Ахбори Анҷуман

Паёми табрикии роҳбари ПМТ ба муносибати иди саиди Фитр

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), дар паёми табрикии хеш ба муносибати иди саиди Фитр, бо ташаккур аз кӯмаки дӯстон ба мардуми мазлуми Ғазза ва ин ки ҳудуди 20 сол пеш низ тоҷикон ҳамин гуна кӯмак карда буданд, гуфт: “Баъди тақрибан 20 сол моро баъзе аз бародарону хоҳарон хурсанд карданд ва иншоаллоҳ шомили савоби Парвардигор ҳам шуданд, ки дар ин моҳи шарифи Рамазон дар душвортарин лаҳзаҳои мардуми Ғазза як кӯмаки бисёр ҷононаи хуберо ба мардуми Ғазза аз номи ҳама миллати тоҷик расонданд.”

Матни табрики роҳбари ПМТ ба шарҳи зерин аст:

Ба номи Худованди Бахшояндаву Меҳрубон

Ҳамдиёрони азиз!

Падарону модарон, бародарону хоҳарони гиромӣ!

Фарорасии иди саиди Фитрро ба яко-яки шумо аз номи худам, аз номи аъзоён ва пайравону мухлисони ҲНИТ ва ПМТ табрик мегӯям ва аз Худованди Маннон бароятон тансиҳатӣ, қабули ибодатҳо ва саодати ҳар ду оламро таманно дорам.

Ин соатҳо ҳатто шояд дар баъзе минтақаҳо ин дақиқаҳое, ки мо ин сӯҳбатро сабт мекунем, дақиқаҳо ё лаҳзаҳои ахири моҳи шарифи Рамазон ҳаст ва мо як фурсати каме дигар дар ихтиёр дорем, ки боз ҳам ин фурсатро ғанимат бидонем ва якдигарро ҳам табрик бигӯем ва аз Худованди Маннон барои тамоми иштибоҳҳо ва он аъмоли хатое шояд дар зиндагӣ, дар фаолият, дар кор, дар муносибат бо дигарон ва дар тиҷорат аз мо содир шуда бошад, ҳам аз Парвардигор ва ҳам аз бародарону хоҳарону аҳли хонаводаву ҳамкорону ҳамватанон узрхоҳӣ кунем. Шояд Парвардигор бо он лутфу карами хеш дар ин соатҳо дар ин лаҳзаҳои охир моро мағфират карда бошад ва ҳам ин охирон лаҳзаҳоро барои ибодати бештар, накӯкориҳои бештар ва ҳар касе шояд дар ин лаҳза фаромӯш карда бошад, касеро бибахшад, аз касе маъзарат бихоҳад ё ин ки закоти худро пардохт кунад, қарзи худро адо карда бошад.

Ин лаҳзаҳои бисёр муносиб ва ғанимат аст, ки онро анҷом дода бошем.

Банда ҳам аз тарафи худ аз ҳама бародарону хоҳарон аз ҳама касоне, ки моро мешиносанд ё ҳатто намешиносанд, аммо дар сӯҳбатҳо ё гуфтугӯҳо ба хусус барои мо, ки дар фаолияти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ҳатман гоҳо мешавад касеро нороҳат мекунем, гоҳо мешавад тунд сӯҳбат мекунем, аммо бародарону дӯстону ҳамватанон бидонанд, ки ин ҷузъе аз кор аст ва гоҳе иштибоҳе аз мо ё ҳарфи носазое аз мо содир шуда бошад ин ба хотири фаолият ҳаст, на ба хотири кадом ғарази шахсӣ ё Худо накарда ба хотири ҳадафҳои шахсиву фардӣ бошад.

Аммо ба ҳар сурат аз ҳамагон илтиҷо дорем, ки агар аз мо хатое содир шуда бошад, касеро нороҳат карда бошем дар ин дақиқаҳо ва лаҳзаҳои охири моҳи шарифи Рамазон моро бубахшанд то ин ки фардо рӯзи ид ҳаст мо ҳам бо як оромиши қалб дар баробари ҳама муъминин, рӯзадорон ин идро ҷашн гирифта бошем.

Албатта бародарону хоҳарон ҳама касе, ки дар рафти корҳо ҳам байни мо чизе рух дода бошад бидонанд, ки дар лаҳзаҳо мо на ин, ки ҳамаро бахшидем ва дуъо мекунем, ки Парвардигор ҳамаи моро бубахшад чунки танҳо ӯст бахшанда танҳо ӯст раҳмону раҳим.

Фардо мо чиро ҷашн мегирем?

Иди саиди Фитр иде ҳаст, ки мо ҳам ин имтиҳони супоридаи худро ҷашн мегирем назди Парвардигор ва назди худ шодӣ мекунем, билохира мо тавонистем 30 рӯзи азобу машаққатро барои бисёриҳо, ки ба хусус кор мекарданд, дарс мехонданд барои зиндониҳо, барои касоне дар ҳиҷрат ҳастанд, барои касоне дар сангарҳо ҳастанд, хеле як имтиҳони бузург буд ва мо ҷашн мегирем, ки Парвардигор моро муяссар гардон, ки ин имтиҳонро сипари карда бошем.

Фардо мо иди саиди Фитрро ҷашн мегирем ба хотири он, ки худро омода мекунем ба ваъдаи Парвардигор, ки дар як ҳадиси қудсӣ фармуд, ки:

Рӯза барои ман аст ва ман подоши ӯро хоҳам дод.”

Мо ба хотири он ҷашну шодӣ мекунем, ки подоши Парвардигор лутфу марҳамати ӯ, саховати ӯ то он ҳад беандоза ҳаст, ки ҳатман якояки мо шомили он хоҳем гашт.

Даҳҳо сабабҳои дигар дорем, ки ин иди фардоро ҷашн бигирем, ки ва ба хусус барои он навҷавононе, ки бори аввал рӯза гирифтанд, воқеан ин як имтиҳони хеле бузург буд ба онҳо табрик мегуям, ин ҳамватонони навраси худамонро, ки ин имтиҳонро паси сар карданд.

Бародарону хоҳарони азиз дар ин шабу рӯзҳои рамазонӣ дар ин соатҳои ахир ва фардо дар рӯзи ид ёдамон наравад, ки мо як идда нафароне ё касоне дорем, ки болои мо ҳақ доранд, ки онҳоро фаромӯш накунем ҳатто дар рӯзи шодиямон.

На аз дуо фаромӯшашон кунем, на аз кӯмак ва на аз гуфтани сухани ҳақ дар ҳаққи онҳо, ин пеш аз ҳама бародарону хоҳарони зиндонии мо, бародарону хоҳарони муҳоҷири мо ва ҳама мусалмонон, ҳама инсонҳое, ки дар саросари олам дар ин рӯзи ид дар азобу машаққат ҳастанд.

Пеш аз ҳама мардуми шариф мазлум ва муборизи Ғазза, ки дар моҳи шарифи Рамазон ҳам дучори зулм гаштанд, зулме, ки қабл аз Рамазон нисбати онҳо раво дида нашуда буд, вале боз ҳам бо такия ба Парвардигор ва бо устуворию матонат ин душвориҳоро паси сар карда истодаанд.

Мову шумо ҳадди ақал он коре карда метавонем дуо ҳаст дар ҳаққи эшони ва дастгирии ҳамаҷонибаи моливу маънавӣ.

Инҷо ҳам ногуфта намонад, баъди 20 соле, ки дар яке аз ҷангҳое нобаробар алайҳи Ғазза мардуми тоҷик як кӯмакеро он вақтҳое, ки мо Тоҷикистон будем ва бо ташаббуси ҲНИТ ба мардуми Ғазза карда шуд.

Баъди тақрибан 20 сол моро баъзе аз бародарону хоҳарон хурсанд карданд ва иншоаллоҳ шомили савоби Парвардигор ҳам шуданд, ки дар ин моҳи шарифи Рамазон дар душвортарин лаҳзаҳои мардуми Ғазза як кӯмаки бисёр ҷононаи хуберо ба мардуми Ғазза аз номи ҳама миллати тоҷик расонданд ва ман бо истифода аз ин фурсат онҳоро табрик мегӯям ва ташаккур мегӯям, ки ин фарзи кифояро аз дӯши мардуми тоҷик бардоштанд ва он кӯмаки эшон сари вақти дар ин моҳ ва шабҳои рамазонӣ, шабҳои Қадр ба мардуми Ғазза ин амонат расид ва ман ба нвмояндагӣ аз ҳама мардуми Тоҷикистон ба ин бародарон ташаккур мегӯям, воқеан сари моро назди ҷаҳон назди мардуми Ғазза ва пеш аз ҳама назди Парвардигор баланд карданд.

Хуб ҳамдиёрони азиз бори дигар яко-яки шуморо табрик мегӯям ва барои шумо, барои хонадони шумо ва барои ҳама миллати шарифи тоҷик фардо як рӯзи иди босаъодат хушу хурсандиро таманно дорам ва дуъо кунем, ки Парвардигор зиндониёни моро озод кунад то ин, ки идҳои оянда иди Қурбон ва Рамазони ояндаро дар иҳотаи фарзандону наздикон ҷашн бигирем.

Муҳоҷирини мо ба ватан баргарданд то ин, ки онҳо ҳам аз машаққати ҳиҷрат раҳо шаванд ва ба хусус муҳоҷирони сиёсӣ , ки бар хилофи муҳоҷирини корӣ, ки ҳар сол як маротиба ҳадди ақал метавонанд ватанро хешу таборро зиёрат кунанд.

Муҳоҷирини сиёсии мо касоне аз зулм аз истибдод фирор карданд ва барои бартарафии зулму истибдод мубориза мебаранд инҳоро ҳам ҳарчӣ зудтар пирӯзиро насибашон гардон, насиби ҳамаамон гардонад.

Иду ҷашнҳои ояндаро дар ватан пешвоз гирифта бошем.

Бори дигар табрик мегуям ҳамдиёрони азиз, падарону модарон, бародарону хоҳарони гиромӣ!

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!

30 март 2025

Муҳиддин Кабирӣ

Оставьте комментарий