
Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ) зодрӯзи Алим Шерзамонов, узви Шӯрои раҳбарии АОТ ва сухангӯи ин созмон ва муовини раиси Паймони Миллии Тоҷикистонро табрик намуда, ба ӯ комёбӣ дар зиндагии хусусӣ ва фаъолиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоияш орзу мекунад.
Гуфтанист, Алим Мамадрасулович Шерзамонов, зодаи 24 декабри соли 1964 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ Тоҷикистон аст. Ӯ аз 1972 то 1982 дар мактаби миёнаи №8 шаҳри Хоруғ таҳсил ва аз 1983 то 1985 дар артиши Шӯравӣ хидмат кардааст.
Шерзамонов соли 1986 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар риштаи математикаи амалӣ таҳсилашро оғоз ва соли 1991 аз он фориғуттаҳсил шудааст. Ва ҳамчунин дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ низ дар ҳамин ришта таҳсил намуда соли 2004 аз он фориғуттаҳсил гардида.
Фаъолияти меҳнатӣ:
1982-1983, 1985-1986 коргар дар корхонахои сохтмонии шаҳри Хоруғ;
1991-1997 муҳосиб дар шӯъбаи маорифи шаҳри Хоруғ;
1997-2012 омӯзгори фаннҳои риёзӣ ва технологияи информатсионӣ дар мактаҳои № 7 ва 8-и Хоруғ;
Фаъолияти ҷамъиятӣ-сиёсӣ:
Узви Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) аз соли 2001, Раиси созмони шаҳри хоруғии ҳамин ҳизб аз соли 2005, Раиси созмони вилоятии ҲСДТ дар ВМКБ аз соли 2010, дар се интихоботи гузашта номзад ба вакилии МН МО ҶТ, узви Шӯрои раҳбарии Анҷумани Озодандешони Тоҷик аз соли 2015 ва иҷрокунандаи вазифаи раиси он то октябри соли 2024, муовини Раиси Паёмони Милии Тоҷикистон (ПМТ) аз соли 2018 то кунун.
Оиладор, соҳиби се фарзанд.
Дар ҳоли ҳозир дар муҳоҷират дар Лаҳистон зиндагӣ мекунад.
Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ)
24 декабри 2024
Рубрики:Ахбори Анҷуман



