Андеша

Муқовимат ва бозгашт

Меҳмоншо Шарифзода

Кушиши ташхиси ҳолати вақт

Мавҷем, ки осудагии мо адами мост,
Мо зинда аз онем, ки ором надорем…

Бедил

Рассомии Салвадор Далӣ «Филҳо» — «The Elephants», 1948

Бар ин боварам, ки ҳама гуна ҳизб ва ҳаракати сиёсӣ ҳар ҷо ки ҳаст ба формулаи сиёсие такя мекунад, ки худогоҳи-ҳақиқат (идеология)-қудрат ва фазосозӣ аз унсурҳои бунёдии онанд, ки дар якҷоягӣ бо ҳам тофтаву бофта ва даркоранд. Бешак, барои фазои солими фарҳанги-сиёсӣ сохтан ва ба сиёсат машғул шудан аз Аврупо муҳити хубтаре наметавон пайдо кардан. Аврупо бо будани ҳукумронии қонун, фазои фалсафи-сиёсии озод, мактабҳои фикрӣ ва ҳизбҳои сиёсии гуногун барои ҳар як ҳаракати сиёсӣ ҷои инкишоф ва қудратманд шудан аст…

Имрӯз ҳолати мухолифини Тоҷикро #онгуна_ки_ҳаст, на ҳама, ба хусус мардуми муҳоҷир ва ҷавононе, ки донишу таҷрибаи воқеъияти Тоҷикистонро надоранд, метавонанд дидан, шинохтан ва дарк кардан. Донистани гузаштаи шахсҳо, ҳаракатҳо ва ҳизбҳо ба хусус инсонҳо ва ҳизбҳое, ки кисагӣ нашуданд, қурбонӣ ва зиндонӣ доданд ва мамлакатро тарк карданд сахт зарур аст то ин ҳолатро дарк карда бошӣ. Имруз дар дунёи виртуалӣ (хаёлӣ) ҳолате аст, ки ‘роҳбарони сиёсӣ’ зиёд шудаанд ва ҳатто шохаҳои дарахт дар муқобили дарахт мавқеъ гирифтаанд -:)…Бисёриҳо ба сиёсат нарасида ба сиёсатбозӣ ворид шудаанд ва бисёриҳо ҳам ба хотири бозгашт ба ватан бо ҳукумати хусусишуда дар ҳамкорианд… Дар дунёи виртуолӣ (хаёлӣ) хабарҳои зиёд мекоранд ва гуфтугӯҳои (discourse) бебунёдро дар бораи мухолифони ҳукумат ташкил мекунанд. Ин ҳолатест, ки то ҷое боиси ноумедии баъзеҳо аз раванди мубориза ва муқовимат мегардад, вале бояд гуфт, ки ин як амри табиист ва аз ин раванд бояд омухт, гузашт ва бардоште зарури кард…

Ҳолати мухолифин ва ‘бозгашти сарбаландона ба ватан’, ки мардуми муҳоҷир сахт умедворанд ва он бо ислоҳ ё аз байн рафани низоми худкома дар Тоҷикистон муяассар мешавад, пеши чашм тасвири Салвадор Далӣ ‘#Филҳои дукпой’- ро меорад. То ҷое ин расм ишора мекунад ба мисраи шайх Саъдӣ, ки “Мӯре наиву тахти Сулаймонат орзуст, Шаҳпар зи Ҷабриил, зӣ магас ронат орзуст!” Далӣ дар ин шоҳкори худ муносибати байни воқеъият ва зершуур (нохудогоҳӣ), қувва ва заъф ва қудрати зеҳни инсонро тасвир карда, ки инсон аз ҳудудҳои зеҳнии худ чӣ қадар дуртар метавонад рафтан. Ин филҳо бо #пойҳои_ноаёни_хоҳиш сутунҳоеро ҳомиланд, ки метавон онҳоро ба унвони намодҳои қудрат, ҷоҳталабӣ ва табиати машкук ё дур аз эътимоди ҳар ду фаҳмид…

Бале, мебинем ва медонем, мухолифин дар муқовимат ва мухолифат ҳастанд, вале на дар он сатҳ, ки Тоҷикро мебояд ва мардум мехоҳанд. Бале, мардум мехоҳанд, вале хостанро тавонистан даркор ва ин танҳо тақсири ҳизбҳо нест, ки дар ин ҳолатанд. Агар мардум бетараф намебуд ва ин солҳо хомуширо дар баробари зулм интихоб намекард ва ҳизбу ҳаракатҳои аслии Тоҷикро ҳимоя ва тарафдори мекард зиндагии дигаре медошт. Мушкил аст, вале дар ин роҳ мухолифони сиёсии ҳукумат худро бояд аз ҳошияи фарҳанги-сиёсии Аврупо, аз сатҳи ғарибу муҳоҷир болотар ва дар фазои фарҳанги-сиёсии Аврупо мегирифтанд ва гирифта бошанд. Албатта, мушкил аст дар фазои фарҳанги-сиёсии як мамлакати дигар худро аз ҳошия, аз ҳолати дастнигари дигарон будан, аз сатҳи муҳтоҷӣ ва ба халосгар зор будан берун кашидан, вале шоҳидем, ки мухолифин аз уҳдаи ин кор ба сарбаландӣ доранд мебароянд. Ин дар ҳолест, ки дар Тoҷикистон ҳукумати хусусишуда мардумро ба ҳошия, ба муҳтоҷи дигарон будан ва ба гадоӣ кашонидаанд…

Ин ҷо, дар муҳоҷират қадами аввал забони мардуми Аврупоро ёд гирифтан ва забони фарҳанги-сиёсии онҳоро шинохтан ва баъдан худро аз одатҳои аз муҳити пешин мерос гирифта тавониста озод кардан ва фазои нави сиёсиро шакл додан буд ва ҳаст. Дар ин раванд, бояд саҳифаи нави сиёсиеро мекушоданд, ки ҳатто барои мардуми Ғарб нав мебуд ва дар қадами дигар фазои ҳамбастагиро барои ҳама мухолифин ташкил мекарданд, ки ин имкони шакл гирифтани фардият, зарфият, ихтиёр ва шуҷоат мебуд, ки ба ғалаба ва озодиро мерасонид. Яъне фазоеро шакл медоданд, ки ҳукумати хусусишуда дар Тоҷикистон шикаста буд ва наметавонанд сохтан.

Доштани #формулаи_нав ё тарҳи нави сиёсӣ ва #ташкили_фазои_солими_фарҳанги_сиёсӣ имкони бозгашти сарбаландонаи мухолифини Тоҷик ва муҳоҷиронро ба вуҷуд меорад…

Мутассифона, аз амалҳои мухлифин маълум аст, ки дар ин муҳит, қисме бо ном мухолифони ҳукумат, пеш аз ҳама (1) фикр карданро ёд нагирифтаанд ва тафаккури таҳлили-танқиқдиро, ки фарогири контексти ҷаҳонӣ, минтақа ва тоҷикистон бошад, надоранд ва ба хусус ҳамин солҳои охир шояд зери таъсири воқеъяити виртуолӣ (хаёлӣ) бошад, бисёр чизҳоро бо ҳис ва ҳарфҳои кӯча омехта кардаанд. Маълум аст, ки сафи муборизон мардуми норозӣ зиёданд, вале сиёсатро набояд то ба сатҳи кучаву бозор фуровард, балки сиёсат бояд зиндагиро аз кӯчаву бозор то боло дар ҳама ҷо дигаргун карда бошад. Яъне ҳаракати сиёсӣ худ фазои муносибатҳои сиёсиии солимро дар ҷомеъа бояд шакл диҳад, зеро ҳастии сиёсии мардум ҳастии воқеъии онҳост. Ин ҳарф, ки “ба сиёсат наздик нашав, агар ба сиёсат наздик шуди дар назди қонун ҷавоб медиҳӣ” аз касонест, ки худ бозичаи сиёсии дигаронанд. (2) Дигар инки ҳис болои ақл ғолиб шудааст ҳарчанд, ки ҳис чизи зарури ва бунёдист вале барои шакл додани таркибҳои солим дар ҷомеъа боз пайвастагии мантиқӣ, маъниҳо ва ҳақиқат заруранд. (3) Бештари бо ном мухолифин, ба хусус касоне,ки ба сиёсатбозӣ машғуланд, хело саросема, бетоқатанд ва корҳоро пеш аз вақт мехоҳанд, ки шуда ва ё карда бошанд. (4) Ин ҳам як заъфи ин мардум аст, ки хаста будан, пароканда будан ва заъиф будани худро ошкор мекунанд ва он ҳам ба душмане, ки дар сатҳи як ҳайвони ваҳшӣ чизҳо, воқеъаҳо ва руйдодҳоро ҳис мекунад. (5) Яке аз мушкилии дигари калидии ин мардум аз воқеъияти худ тарсидан, гурехтан ва эътироф накардан аст, ин сарзамин, ба исми Тоҷикистон фарҳанги худро дорад ва дар сиёсати ин сарзамин унсурҳои гуногун ва аз ҷумла дини мардум нақши калиди доранд, з-ин рӯ сиёсатро ин ҷо бояд шинохт ки чи гуна аст. Ва ҳар муллое ҳам ки ба сиёст машғул аст бояд дониста бошад, ки имон барои шахси диндор чизи бунёдист, вале дар фазои сиёсӣ ба ҷуз имон боз ақлу илм ҳам нақши ҳалкунанда мебозанд то ҷаҳони мардум сохта шавад. Гузашта аз ин дар муқобили ин мухолифини ё фазои сиёсии Тоҷикон дар хориҷ, қавме зери истилоҳи “рушанфикр” аз Тоҷикистон то Аврупо сангар гирифтаанд…(6) Тез-тез аз роҳ берун мешаванд ва манфиатҳо ва мушкилиҳои дихилии Тоҷиконро бо масъалаҳои берун омехта месозанд. Аслан ҳамин бесуботиро, ки ҳукумати Тоҷикистон дорад дар вуҷуди ҳаракати сиёсии Тоҷикон мехоҳанд эҷод кардан. Дуруст аст, ки мардуми мазлумро ҳама ҷо даст бояд гирифт, вале имрӯз ҳолати мардуми худро бояд шинохт ва пеш аз ҳама дар баррасии мушкили онҳо коре кард, зеро то дар ин сарзамини адолат, ҳақиқат, қонун, ростӣ ва инсоният ғолиб нашаванд наметавон ба мушкилии дигарон ончунон, ки бояст расидагӣ кардан…

Дар дунёи имрӯз мавқеъӣ худро бояд дошт. Ҳамон қадар, ки дар баробари беадолатии Толибон побарҷой ҳастӣ ҳамон қадар аз дар муқобили сиёсати зидди афғонии мақомоти Ирон бояд побарҷо буд… Дар муқобили идеологяи фашистии Изроил новабаста аз ҳамагуна фишори нухбагони фарҳанги-сиёсии яҳудитабори дунё, ки дар сиёсати имрӯзаи Амрико ва Аврупо нақши калидӣ доранд, бояд побарҷо буд… Аллома Иқбол ҷое мегӯяд, ки “Наҳанге бачаи худро чӣ хуш гуфт, Ба дини мо ҳаром омад карона, Ба мавҷ овезу аз соҳил бипарҳез, Ҳама дарёст моро ошёна…”, ва сиёсатмадор бояд бо чунин ҳикмат бошад. Бо чорчӯба набояд сохт ва агар як чорчӯба тангӣ карда ва ё имкони дар он зистан нест, ҳаракатро чунон бояд зинда кард, чорчӯба ба хати мавҷи нав табдил ёбад ва мардум чорчӯбаро фаромуш кунанд ва танҳо авҷу мавҷи ҳаётро бинанд ва дар он бошанд…

Аслан ҳар як ҳаракати зинда ва созанда дар нуктаи таърихие худ ба чорчӯба ва #ҳақиқате_аз_гузашта табдил меёбад ва ин ҷо набояд мурдапараст буд, балки ҳақиқати вақтро пайдо ва ҳаракати навро бояд ташкил кард ва ба ҳаракати сиёсӣ нафаси тоза бахшид. Намунаи зиндаи мурдапарстӣ, чорчӯбапарстӣ ва бо ҳақиқати дигарон будан ҳамин ҳолати шакл додаи ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон аст, ки бо шиорҳои “шукрона кунед то ба солҳои навадум барнагардед”, “ба сиёсат наздик нашавед…”, “аз Афғонистон ибрат гиред ва ором бошед”, “хомуш бошед моам меоремтун аз ин тараф ва аз ун тараф” ва ғайра дар мамлакат ҳолати фавқулодаро нигоҳ доштаанд. Имрӯз вазифаи муқаддасӣ як ҳизб ва ҳаракати сиёсии воқеъӣ дар ин сарзамин ҳамин таноқузи истиқлол ва ҳолати фавқулоддаро аз байн бурдан аст. Яъне бояд пойи ин қавмро, ки фасод, дуздӣ ва дурӯғро ниҳодина кардаанд аз болои қонуни асосии мамлакат дур карда бошанд…

Меҳмоншо Шарифзода

Оставьте комментарий