ки «террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад», ҳазор бор ғалат кардааст.

Ҳар кӣ мегӯяд, ё гуфта, ки «террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад», ҳазор бор ғалат кардааст.
Террорист ҳам ватан дорад, ҳам миллат дорад ва ҳам мазҳаб дорад, ҳам хоҷа дорад, ҳам пуштибони молӣ дорад, ҳам сардору сарвару сарвату пешво дорад ва ҳам хеле чизҳое дорад, ки мардумони оддӣ надоранд…
Ягона чизе, ки террорист аз онҳо дар нисбати дигар инсонҳо маҳрум аст, меҳр асту муҳаббат, шафқат асту раҳмат.
Агар ба фарзи мисол, тавре даъво мешавад, террорист ҳеч чиз намедошт, ин қадар ҳаммиҳанони мо ва шумо қурбони ин ҳама шӯрбахтиҳо намешуданд…
Агар «террорист на дин медошту на миллат ва на мазҳаб» ин қадари ҷавонони камогоҳ, камфаҳм, каҷфаҳм, зудбовар ва соддадили мусалмон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошуравӣ ин қадар зуд ва ба осонӣ ба доми мубаллиғони ин падидаи шум номатлуб, зиддиинсонӣ, зиддиисломӣ ва зиддимиллӣ намеуфтоданд.
Агар террорист хоҷа намедошт, ин қадар ғамхориҳо дар нисбати бархе саркардаҳои онҳо ба мисли сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, ки озодона аз тариқи Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ватанро тарк карда, рафта ба ДИИШ пайваста буд, ба осонӣ сурат намегирифт.

Агар террорист ватан намедошт, хонум Ҳумайро Мирова, ҳамсари дуввуми сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, ки дар гузашта сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳам буд, ҳамроҳ бо чанд фарзандаш орому осуда тавассути Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ватанро тарк карда, ба назди шавҳараш дар Сурия ё Ироқ рафта наметавонист.
Сарҳанг Гулмурод Ҳалимов ва ҳамсараш Ҳумайро Мирова танҳо як намуна дар кишвар нестанд, балки аксари онҳое, ки ҳам дар гузашта ва ҳам дар ин чанд соли ахир дар сафи мақомоти Тоҷикистон кор мекарданд ва сипас бо сабабҳое ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳаросафкан пайвастаанд, бо ҳамин усул кишвар ва сарҳадҳоро убур карда рафтанд…
Агар террорист дини ҳукуматӣ намедошт, иддае аз мақомоти интизомӣ ва қудратии Тоҷикистон барои мисол ин қадар фазои мазҳабиро барои ҷавонони кишвар танг карда, онҳоро маҷбур намекарданд, ки барои ҳимояи худ ва арзишҳои худ аксуламали манфӣ нишон диҳанд. Балки фазоро боз гузошта, бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуб бо равишҳои санҷидашуда ва бо забони худи онҳо мубориза мебурданд, на бо роҳҳои масҷиду мадрасабандӣ, риштарошӣ, рӯйканиву рӯймолкашӣ аз сари бонувон.

Агар террористсозӣ кори ихтиёрии худи бархе ҷавонони шӯрбахти мо ва шумо мебуд, фарз кардем, ҳамин Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳар боре, ки яке аз шаҳрвандони Тоҷикистонро мақомоти интизомӣ ва ё қудратии кишваре бо иттиҳоме сохта ва парвандаҳои бофта боздошт ва сарнавишташро дар як лаҳза тағйир ва ё ӯро аз ҳаёт маҳрум мекарданд, дарҳол садо баланд карда мегуфт, он шахс бесоҳиб нест!
Вай шаҳрванди Тоҷикистон аст ва бар асоси меъёри «эҳтимоли бегуноҳӣ» Тоҷикистон талаб мекунад, ки барои мушикофона тафтиш, таҳқиқ ва баррасии ҳамаҷонибаи чунин ҳодиса ва ё парванда гурӯҳи кории худ ва байналмилалиеро ҳам даъват кунад, то қазия дуруст рӯшан шавад, аммо кай дидед, ки чунин даъво карда бошад?
Хулоса, террористи воқеӣ, на онҳое, ки бо иттиҳоми дурӯғин ва парвандаҳои бофта террорист муаррифӣ мешаванд, ҳама чиз дорад, ҳам ватан дорад, ҳам миллат дорад ва ҳам мазҳаб дорад, ва ҳам ҳукумат дорад ва ҳам бархе пуштибонони қаввие ҳам дар сатҳи боло дорад, аммо чун «барраи қурбонӣ» аст ва ҳамин, ки вазифаашро иҷро кард, ба хотири фош на шудани хоҷаву раҳбару пешво ва ё мақоми ҳукуматие, ки онро истихдом кардааст, дарҳол аз байн бурда мешавад…

Террористи воқеӣ узви ҳукумати ҷиноятие ҳаст, ки дар дохили ҳукуматҳои мардумӣ ва қонунӣ ташкил ва ё нуфуз кардааст ва он дониста ё надониста, то дами марг чандҷониба зери ҳимоя қарор дода мешавад.
Ёддошти Амруллоҳи Низом дар саҳифаи Фейсбукиаш
Рубрики:Андеша, Дидгоҳ, Рӯшанфикрӣ, Сиёсат, Таҳлил, Торих, муҳоҷират, Ҳуқуқи башар, Ҷаҳон, Ҷомеа



