Мо, ҷамъе аз фаъолони тоҷик, бо дарки бӯҳрони амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва фасоди густардаи идорӣ ва ноадолатиҳои иҷтимоӣ, ки бар фазои ҷомеаи мо соя афканда ва боиси эҷоди хушунат ва бадбинӣ дар тамоми сатҳҳо гардида, якпорчагии миллат, тамомияти арзӣ, истиқлоли давлатдории Тоҷикистон ва саботи минтақаро таҳдид мекунад, таъсиси “Анҷумани Озодандешони Тоҷик”-ро эълом медорем.
Тасмими таъсиси ин Анҷуман, дар ноябри 2015 дар нахустин ҷаласаи муассисон гирифта шуд. Анҷуман шахсияти ҳуқуқии мустақил дошта, дар он ҳамаи тоҷикистониён ва тоҷикон – сарфи назар аз миллият, ҷинсият, ҷойгоҳи иҷтимоӣ, ақидаҳои сиёсӣ, мансубияти мазҳабӣ ва ҳизбӣ — метавонанд узв бишаванд. Муҳимтарин аҳдофи Анҷуман иборат аст аз:
— ниҳодина кардани фарҳанги демукросӣ (мардумсолорӣ) дар ҷомеа ва ҳифзи чеҳраи дунявият дар сохтори сиёсии Тоҷикистон;
— талош барои бунёди ҷомеаи инсонмеҳвар, ки дар он, давлат манофеи кишварро дар таъмини ҳаддиаксари ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бидонад;
— таҳкими фарҳанги шоистасолорӣ ва қонунмадорӣ дар ҷомеа ва решакан кардани ҳарҷу марҷ ва фасодҳои идорӣ ва хешовандсолорӣ;
— худшиносӣ ва бозёбии шахсияти миллӣ;
— маҳви падидаи маҳалгароӣ, миллатгароӣ (дигарситезӣ) ва нажодпарастӣ ва эҷоди фарҳанги ҷомеаи шаҳрвандӣ;
— таваҷҷӯҳ ба омӯзишу парвариш ва барӯзрасонии барномаҳои он бар асоси меъёрҳои (стандартҳои) байналмилалӣ;
— таваҷҷӯҳ ба саломати мардум ва мутобиқсозии соҳаи хидматгузории тиббӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ;
— осебшиносии бахшҳои мухталифи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар ва пешниҳоди роҳи ҳал ба дастгоҳҳои иҷроӣ ва масъулини кишвар;
— муаррифии чеҳраи тоҷик, бо фарҳанг ва торихи ғании он ба ҷаҳониён;
— эҷоди фарҳанги арзишмеҳвар ва таҳаммулгаро ва ҷилавгирӣ аз ривоҷи тафаккуроти ифротгароёнаи динӣ ва дунявӣ;
— ҳимоят аз ҳуқуқи тоҷикон ва тоҷикистониён дар ҳар ҷое аз дунё.
Ва дигар аҳдоф, ки дар ойинномаи Анҷуман оварда шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба аҳдофи номбаршуда, “Анҷумани Озодандешони Тоҷик” анҷоми умури зеринро аз ҷумлаи вазоифи худ медонад:
— ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии миллӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати барқарории ҳуқуқи поймолшудаи шаҳрвандон ба хусус маҳбусони сиёсӣ ва хонаводаҳои онон;
— эҷоди муҳити солим ва рақобатпазир дар фазои иттилоотии кишвар;
— ҳамкорӣ бо созмонҳо, анҷуманҳо, аҳзоб ва ниҳодҳои илмӣ ва фарҳангӣ барои сохтани Тоҷикистони навин, демукротик ва пешрафта.
Ва дигар умур, ки тафсили онҳо дар ойинномаи ин Анҷуман зикр шудааст. “Анҷумани Озодандешони Тоҷик” аз ҳамаи нухбаҳои тоҷик барои ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ ҷиҳати пешрафти ҳамаҷонибаи кишвари азизамон даъват ба амал меоварад. Дарҳои ин Анҷуман барои ҳамаи азизоне, ки бо ҳадафҳои он ҳамоҳанг ҳастанд боз аст.
Лозим ба ёдоварист, то замони баргузории ҷаласаи калони таъсисии ин Анҷуман, масъулияти шарҳи аҳдофи Анҷуман ва ҷузъиёти фаъолиятҳояш дар мавқеи кунунӣ барои расонаҳо, бар дӯши сухангӯи Анҷуман мебошад. Нишонии сойти Анҷумани Озодандешони Тоҷик: https://ozodandishon.org/
Бо камоли эҳтиром,
Муассисони Анҷуман:
Алим Шерзамонов (масъули Риёсати Иҷроия ва сухангӯи Анҷуман)
Темур Варқӣ
Равшан Темуриён
Сайидюнус Истаравшанӣ
Ҳаким Раббимпур
Ва ҳамчунин:
Аюб Эгамов, узви Шӯрои Раҳбарии Анҷуман
12 феврали соли 2018
Виен, Утриш
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо