Ахбори Анҷуман

Омодагии Ғиёсуддин Саидов – фарзанди як мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар Бритониё ба муҳорибаи муҳимми худ — ECC 2

Маҳмазариф Саидов, падари Ғиёсуддин Саидов, ки узви ҲНИТ буда, аз соли 2015 дар ҳиҷрат ба сар мебарад ва ҳоло дар кишвари Бритониё мақоми паноҳандагии сиёсиро дорад, дар саҳифаи фесбукияш бо нашри ҷумлаи зерин аз омодагии писараш ба муҳорибаи ECC 2 хабар дод: “Агар касе аз дӯстони дар Бритониё буда мехоҳад дар мусобиқаи писарам Ғиёсуддин ширкат кунад, рӯзи шанбеи оянда метавонад ташриф биёрад. Иштирок озод аст, чиптаҳо дар даромадгоҳи биное, ки мусобиқа баргузор мегардад, фурӯхта мешаванд.”

Инчунин худи Ғиёсуддин Саидов ҳам дар саҳифаҳои Инстаграм ва Фесбукияш, бо аксу наворҳо, ки дар он баланд бардоштани парчами Тоҷикистон ва суруди тоҷикӣ дидаву шунида мешавад, аз омодагияш ба ин муҳориба хабар дод.

Рӯзи 15-уми феврал, дар шаҳри Фарнворти Болтон (наздик ба шаҳри Манчестер)-и Бритониё, мусобиқаи муҳорибавии Elite Combat Championship 2 (ECC 2) баргузор мегардад, ки дар он писари Маҳмазариф Саидов Ғиёсуддин Саидови 17-солаи тоҷик, ширкат хоҳад кард. Ин муҳорибаи муҳими ӯ дар сабқати вазни шартӣ (catchweight bout) мебошад, ки рақибаш Галлант ном дорад.

Elite Combat Championship 2 (ECC 2) – мусобиқаи муҳимми муҳорибаҳои омехта

Elite Combat Championship (ECC) як мусобиқаи маъруфи муҳорибаҳои омехта (MMA) ва варзишҳои зарбазанӣ мебошад, ки варзишгарони ҷавон ва умедбахшро ба майдон мебарорад. Дар ECC 2, ки дар толори The Hideout, Farnworth, Bolton баргузор мегардад, варзишгарон аз кишварҳои гуногун ширкат хоҳанд кард.

Дарҳои толор соати 16:00 кушода мешаванд ва муҳорибаи аввал аз соати 17:00 оғоз меёбад. Чиптаҳои вуруд бо нархи £35-£55 дастрас хоҳанд буд.

Дар ҳоле, ки ҳукумати Тоҷикистон варзишгарони тоҷикро ба таври бояду шояд дастгириву сармоягузорӣ намекунад, бечора варзишгарони тоҷик бо садҳо азобу машаққат ба сар мебаранд, Ғиёсуддини 17-сола, ки дар синни 7-солагӣ аз кишвар муҳоҷир шуда ва дар Аврупо бузург шудааст, боз ҳам бо талошу заҳматҳои худ ва тарбияи ватандӯстонаи падару модараш, дар яке аз тараққикардатарин кишвари ҷаҳон Бритониё, ба сатҳе мерасад, ки бо ифтихор парчами Тоҷикистонро баланд мебардорад.

Анҷумани Озодандешони Тоҷик бо доштани чунин ҳамватани пурталошу миллатдӯсте чун Ғиёсуддин ифтихор мекунад. Ба худи Ғиёсуддин муваффақияту комёбиҳо орзуманд буда, ба падару модараш барои дар роҳи ватандӯстӣ тарбият кардани фарзандашон миннатдории худро баён медорад.

Гуфтанист, баҳори соли гузашта низ яке аз мухолифони сарсахти тоҷик домулло Муҳаммадиқболи Садриддин аз пирӯзии фарзандаш Ҳузайфа дар мусобиқоти Фаронса хабар дода буд.

Ӯ навишта буд: “Худоро шукр мегӯям, писарам Ҳузайфа имрӯз (27.04.2024) дар рақобатҳои дохилии давлати Фаронса, ки дар шаҳри Тулуз баргузор гардид, дар вазни 52 кг сазовори ҷойи аввал ва қаҳрамони Фаронса гашт. Бояд зикр намоям, ки Ҳузайфа дар моҳи мубораки Рамазон қабл аз роҳ ёфтан ба чемпионати Фаронса сазовори мақоми аввал гашта буд ва ба ин мусобиқа роҳхат гирифт. Ҳузайфа панҷ рӯз қабл соҳиби дипломи орбитраж ё судия гуштини озод ва классикӣ шуд. Имрӯз ҳам чемпиони Фаронса шуд. Пирӯзӣ муборакат бод писарам ва умедворам боз ҳам ба қуллаҳои баландтар хоҳи расид!”

Инчунин фарзандони дигар мухолифони тоҷик, ки таблиғоти ҳукумати Раҳмонов онҳоро ба миллат ҳамчун “хоинони миллат” мехоҳад муаррифӣ кунад, дар намудҳои гуногуни варзишӣ ҷойгоҳи баландро ба даст оварда парчами Тоҷикистонро баланд мебардоранд.

Оставьте комментарий