Меҳмоншо Шарифзода
Дар суҳбати зери бародарон, Алим Шерзамонов ва Салимҷон Султонзода, яке аз мушкилиҳои калидии воқеъияти сиёсии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Яъне низоми мавҷуда то куҷо машрӯъ (#legitimate), қонунӣ ё барҳақ аст ва ин мушкилӣ ба хусус дар раванди интиқоли қудрат ё патологияи (раванди пурдардӣ) интиқоли қудрат аз худ ба таври равшан дарак медиҳад.
Ин масъалаест, ки дар қаринаи Тоҷикистон шинохтанаш, ба хусус барои мардуми одӣ, мушкил ва сахт норавшан аст, зеро дар зери ниқоби машруъ ё қонунӣ будан гуруҳҳои мофиозӣ қонунро ва манфиати умумро зери по карда корҳои шахсӣ ва гуруҳии худро пеш мебаранд. Гузашта аз ин дар сарзамине мисли Тоҷикистон, ки истиқлол (#independence) ва ҳокимият (#sovereignty) ё ҳақи тасмим гирифтан дар масъалаҳои тақдирсоз дасти бегонагон аст, ин мушкилиро шинохтан боз мушкилтар мекунад…
Бубинед, ин ҳукумат зери шиори ‘ҳимояи ҳукумати қонунӣ” ва “ҳимояи низоми конститутсионӣ” аз тарафи русу узбак ба сари қудрат оварда шуд, ва то имрӯз бегонагон қудрату ҳокимиятро дасти худ нигоҳ доштанд. Аз рӯзҳои аввали ба сари ‘қудрат’ омадани худ ин ҳукумат соягӣ буд, яъне зери сояи қонун дар забон як ҳарф ва дар амал дигар корро анҷом додаанд ва медиҳанд. Имрӯз, ки дунё ба марҳалаи нави ҷанги сард ва ҷанги тарафҳо ворид шудааст машруъият гирифтан ё машрӯъияти худро нигоҳ доштани ҳукуматҳои худкома ва ҳаросафкан, ки дар сарзамини худ аз мардум дуранд ва дар фарҳанги сарзамини худ реша надоранд осон аст. Дирӯз интиҳорӣ, ҳаросафкан ва ба куштори мардуми худ машғул буданд, имрӯз ҳукумати шинохтаи қудратмандони давр метавонанд буд. Аз ин фурсат ҳукуматҳои худкомаи Осиёи Марказӣ, ба хусус ҳукумати хусусишудаи Тоҷикистон хуб истифода мекунад. Аз машруъият ё волоияти қонун ҳарф мезананд, нусхаи Қонуни Асосиро пеши чашми мардум ҷилва медиҳанд ва даст болои он гузошта қасам мехуранд, вале дар воқеъият ба корҳои дигар машғул мешаванд. Дар сарзамин таноқузи истиқлол ҳукумрон аст. Яъне намояндагони ин ҳукумат як по даруни қонун ва як пойи дигар берун аз қонун доранд ва ихтироъи пешво ҳам яке аз ҳамин хоҳишҳои берун аз ҳар гуна қонун будан буд ва ҳаст.


Дар раванди суҳбат, бародарон як чизи муҳимеро қайд карданд, ки #нуфуз ва #қудрат дар садсолаҳои пеш дар давраи шиҳигариҳо ба чӣ такя мекард? Бубинед то замони ба вуҷуд омадани шартномаи иҷтимоӣ (#social_contract), ки ба иродаи ҳама шаҳрвандҳо такя мекард ва шаклгирии қонунҳои асосии миллатҳо, ба хусус дар Аврупо #ҳақиқате, ки нуфуз ва қудратро муаян мекард, реша дар маъниҳо ва сарчашмаҳои динӣ дошт. Масалан дар ҷаҳони Исломи асрҳои миёна, Хулафои Умaвӣ, Фотимӣ ва Аббосӣ, ҳар кадом худро соҳиби шинохт ва тафсири ҳақиқати иллоҳӣ медонистанд ва худро аз соҳибони аслии нуфуз ва қудрат ҳисоб мекарданд. Баъдан сулолаҳои турки-муғулии Осиёи Марказӣ ҳам ин корро давом доданд. Ва дар ибтидо, сулолаҳои туркӣ, ки танҳо қувва доштанд барои нуфуз доштан ҳатман кушиши ба хулафои Бағдод наздик шудан мекарданд. Масалан Туркҳои Салҷуқӣ ба хотири пайдо кардани нуфуз бо Хуллафои Аббосӣ мехостанд муносибатҳои хешутабори барқарор карда бошанд.

Дар замони нав, ба хусус дар Аврупо, мардум дигар ба арзишҳо, назарияҳо ва ормонҳои нав такя мекарданд то машруъият дошта бошанд. Ҳақиқате, ки нуфуз ва қудрат ба он такя мекард дар воқеъияти мардум реша дошт. Акнун дар ин муҳит будани қонуни асосӣ, ҳукумронии қонун ва иродаи мардум машруъияти ҳар гуна ҳукумат ва давлатдориро муаян мекард. Будани истиқлол, фардият, ва шаҳрванд будан ҳам аз хусусиятҳои ҷудонашавандаи ин низомҳои машруъ буданд.

Имрӯз дар раванди интиқоли қудрат дар ин қарина чӣ мегузарад? Нуқтаи марказии баҳс ҳам ин аст, ки имруз гуруҳҳое, дар ин сарзамин мехоҳанд худро дар қудрат нигоҳ дошта бошанд бо якдигар дар бархӯрди сахтанд ва ба якдигар раҳм нахоҳанд кард. Бешак ин фазо ва ҳолатест, ки ба таҳқиқи мустақил ниёз дорад. Ин дар ҳолест, ки сарчашмаҳои машруъият дар ин сарзамин дар кор нестанд ва ин гуруҳҳо ба ин сарчашмаҳо боварӣ ва имон надоранд ва мардум ҳам ба ин гуруҳҳо бовариву имон надоранд. Дар солҳои ҳукмронии худ ягонаи давр, аз ҳама сарчашмаҳое, ки муаянкунандаи машруъияти қудратанд истифода мекард ва мекунад. Бубинед, солҳо боз қонуни асосиро бо хоҳишҳои худ мувофиқ карданд, ҳатто муллоҳо ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон аз кумитаи дин сар карда то ниҳодҳои академикӣ аз нуқтаи назари динӣ ‘машруъ будани ҳукумати ягонаи даврро исбот карданд”. Бале, аз дунявият, мардумсолорӣ ва қонунбунёд будани давлату ҷомеъа лоф мезаданд ва мезананд ва барои президент мақоми #шоҳаншоҳ’ ва ҳатто #вилояти_фақеҳ’-ро таёр намуданд….

Ин ҷо мушкили калидӣ вуҷуд доштани нафси бетарбияти инсонист, ки чун дар қудрат ва мақоми тасмимгирӣ бошад чӣ қадар ба мардум метавонад зарар расонидан ва ҳаёти онҳоро ба дӯзах табдил додан. Агар замоне, ҳақиқати нуфуз ва қудратро паёми худованд муаян мекард дар замони нав онро ба иродаи мардум ва қонуни асосӣ иваз карданд, имрӯз дар Тоҷикистон ин ҳар ду сарчашмаи нуфуз ва қудрат аз кор мондаанд ва ин қавми бо ном дар қудрат буда на худовандро мешиносанд ва на халқро эътироф мекунанд. Яъне на тарс аз худо ва на шарм аз халқи худо доранд. Акнун сарчашмаи нуфуз ва қудрати надоштаи инҳо #ПутинСиҶинПинвасармояибo_дуздӣ ҷамъ кардаи инҳост. Ин аст, ки имрӯз дар ин сарзамин сарчашмаи истиқлол ва ҳокимият худи мардум ва қонуни асосии онҳост ва ин мардум ба як ҳукумте машруъ ниёз доранд то тавонад ба мушкилиҳои мардум расидаги карда ба мардум имкони аз ин ҳошияи тамаддун ва торих боло шуданро дода бошад.
#standfortruth
#standforfreedom
#standwithtajikistan
Mehmonsho Sharifzoda
Рубрики:Андеша, Ахбори Анҷуман, Давлатдорӣ, Сиёсат, Таҳлил



