
Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ) зимни изҳори нигаронӣ ва таассуфи амиқ аз боздошти рӯзноманигор Аҳмади Иброҳим ва таъқиби Рухшона Ҳакимова, онро нақзи дағалонаи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрванди Тоҷикистон дар озодии баён ва андеша арзёбӣ мекунад.
Мо бори дигар таъкид мекунем, ки таъқиби рӯзноманигорон танҳо ба хотири анҷоми вазифаи касбиашон, нақзи дағалонаи Конститутсияи Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалиест, ки Тоҷикистон онро эътироф кардааст. Рӯзноманигорон тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон ва умумибашарӣ бояд озодона кор карда тавонанд ва аз таъқибу фишорҳои сиёсӣ эмин бошанд.
Бинобар ин талаби АОТ иборат аст аз:
1. Раҳоии фаврии Аҳмади Иброҳим ва лағви маҳдудиятҳои ғайриқонунӣ аз ҳуқуқи Рухшона Ҳакимова, инчунин қатъи ҳар гуна фишору таъқиб алайҳи онҳо;
2. Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон риояи қонунҳои кишвар, аз ҷумла озодии баён тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ӯҳдадориҳои байналмилалии кишвар;
3. Кафолати бехатарӣ ва озодии фаъолияти рӯзноманигорон.
Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ даъват мекунем, ки ба вазъи идомаи таъқиби ҷиноии ғайриқонунии рӯзноманигорон дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, аз мақомоти тоҷик раҳоии онҳоро талаб кунанд.
Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ) ҳамеша дар канори рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорад ва инчунин барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, новобаста аз он ки ӯ ба кадом қишри ҷомеа таъаллуқ дорад, мубориза хоҳад бурд.
Озодии баён як ҳуқуқи асосии инсон аст, ки аҷдодони мо эълон кардаанд:
Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек!
Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ)
Париж, Фаронса
23/01/2025
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо



