Абдуманнон Шералиев, журналист
12/03/2026
Ин чаҳор нафари дараксбуда ҳамроҳ бо 15 нафари дигар қурбонии танҳо як бозии кӯчаки мақомоти рус барои поин овардани сатҳи норозигии мардум аз ҷангу баргардонидани ғазаби онҳо ба самти дигар шуданд. Бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки ҳеҷ кадом аз онҳо дар умраш мусалсал (автомат) чӣ, туфанги шикориро дар даст надоштааст ва шояд мурғеро ҳам қурбонӣ накарда бошад.

Беш аз сад сол аст, ки русҳо майдамиллатҳо, бахусус тоҷиконро чун ғулом дар корҳояшон, гӯшти дами тӯп (пушечное мясо) дар ҷангҳояшон, ғазабдуркун барои мардумашон ва гунаҳкори асосӣ дар кулли мусибатҳояшон истифода мекунанд. Агар чун ғулом ва гӯшти дами тӯп миллатҳои дигаре, аз ҷумла майдамиллатҳои дохили худи Русия низ ба кор гирифта мешаванд, “шараф”-и “ғазабдуркун” ва “гунаҳкори асосии кулли мусибатҳо”-и русҳо будан асосан насиби тоҷики бечора шудааст.
Ин чаҳор нафари дараксбуда ҳамроҳ бо 15 нафари дигар қурбонии танҳо як бозии кӯчаки мақомоти рус барои поин овардани сатҳи норозигии мардум аз ҷангу баргардонидани ғазаби онҳо ба самти дигар шуданд. Бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки ҳеҷ кадом аз онҳо дар умраш мусалсал (автомат) чӣ, туфанги шикориро дар даст надоштааст ва шояд мурғеро ҳам қурбонӣ накарда бошад. Ҳоҷат ба овардани далел барои ин гуфтаҳо нест, чун коршиносону мутахассисон борҳо дар навиштаҳову наворҳои зиёде собит кардаанд, ки “амалиёт”-и Крокус Сити кор дасти мутахассисони хунсарди касбӣ буд ва ин бечораҳо танҳо дар замони номуносиб дар макони номуносиб қарор доштаанд, то русҳо аз онҳо “террорист” бисозанд.
Аз 19 нафар, ки аксарашон тоҷиконанд, 11 нафар ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Боқимондаҳо аз 19 то 30 сол. 19 ҳаёти комилан шикаставу фурӯрехта, 19 оилае, ки даҳсолаҳо ин мусибатро бояд ҳамл кунад. Танҳо ба ин хотир, ки мақомоти як ҳукумати фашистӣ тасмим гирифтааст ғазаби мардумашро ба самти дигаре равон кунад.
Ин мусибат қатрае аз баҳр аст, ки беш аз сад сол аст русҳо ба сари миллати бечораву мазлуми мо овардаанд.
Аввал ватандорони қаҳрамонашро “босмачӣ” ва душман эълон кардаву мардуми бечораро алайҳи онҳо истифода карданд ва садҳо ҳазорро куштанд. Сипас бо баҳонаи “сохтмони сотсиализм” миллионҳоро дар саҳроҳои пахта аз гуштагӣ қир карданд. Баъдан миллионҳо нафарро барои “ҳимоят аз ватан”, “ватан”-е, ки бо зӯр ба мардум бор карда шуда буд, дар ҷанг алайҳи Олмон истифода карданд. Инҷо қасдан аз истифодаи ибораи “Олмони нозӣ” худдорӣ мекунам, чун болшевикҳо сад бор аз олмониҳо нозитару хунхортар буданд. Танҳо таблиғи густардаашон дар қаламрави Шӯравӣ онҳоро “қаҳрамон” сохта буд. Мутаасифона то ҳанӯз асари ин таблиғот боқист ва ба он таблиғоти путинӣ изофа шудааст. “Ҷанги бузурги ватанӣ” (бар падари созандаи ин ибора ҳазор лаънат) он қадар тоҷику миллатҳои дигари заифро нобуд кардааст, ки ҳеҷ ҷанги дигаре дар таърихи ин миллатҳо накарда. Бояд, бояд, бояд ин зулми болшевикҳо бар сари миллатҳои мазлум, ин таърихи дурӯғину сохта аз нав таҳқиқ шавад!
Баъди ҷанг миллионҳои дигар бо қимати ҷон барои “сохтмони коммунизм” истифода шуданд.
Ҳамин алъон чанд ҳазор точик аз тарафи насли нави нозиҳои ҳамешанозӣ чун гӯшти дами тӯп, даҳҳо ҳазор чун ғазабдуркун ва “гунаҳкори асосӣ”, чанд миллион чун ғулом истифода мешаванд.
Агар бедорие дар зеҳни мардум шакл нагирад (аниқтараш аз тарафи бедорон, ки бисёр андаканд, шакл дода нашавад) боз сад соли дигар истифода хоҳанд шуд. То комилан рӯфта шудани номи ин миллат аз сафҳаи таърих.
Бедории мардуми Ирон, ҳаммиллатони мо, ки имрӯз ҷаҳонро дар ҳайрат оварда, метавонад таконе барои шурӯъи бедории миллии мо бошад. Танҳо гурӯҳе лозим аст, ки аз ин такон истифода карда равандро шурӯъ кунад.


