Ахбори Анҷуман

Салим Султонзода: “Кишварҳои аврупоӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бояд бо мухолифони сиёсии Тоҷикистон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон ҳамкорӣ кунанд“

Салим Султонзода, узви Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ) ва сухангӯӣ Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), дар гуфтугӯ бо сайти Озодандешон, бо таъкид бар ин ки мухолифони тоҷик сабаби асосӣ дар вахим будани вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро низоми худкомаи ҳоким медонанд ва ҳамкории кишварҳо бо ин низом пояҳои ӯро мустаҳкамтар месозад гуфт: “Барои берун баромадан аз бунбасти ба вуҷуд омада, кишварҳои аврупоӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бояд бо мухолифони сиёсии Тоҷикистон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон ҳамкорӣ кунанд.”

Матни гуфтугӯи Озодандешон бо Салим Султонзода ба тартиби зер аст:

Озодандешон: Дар оғоз, аз шумо хоҳиш мешавад, андаке дар бораи нишасти солонаи САҲА мегуфтед, ҳамчунин дар бораи аҳаммияти ҳузур ва ширкат дар ин нишаст. Оё ин ширкат барои пешбурди аҳдофи АОТ таъсире дорад?

Салим Султонзода: Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) як созмони байналмилалиест, ки ҳадафаш ҳифзи амният ва субот дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Ин созмон дар соли 1975 дар Ҳелсинки ҳамчун Конфронси Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо таъсис ёфт ва дар соли 1995 номи кунунии худ яъне САҲА-ро гирифт.

САҲА аз 57 кишвари узв иборат буда, масоили гуногуни амниятӣ, аз ҷумла назорати силоҳ, пешгирии низоъҳо, ҳуқуқи инсон, демократия ва рушди иқтисодиро баррасӣ мекунад. Созмон, нақши миёнҷигариро дар ҳалли низоъҳо ва назорат бар интихоботҳо мебозад, инчунин бо ҳукуматҳо ва ҷомеаҳои шаҳрвандӣ ҳамкорӣ мекунад. Маркази аслии ин созмон дар Вена, Австрия ҷойгир аст.

Тоҷикистон 30 январи соли 1992 ба узвияти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) пазируфта шудааст. Аз он замон, САҲА дар Тоҷикистон якчанд барномаҳо ва ташаббусҳоеро амалӣ мекунад, ки ба таҳкими амният, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва рушди демократия дар кишвар равона шудаанд.

Нишасти солонаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки ҳамчун “Форуми Ҳуқуқи Инсон” ё “Нишасти Варшава” маъруф аст, ба мухолифони тоҷик имконият медиҳад, ки дар як платформаи байналмилалӣ мушкилоти марбут ба ҳуқуқи инсон, озодиҳои сиёсӣ ва демократия дар Тоҷикистонро ба миён гузоранд. Ин нишаст барои мухолифон муҳим аст, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба самтҳои зерини ин нишаст:

1. Баланд бардоштани овози худ: мухолифони тоҷик имконият пайдо мекунанд, ки дар назди намояндагони давлатҳои узви САҲА ва созмонҳои байналмилалӣ масоили ҳуқуқи инсон, саркӯби сиёсатмадорон ва маҳдудиятҳои сиёсиро иброз намоянд;

2. Ҷалби таваҷҷӯҳи байналмилалӣ: дар ин нишаст, таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба мушкилоти Тоҷикистон равона мегардад, ки метавонад боиси фишорҳои дипломатӣ ба ҳукумат ва низ иқдомҳои башардӯстона дар ҷомеа шавад;

3. Таъсиси шабакаҳои ҳамкорӣ: ин форум ба мухолифон имконият медиҳад, ки бо созмонҳои байналмилалӣ, фаъолони ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандии дигар кишварҳо иртибот барқарор кунанд ва стратегияи дастгирии ҳуқуқии худро таҳким бахшанд;

4. Истифодаи воситаҳои ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ: бо истифода аз ин платформа, мухолифон метавонанд аз механизмҳои САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ барои ҳифзи ҳуқуқи худ ва баланд бардоштани овозашон дар сатҳи байналмилалӣ кор гиранд.

Аммо лозим аст қайд шавад, ки ин фурсатҳо бештар рамзӣ буда, ба низоми сиёсии Тоҷикистон таъсири қобили таваҷҷӯҳе надорад, зеро дар амал, тағйироти ҷиддии сиёсӣ аксар вақт дар дохили кишварҳо аз тариқи муборизаҳои дохилӣ ва фишорҳои дохилӣ сурат мегиранд.

Озодандешон: Чаро имсол намояндагони Тоҷикистон дар ин нишаст ба хилофи солҳои пешин, ҳузур надоштанд? Ба назари шумо сабаби он чист?

Салим Султонзода: Ба назарам, сабаби ширкат надоштани намояндаҳои ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти солонаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Варшава, пеш аз ҳама ба хотири интиқодҳои шадид ба ҳукумат аз ҷониби мухолифони сиёсӣ, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ инчунин кишварҳои узв дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар аст.

Дар воқеъ ҳукумати Тоҷикистон посух ба ин ҳама саволҳо ва пурсишҳои ҳозирин надорад ва бо ин амал ҳукумати Тоҷикистон номуваффақ ва ноком будани худро дар майдони байналмилалӣ нишон дод.

Дар нишастҳои қаблӣ, намояндаҳои мухолифон, журналистон ва фаъолони ҳуқуқи инсон, ки аксаран дар муҳоҷират қарор доранд, дар бораи саркӯбҳои сиёсӣ ва нақзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон гузориш медоданд. Ҳукумати Тоҷикистон ин нишастҳоро аксар вақт ҳамчун як майдони интиқод ва фишор бар сиёсати дохилии худ мебинад, ки боиси эътироз ва худдорӣ аз иштироки вай гашт.

Инчунин, бояд зикр кард, ки дар нишастҳои қаблӣ, аз тарафи мухолифон ва созмонҳои ҳуқуқи инсон фишор ба ҳукумат барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои сиёсӣ зиёд шуда буд. Ин фишорҳо низ метавонад сабаби адами ҳузури ҳукумат дар нишасти Варшава бошад.

Аз тарафи дигар, дар нишасти имсола ғайр аз Тоҷикистон, боз намояндаҳои расмии Русия ва Белоруссия низ иштирок накарданд.

Албатта, нозирон ва бахусус худи САҲА, ин амали Тоҷикистонро илова ба ин ки як навъ беҳурматӣ нисбат ба созмон ва кишварҳои узв донистанд, инчунин мегуфтанд, ки Тоҷикистон бо ин амалаш, ҳамсаф буданаш бо Русия ва Белоруссияро ба намоиш гузошт.

Озодандешон: Лутфан дар бораи матолибе, ки шумо ҳамчун сухангӯи ПМТ ва узви боризи АОТ дар ин нишаст баён кардед, мегуфтед.

Салим Султонзода: Банда ҳамчун намояндаи Паймони Миллии Тоҷикистон танҳо панҷ рӯз дар ин нишаст иштирок доштам ва дар се мавзӯъ суханронӣ кардам. Ин мавзӯҳо иборат буданд аз:

— вазъи ҳуқуқи инсон ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон;

— фишору шиканҷа болои хонаводаи дигарандешон;

— истиқлоли судӣ ва волоияти қонун.

Дар ин суханрониҳо ишора шуд, ки бо вуҷуди ин ҳама сайъу талошҳои созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои узви САҲА, вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон хеле вахим аст. Мо сабаби асосиро дар низоми худкомаи ҳоким дар Тоҷикистон мебинем ва аз ин рӯ ҳамкории кишварҳо бо ин низом пояҳои ӯро мустаҳкамтар месозад. Мо аз ҳамкориҳои кишварҳои аврупоӣ ва минтақа бо низоми ҳукмрон дар Тоҷикистон интиқод кардем. Инчунин пешниҳод кардем, то барои берун баромадан аз бунбасти ба вуҷуд омада, кишварҳои аврупоӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бояд бо мухолифони сиёсии Тоҷикистон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ барномаи мушаххас тарроҳӣ ва ҳамкориро тақвият бахшанд.

Озодандешон: Суханоне, ки аз ҷониби мухолифон дар ин нишаст гуфта шуд, оё ба самъи мақомоти Тоҷикистон мерасанд? Яъне дастандаркорони ин нишаст ва масъулони САҲА оё онро мерасонанд?

Салим Султонзода: Албатта он ҳарфу интиқодҳое, ки дар ин нишаст гуфта мешавад, таъсири худро доранд. Худи иштирок накардани намояндаҳои ҳукумати Тоҷикистон далели ин муддаъост. Мухолифони тоҷик тавонистанд, ҳукумати Тоҷикистонро аз ин майдон берун кунанд ва ин як бурди тамоми мухолифони сиёсии Тоҷикистон аст.

Ба иловаи ин, худи масъулони созмон ва кишварҳои узв, дар сиёсатҳои худ ва тасмимгириҳояшон дар рафтор бо ҳукумати Тоҷикистон ҳарфҳои дар ин майдон садо додаро ба инобат мегиранд. Дуруст аст, ки кишварҳо дар сиёсати худ пеш аз ҳама манфиатҳои худро дар мадди аввал мегузоранд ва вазифаи мо, мухолифин аст, ки аз муносибатҳои онҳо бо низоми ҳоким дар Тоҷикистонро пайгирӣ кунем. Кишварҳо бояд бидонанд ва инро ба инобат гиранд, ки мухолифони тоҷик намояндаҳои аслии мардуми Тоҷикистон ҳастанд.

Озодандешон: Барои ҳузури беҳтари намояндаи мухолифин дар ин нишаст дар солҳои баъдӣ чӣ пешниҳодҳое доред?

Салим Султонзода: Пеш аз ҳама, қавӣ кардани тими иштироккунандагон аз ҷиҳати сифат ва миқдор. Баъдан, доштани факту далелҳои раднашаванда ва вобаста ба мавзӯъҳои матраҳшаванда.

Ин ҷо мехостам ба як нукта дар охир ишора кунам, ки хеле муҳим аст. Ва он ин ки: ин намуд нишастҳо барои мухолифони тоҷик ва умуман ба ҳар як сиёсатмадор хеле майдони хуб ва фурсати муносиб барои шинохта шудан ва барқарор кардани тамосҳост. Дар оянда мо бояд ба ин тарафи масъала низ диққати ҷиддӣ диҳем.

Озодандешон: Саломат бошед, ташаккур!

Оставьте комментарий