Баёнияҳо

Паёми таслияти ПМТ ба муносибати даргузашти раисиҷумҳури Эрон ва ҳамроҳонаш

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) дар байнияе зимни таслияти ҷон бохтани раисиҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш, таъид кард: “Мо ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи Тоҷикистон дар ин рӯзҳои ҳассос мисли ҳамеша ҳамроҳи кишвари дӯст ва миллати азизи Эрон ҳастем.”

Матни паёми ПМТ ба шарҳи зерин аст:

Ҳамаи мо аз Худоем ва бозгашти мо ба суи Ӯст.

Бино ба хабарҳои расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон дирӯз 19 май чархболи раисҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ дар шимоли ин кишвар суқут кард. Мутаасифона имрӯз маълум шуд, ки дар натиҷаи он раисҷумҳури ҶИЭ доктор Раисӣ ва ҳамроҳонаш ҷон бохтанд.

Паймони Миллии Тоҷикистон аз ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодисаи нохуш, ки дар натиҷаи он раисҷумҳур, вазири корҳои хориҷӣ ва дигар мақомдорони Эрон қурбон шуданд хеле андӯҳгин шуда ба хонаводаи мӯҳтарами қурбониён изҳори ҳамдардӣ карда ба онҳо сабри ҷамил хоҳон аст.

Инчунин ПМТ ба тамоми миллати Эрон ва роҳбарияти он ҳамдардии хешро изҳор мекунад.

Миллати дӯст ва бародари Эрон ҳамеша дар паҳлуи мо тоҷикон ва Тоҷикистон буданд ва ҳастанд. Мо низ ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи Тоҷикистон дар ин рӯзҳои ҳассос мисли ҳамеша ҳамроҳи кишвари дӯст ва миллати азизи Эрон ҳастем.

Паймони Миллии Тоҷикистон

20 майи соли 2024

Рубрики:Баёнияҳо

Помечен как:

Оставьте комментарий