Ахбори Анҷуман

Таслияти Паймони Миллии Тоҷикистон нисбати даргузашти Волоҳазрат Шоҳ Карим Оғохон

Бо андӯҳи бузург ва қалби саршор аз ҳамдардӣ, Паймони Миллии Тоҷикистон ба тамоми пайравони исмоилия дар Тоҷикистон ва ҷаҳон, инчунин ба хонадони шариф ва наздикони волоҳазрат Имом Оғохон ҳамдардӣ изҳор менамояд.

Волоҳазрат Имом Оғохон як шахсияти бузурги таърихӣ ва маънавӣ буд, ки умри худро ба хидмати инсоният, пешрафти маърифат, рушди иҷтимоӣ ва беҳбудии зиндагии пайравонаш бахшида буд. Хидматҳои эшон барои Тоҷикистон низ шоистаи таҳсин ва қадрдонӣ аст.

Ҷаноби Оғохон на танҳо як роҳбари мазҳабӣ, балки пешвои маънавие буд, ки дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иқтисодиёт нақши бузург гузошта, барои рушди ҷомеаҳои мусалмон ва ҳамзистии осоишта дар ҷаҳон талош кард.

Мероси маънавӣ ва фарҳангии Имом Оғохон ҳамеша боқӣ хоҳад монд ва идеяҳои ӯ дар самти таҳкими ваҳдат, таҳаммулпазирӣ ва рушди ҷомеаи инсонӣ идома хоҳанд ёфт.

Мо, аъзои Паймони Миллии Тоҷикистон, дар ин рӯзи ҷудоӣ бо шумо ҳамдардӣ намуда, аз даргоҳи Худованд барои марҳум раҳмати беинтиҳо ва барои пайравону наздикони ӯ сабри ҷамил хоҳонем.

Руҳаш шод ва ҷойгоҳи охираташ обод бод!

Паймони Миллии Тоҷикистон

5 феврали соли 2025

Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо

Помечен как:,

Оставьте комментарий