
Раҳнамо мегӯяд, ки ‘дар Тоҷикистон марҳалаи давлатсозӣ ба охир расида ва акнун марҳалаи рушд оғоз шудааст…’ Чӣ гуна метавон, раванди хусусишудани ҳукумати Тоҷикистон; раванди таҷовуз шудани қонуни асосии ин сарзаминро; раванди заъиф кардан ба ҳеҷ табдил додани #ҳокимият ва #истиқлоли ин сарзаминро; раванди аз байн бурдани сиёсат ва ба хушунат иваз кардани гуфтугӯи миллиро; раванди ниҳодина кардани фасод, дуздӣ ва дурӯғро; раванди муҳоҷир, ғариб ва пароканда шудани ҳазорҳо тоҷикистониро; раванди бекор, бечора ва овора шудани миллионҳоро; раванди шикаста шудани ҳуввият, фардият ва ба равшану ҷумшуд ва ба ҳаросафкан табдил ёфтани ҷавононро; #шарм_накарда “#марҳалаи_давлатсозии_миллӣ” номидан…
Бо чунин ҳукумати соягӣ ва хусусишуда дар бораи кадом #рушд метавон ҳарф зад. Ин ҳукуматест, ки фасодзадаву дузд ва бадтар аз ин #ҳукумат_кардан_наметавонад ва барҳақ юнониҳои қадим чунин ҳукуматҳоро “бадтарин ҳукумат” (kakistocracy, аз юнонӣ какистос ‘бадтарин’ ва кратия ‘ҳукумат’) номида буданд, ки ҳатто аз анархия, яъне аз беҳукуматӣ ҳам бадтар аст. Ин маънӣ бешак таърифи ҳукумати хусусишудаи Тоҷикистон аст. Баъзеҳо вожаи какистокрасиро бо аристокрасӣ (aristocracy, аз юнонӣ, aristos ‘беҳтарин’ ва ‘kratos’ ҳокимият) муқобил мегузоранд, ки ҳам яке аз хусусиятҳои ба ин ҳукумати соягӣ ва ё хусусишуда мувофиқ омадани ин таъриф аст. Ин қавм аз ашрофият (aristocracy) ё аз ашрофияти фарҳангӣ зиёд лоф мезананд, вале мутассифона ҳанӯз ҳам дар сатҳи пасти ҳастӣ ва ё фарҳангӣ ҳастанд. Бубинед, худ медонанд, ки фасодкор, дузд ва дурӯғгӯянд вале дар фарҳанг ва сиёсат боз худро ягонаи давр мегиранд. Ҳеҷ эътироф кардан наметавонанд ва намехоҳанд, ки аз уҳдаи давлатдорӣ ва ҳукумат кардан намебароянд ва ин вожа бо тамоми маънӣ дар бораи ҳукумати ин қавм аст…

Имрӯз ба ҷуз бекорӣ, бечорагӣ, муҳоҷирати иҷборӣ, мардикорӣ ва ғарибӣ дар дохили мамлакат чизҳое рӯй медиҳанд, ки аз буҳрони сахти вуҷудӣ дарак медиҳанд. Бубинед, вақте модарон фарзандони худро об кардани мешаванд, падар фарзанди худро бераҳмона мекушад, вақте зиндониён дар зиндон ва хонаводаҳо ба таври мармуз кушта мешаванд, ‘зиёӣ’ ё бо ном зиёи рӯирост дурӯғ мегӯяд ё мавқеъи бетарафӣ мегирад худ нишонаи набудани таркибҳои солим дар мағзҳо ва дар ҷомеъа аст. Пажуҳишгоҳҳо, донишгоҳҳо, ниҳодҳои илми-таҳқиқотӣ ва ниҳодҳои қудратии мамлакат ба ҷои шинохти вазъият ҳалли мушкилиҳои мардум ба таблиғӣ “сиёсати хирадмандона” машғуланд. Дар ин раванд, бо ‘ифтихор’ ва намоишкорона, #гуёчиземегузарад, ‘ягонаи давр’ ё ‘қайчидори бузург’ бо нукарони музофотияш, ба кушодани биноҳо ва роҳҳои сохтаи дигарон машғуланд. Аз пешво то ба амалдорони одӣ дар ин сарзамин ба бинокор’ табдил ёфтаанд. Воқеъан дар ин сарзамин исбот карданд, ки ‘ҷой’-ро аз ‘фазо’ фарқ намекунанд. Масалан, имрӯз дар як шаҳраки одии аврупоӣ вақте хона месозанд ҳадаф ҷамеъаи солим сохтан аст на танҳо бино. З-ин рӯ фазои будани ин ҷомеъаро месозанд, ки он аз будани шароитҳо ва имкониятҳои зарурии зиндагии барои ҳар як инсон аст. Ин сохтани #таркибҳои_солими_муносибатҳо_дар_ҷомеъа аст, ки як роҳбар ё пешво бо будани ҳамин чиз роҳбар аст.
Файласуф Витгенштейн як ҳарфи маъруф дорад, ки “Ҷаҳон маҷмуъаи далелҳост [ҳақиқатҳост] на маҷмуъаи ашё. Ҷаҳон тавассути далелҳо (воқеъиятҳо) ташхис карда мешавад …”.
Албатта, дар сарзамине, ки садо ва симои ҳастӣ танҳо як нафар аст ҳақиқат ҳам ӯст, фазои ин сарзаминро ҳам аз ӯ пур кардаанд… Ҳар чӣ мегузарад на барои мардум аст балки ба хотири бузург нишондодани ‘ягонаи давр’ ва ба ин хотир аст, ки ӯ дар ин маросим иштирок дорад. Бале ҳукумат чархи панҷуми ароба ҳаст ва мардум солҳо боз ‘рӯ ба раҳми худост’. Гузашта аз ин ин ҳукумат бо ҳама дору дастгоҳаш рӯи шонаҳои ҳамин мардуми рӯ ба раҳми худост. Ин солҳо сиёсат(бе)мадорони дар мансаб будаи Тоҷикистон аслан гирди дегу табақ, ба хусус деги ошу қурутоб, дар ангурчинӣ, байни пирамидаҳои меваву сабзаҷот аз худ дарак додаанд.
Имрӯз, мутассифона, боз як чизро метавон мушоҳида кард, ки қисми зиёди бо ном зиёӣ мавқеъи бетарафӣ ишғол кардаанд, қисме ҳам номаҳои #эътирофи_гуноҳ менависанд, ва қисме дигар ҳам бо навиштани шеъру достон дар васфи «наҷотбахши саёра» ба таври ошкор ба сафи чоплусҳо пайвастанд…
Рубрики:Давлатдорӣ



