Давлатдорӣ

«Ҷуз гуфтугӯ надидем, чизе ки мешунидем», — Бедил

Меҳмоншоҳ Шарифов

…Ҳатто худи паёмрасон дарк накардааст, ки дар чӣ ҳол аст ва ин мардум ва ин сарзаминро чӣ интизор аст. Воқеъан чунон саргарми паём ҳастанд, ки #рахна ё #холигии байни #вожаҳо_насиҳатҳо_ваъдаҳо ва #воқеъиятро наметавонанд дидан. Паёми ҳақ, ҳастӣ ва воқеъиятро наметавонанд дидан ва шунидан…Мушкили танҳо бебарқӣ ё маоши мардум нест, ки паёмрасон дили мардумро гарм карданист, балки #мушкили_бунёдӣ вуҷуди ҳамин ҳукумати хусусишуда аст, ки #ҳокимият (sovereignty), #истиқлол ва умуман фарҳангу сиёсатро дар ин сарзамин зери суол бурда.

Солҳо боз наметавонанд дар зеҳнҳо, дар таркибҳои ҷомеъа дар муносибатҳо ва ҳаёти мардум дигаргуние ворид кардан, ва мардум аз бесалоҳиятӣ, безарфиятӣ ва беномусии ин гурӯҳи бо ном ҳукуматдор азоби бекорӣ, бебарқӣ, беобӣ, муҳоҷират, ғарибӣ, равшaну ҷумшуд будан’, террорист будан, берун аз ҳимояи қонун буданро… мекашанд. #Ин_ҳукумат кадрҳое, ки тавонанд шароитҳои зеҳнии #имконро, яъне имкони будани чизе, рӯйдоде, раванде, ҳодисаеро ташкил карда бошанд, надошт ва надорад. Ин кадрҳо, ки дорад ба фасод, дуздӣ ва дурӯғ одат кардаанд ва ин одатро #вай_кардан -:), шикастан наметавонанд. Наметавонанд одатро шикастан ва як раванди созандаро ё ба истилоҳи ҷомеъашинос Бордие Bourdieu ҳабитус (#habitus) #як_бозии_созандаро дар мағзҳо ва дар ҷомеъа ташкил кардан. Бубинед ниҳодҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ хароб ва фасодзадаанд ‘#таркибҳои_таркибсоз‘ (Bourdieu) вуҷуд надоранд чӣ гуна метавонанд мушкилиҳои мардумро ҳал кардан.

Аминам, ки бо чунин ҳукумат агар чанд #Роғуни дигар дар ин сарзамин дар кор бошад ҳам мушкилиҳои мардум ҳал намешаванд, зеро мушкили дар набудани мудирият аст на дар набудани барқ ё чизи дигар…Мутассифона, воқеъият паёми дигар дорад …соли нав, ки меояд мардумро мушкилиҳои нав, фитнаҳои нав ва фоҷеъаҳои нав интизоранд…Ин сарзамин ба низоми нав ва ба #тавонои (енерҷӣ, неру) ниёз дорад на ба паём ва инҷо бе тавоноӣ ҳеҷ низоме наметавонад будан. Тавоноӣ танҳо бо мардум аст на бо ин қавми фасодкор, дузд ва дуруғгӯ. Тавоноӣ бо мардумест, ки аз тарафи ин ҳукумати худкома ‘рӯ ба раҳми худост’. Имрӯз #огоҳӣ ва #ҳамбастагӣ ва #шуҷоати_мардум метавонад сабаби озодӣ, будани сиёсати воқеъӣ, низоми солим ва зиндагии шарофатмандона дар ин сарзамин бошад…

#давлатдори_ҳамин_будааст

#давлатдорӣ_истеъфо_ҳам_дорад

#истеъфо -:)(:-

Рубрики:Давлатдорӣ

Оставьте комментарий