Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) бо камоли эҳтиром интихоб шудани ҷаноби Дилшод Шариповро ба симати роҳбари нави Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24» табрик мегӯяд. Ин интихобро мо ҳамчун як қадами муҳим дар роҳи мубориза алайҳи низоми худкомаи ҳоким дар Тоҷикистон арзёбӣ менамоем.
Умед дорем, ки таҳти роҳбарии Шумо, ҷаноби Шарипов, Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24» рисолати мубораки шаҳид Умаралӣ Қувватов ва раҳбари зиндонии ин гурӯҳ, бародари азизи мо, Суҳроб Зафарро идома медиҳад.
ПМТ омода аст ҳамкориҳои дуҷонибаро баҳри расидан ба ҳадафҳои муштарак густариш диҳад ва дар ин масир ба роҳбарият ва аъзои «Гурӯҳи 24» муваффақият ва пешрафт орзу мекунад. Бовар дорем, ки ҳамоҳангии нерӯҳои миллӣ баҳри манфиати миллат ва меҳан боз ҳам пурзӯртар хоҳад шуд.
Бо эҳтиром,
Роҳбарияти Паймони Миллии Тоҷикистон
2 декабри соли 2024
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо

