
Муаззама Қодирова, яке аз бонувони ҳуқуқшиноси тоҷик, ки ҳоло дар ҳудуди Иттиҳодияи Аврупо ба сар мебарад, аз тариқи як навори кӯтоҳ ва бисёр пурэҳсос, ба қазияи зиндон кардани рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова вокуниш кард.
Ин ҳомии ҳуқуқи инсон, ки дар байни ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик хеле маъруф аст, дар ин навори худ фикру андешаҳояш дар мавриди парвандаи рӯзноманигори зиндонӣ Рухшона Ҳакимова пешкаши миллат мекунад.
Ӯ аз кӯдаки 8-моҳаи ширхори Рухшона ёдовар шуда, ба мақомоти Тоҷикистон суол мекунад, ки оё онҳо инсоф ва виҷдон доранд?
Муаззама Қодирова бар ин бовар аст, ки сабаби асосии паси дарҳои баста баргузор кардани додгоҳ дар Тоҷикистон, барои рӯйпӯш кардани парвандаи хом ва беасоси мақомот мебошад.
Дар давоми суханҳои худ ин ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯяд, он нафароне, ки ин ҳукми сангинро барои афроде бегуноҳ мебарорад, оянда дар назди миллат ва Худо посух хоҳанд дод.
Инчунин адвокат Қодирова ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат карда, суол мекунад, ки чаро хомӯшед ё интизори навбати худ ҳастед?
Дар муроҷиати худ, аз Раисҷумҳури Тоҷикистон муаллима Қодирова хоҳиш ва талаб мекунад, ки президент бо истифода аз ваколати худ Рухшона Ҳакимоваро аз зиндон озод кунад.
Навори пурраи суханронии Муаззама Қодироваро дар зер тамошо кунед:
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Ҳуқуқи башар, Ҷомеа



