Баёнияҳо

Тасаллияти Паймони Миллии Тоҷикистон

Бино ба ахбори расонаҳо имрӯз 18 майи соли 2024 сиёсатмадори варзида собиқ раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон устод Раҳматуллоҳ Зойиров дар синни 67 солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Паймони Миллии Тоҷикистон аз даргузашти шодравон Раҳматуллоҳ Зойиров хеле андӯҳгин буда, марги ин шахси олим ва адолатхоҳро бохти миллат ва кишвари Тоҷикистон медонад.

Марҳум дар давоми умри худ хеле хидматҳои шоиста ва қобили қадрдонӣ барои ҷомеаи сиёсӣ ва мадании кишвар ба мерос гузошт.

Ҳаёти Раҳматуллоҳ Зойиров яке аз намунаҳои барҷастаи мубориза барои адолат ва расидан ба ҷомеаи қонунмеҳвар буд. Ӯ ҳеҷ вақт назди зӯргуӣ ва худкомагӣ сар хам накард. Озода ва сарбаландона зист ва ҳамин тавр назди Офаридгораш рафт.

ПМТ даргузашти ин фарзанди сарсупурдаи миллатро ба хонаводаи мӯҳтарамаш, ба тамоми дӯстону шогирдонаш, ба ҳамаи пайравон ва алалхусус аъзоёни Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон ва ҳамчунин ба куллӣ мардуми кишвар тасаллият арз мекунад.

Худованд марҳумро раҳмату мағфират кунад.

Охираташ обод ва номи некаш гиромӣ бод.

Паймони Миллии Тоҷикистон

18 май 2024 сол

Рубрики:Баёнияҳо

Помечен как:

Оставьте комментарий