
Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистонро нисбат ба шахсони муттаҳам дар парвандаи ба ном “табаддулот” шадидан маҳкум менамояд. Ин ҳукм бори дигар нишон медиҳад, ки режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти додгоҳӣ ҳамчун василаи саркӯби мухолифони сиёсӣ ва фаъолони мустақил истифода мебарад.
Ҳукми 27 сол зиндон барои Зарифӣ ва Усмонзода, инчунин солҳои тӯлонии зиндон барои шахсиятҳои маъруф, аз ҷумла собиқ раиси Маҷлиси Олӣ Акбаршоҳ Искандаров, муовини роҳбари ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов, муовини роҳбари ҲДТ Аҳмадшоҳ Комилзода ва дигарон, баёнгари идомаи комилан поймолсозии ҳуқуқи инсон дар кишвар аст.
Ин афрод бидуни мурофиаи одилона ва дар як муҳити комилан пӯшида маҳкум шуданд, ки нишон медиҳад парванда ангезаи сиёсӣ дошта, бо ҳадафи хомӯш кардани садоҳои дигарандешон сохта шудааст.
Махсусан ҳукми рӯзноманигори ҷавон Рухшона Хакимова ки ӯро барои 8 сол аз озодӣ маҳрум мекунад, як амали тарҳрезишуда ва интиқомгиронаест, ки бо ҳадафи хомӯш кардани рӯзноманигорони озодандеш анҷом дода шудааст.
ПМТ ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистонро идомаи сиёсатҳои саркӯбгаронаи ҳукумати Раҳмон арзёбӣ намуда, таъкид мекунад, ки ин гуна парвандасозиҳо танҳо боиси амиқтар шудани бӯҳрони сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мегарданд.
Паймони Миллии Тоҷикистон аз созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон, давлатҳои демократӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва шаҳрвандӣ даъват мекунад, ки ин ҳукмҳои ноодилонаро қотеъона маҳкум намуда, барои раҳоии ҳамаи маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла шахсони маҳкумшуда дар ин парванда, чораҷӯӣ намоянд.
Паймони Миллии Тоҷикистон
05 феврали 2025
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо



