Баёнияҳо

Шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон ба як амри маъмулӣ ва оддӣ табдил гардидааст

Номаи саркушода ба:

Созмони Милали Муттаҳид (UNHRC)

Созмони Кумитаи Норвежии Ҳелсинки (Norwegian Helsinki Committee)

Дидбони ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch)

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (ICRC)

Намояндаи Иттиҳоди Урупо дар Тоҷикистон

Сафоратхонаҳои муқими кишварҳои хориҷ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон кишварест, ки солҳост ҳуқуқи инсон дар он ба бадтарин шева поймол мешавад ва шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо ба як амри маъмулӣ ва оддӣ табдил гаштааст.

Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон дар як фазои зулм ва террор ба сар мебарад, дуруст мисли даврони Сталин ва балки бадтар аз он, ки камтарин интиқод аз сиёсатҳои режим боиси боздошт ва зиндонӣ кардан мешавад.

Ҳеч кас дар Тоҷикистон итиминон надорад, ки ӯ то охири рӯз ба зиндон намеафтад.

Тоҷикистон ба як режими мутлақо диктотури табдил шуда ва режими ҳоким бо ин боздоштҳо ва зиндонӣ карданҳо танҳо як ҳадафро дунбол мекунад: эҷоди тарсу ҳарос дар дили шаҳрвандон ва таслим сохтани онҳо дар баробари ҳокими мустабид.

Ва ин ҳама дар ҳолест, ки Тоҷикистон кишварест, ки ҳамаи аҳдномаҳои асосии ҳуқуқи инсонро ба ӯҳда гирифтааст мисли Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф ва ғайра ва ӯҳдадор шудааст, ки ба ҳеч гуна шиканҷа ва дигар намуди бадрафториҳо роҳ намедиҳад.

Сарқонун ва дигар қонунҳои Тоҷикистон, муҳимтарин муқарраотеро дарбар мегиранд, ки ин ӯҳдадориҳоро таҷассум мекунанд.

Мо мехоҳем таваҷҷӯҳи Шуморо ба як масъала; масъалаи зиндониёни сиёсӣ ва шиканҷа шудани онҳо дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо равона кунем.

Ҷойи пинҳон нест, ки ҳукумати Тоҷикистон солҳост, ки бо баҳонаҳои мухталифи дурӯғин, беш аз ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро маҳкум ба зиндон ба солҳои тӯлонӣ ва баъзеро маҳкум ба ҳабси абад намудааст; ҳамаи ин маҳкумиятҳо ба хотири мавзеъгириҳои сиёсии маҳкумшудагон аст.

Аксарияти ин зиндониҳо солҳост аз ҷониби маъмурони маҳбасхонаҳо шиканҷа мешаванд ва бино бар хабарҳои мувассақ, бисёре аз онҳо ба бемориҳои хатарноке ба мисли баландии фишор ба сурати доимӣ, диабети қанд, бемории қалб ва даҳҳо бемориҳои дигар мубтало шудаанд, ки ниёз ба дармон доранд.

Мақомоти марбутаи Тоҷикистон ҳеч таваҷҷӯҳе ба беморон намедиҳанд ва наздикон ва бастагони онҳо имкони кӯмак ва расондани дору ва ё пул барои харидани доруҳои лозим ба зиндониёнро надоранд, ба ҳадде, ки агар яке аз бастагон бихоҳад кӯмак кунад, ӯро дастгир ва ба зиндон меандозанд, ҳамон тавре ки бо Асрориддин Розиқов, писари Зубайдуллоҳи Розиқ ва чанд нафари дигар иттифоқ афтод ва маҳкум ба зиндон шуданд ва ҳаминак дар зиндон қарор доранд.

Дирӯз Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, яке аз раҳбарони ҲНИТ, ки дар барқарории сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим ифо кардааст ва ба иттимҳои пуч ва беасос зиндонӣ шуда буд, ба сабаби бемории диабети қанд ва хунукназарии мақомоти марбутаи Тоҷикистон чашм аз дунё пӯшид. Пештар аз ин даҳҳо маҳбусони сиёсӣ бо сабаби шиканҷа ва бадрафторӣ дар зиндон ҷон дода буданд, ки танҳо дар соли 2022, бо сабаби бемориҳои гуногун дар зиндонҳои Тоҷикистон 61 нафар ҷон додаанд ба мисли:

Бобоев Абдусаттор, Ҷалолуддини Маҳмуд, Раҷабалӣ Одинаев, Абдусаттор Каримов, Қиёмуддини Ғозӣ, Саидмаҳдихон Сатторов, Қурбон Маннонов, Абдуқаҳҳор Розиқов ва ғайра.

Ҳаминак дар зиндонҳои Тоҷикистон садҳо мард ва занон низ қарор доранд, ки вазъи беҳтаре аз шодравон Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад надоранд ва ниёз ба дармонҳои фаврӣ доранд.

Мо аз Шумо талаб дорем:

1. Аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карда шавад, “ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ва иқдомоти иҷроиши онҳо дар дохили кишвар”-ро бе чуну чаро амалӣ кунад;

2. Масъулине, ки дар шиканҷа ва дигар намудҳои муомилаи бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашида шавад;

3. Намояндагони Салиби Сурх ва намояндагони сафоратхонаҳо дар зуддтарин фурсат аз вазъи зиндонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон дидан ба амал оранд.

Бо эҳтиром, Илҳомҷон Ёқубов

Раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ

27 июли 2024

1 ответ »

Оставьте комментарий